Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими оғози бунёди сарбанди нерўгоҳи барқи обии «Сангтўда-2»

28.11.2010 15:00, ноҳияи Данғара

Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони арҷманд!
Ҳозирини гиромӣ!

Имрўз, 28-уми ноябри соли 2010 дар таърихи давлатдории навини мо ҳамчун рўйдоди фараҳбахшу муҳим, яъне бастани маҷрои дарёи Вахш ва оғози бунёди сарбанди нерўгоҳи барқи обии «Сангтўда-2» сабт мегардад, ки бешубҳа идомаи мантиқии раванди созандагиву ободонии Ватани азизамон, инчунин гувоҳи равшани таҳкими суннатҳои дерини ҳамкорӣ ва дўстиву бародарии Тоҷикистону Эрон мебошад.

Ба ин муносибат ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон, шумо – ҳозирини мўҳтарам ва кулли онҳоеро, ки дар ин иншооти азим заҳмат мекашанд, аз ҷумла бародарони эрониамонро самимона табрик мегўям.

Бояд гуфт, ки муносибатҳои судманди кишварҳои мо дар риштаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ сол то сол қавитару мустаҳкам мегарданд. Бунёди ин иншооти ҳаётан муҳим гувоҳи он мебошад, ки баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанаш дар пешрафти иқтисоди миллӣ ва таъмини мардуми мо бо нерўи барқ нақши муассир хоҳад бозид.

Хурсандибахш аст, ки то имрўз дар иншооти асосиву ёрирасони нерўгоҳ аллакай 90 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, васлу насби таҷҳизоти гидромеханикӣ босуръат идома дорад.

ҳоло дар майдони сохтмони ин иншооти муҳим беш аз ҳазор нафар мутахассисони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла лоиҳакашону муҳандисон ва бинокорони ду кишвари бо ҳам дўст шабу рўз фаъолият доранд ва фидокорона заҳмат мекашанд.

Бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин иншооти стратегӣ фаъолона саҳм гузошта истодаанд, арзи сипос менамоям.

Бояд зикр кард, ки то мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин нерўгоҳ як қадами дигар мондааст ва дар сурати ба истифода додани он истеҳсоли солонаи барқро дар Тоҷикистон боз як миллиард киловатт-соат зиёд мегардонад ва барои таъмини кишвар дар давраи тирамоҳу зимистон нақши намоён мебозад.

Аз ибтидои сохтмони нерўгоҳ то ба имрўз бо сарфи беш аз як миллиард сомонӣ (баробар ба 225 миллион доллари амрикоӣ) сармояи муштарак аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҳукумати Тоҷикистон як силсила корҳои асосӣ ба анҷом расонида шуданд.

Аз ҷумла, корҳои бетонрезӣ, оҳану бетонӣ, озмоишиву лоиҳакашӣ, пармагариву корҳои таркишӣ, васлу насби дарвозаҳои вурудиву хуруҷӣ, ки барои бунёди сарбанд пешбинӣ шудаанд, анҷом ёфтанд ва як қисми дигари корҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Тавре ки ҳозирини мўҳтарам ва ҳамватанони азизи мо медонанд, дар баробари бунёди нерўгоҳҳои бузургу миёна ҳоло дар қаламрави кишвар садҳо нерўгоҳи иқтидорашон хурд низ сохта, ба истифода супорида шуданд, ки дар натиҷа таъмини аҳолӣ бо барқ рўз ба рўз беҳтар шуда истодааст.

Илова бар ин, таъмиру таҷдиди як қатор нерўгоҳҳои мавҷуда амалӣ шуда истодааст, ки ин ҳама метавонад боиси афзудани иқтидори онҳо ва афзоиши истеҳсоли нерўи барқ гардад.

Мувофиқи нақшаи қабулкардаи ҳукумат сохтмони боз даҳҳо нерўгоҳи хурду миёна пешбинӣ шудааст ва мо ният дорем, ки барои бунёд намудани онҳо аз маҳорату таҷриба ва иштироки фаъолонаи шумо-бунёдкорони нерўгоҳи «Сангтўда-2» ба таври васеъ истифода намоем.

Танқисиву азияте, ки чандин сол инҷониб мардуми Тоҷикистон аз норасоии барқ дар давраи тирамоҳу зимистон мекашанд, ҳар кадоми моро вазифадор месозад, ки барои ҳарчи зудтар бартараф кардани мушкилоти мавҷуда саъю талош намоем. Аз ҷониби дигар, торафт кам шудани захираҳои сўзишворӣ, болоравии арзиши нафту газ дар бозори ҷаҳонӣ ва афзоиши рўзафзуни талабот ба нерўи барқ, дар навбати аввал нерўи барқи обӣ моро водор менамояд, ки соҳаи энергетикаи обиро беш аз пеш рушду густариш бахшем.

Дар баробари ин, Тоҷикистон яке аз махзанҳои асосии пиряху обҳои соф буда, дар қаламрави он 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд ва дар баробари дигар халқҳои минтақа мо ҳам ҳуқуқи истифода аз ин сарвати табииро дорем.

Тибқи аслҳои устувор ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, ки дар садҳо асноди табиати байналхалқӣ дошта дарҷ шудааст ва аз амалияи дар ҷаҳони имрўза ҷойдошта низ возеҳ аст, сарватҳои табиии дар қаламрави ҳар кишвар мавҷудбуда, қабл аз ҳама, насиби ҳамон халқу миллат ва мардуми соҳибихтиёраш аст.

Бори дигар таъкид месозам, ки ин ҳаққи ҳалоли мардуми Тоҷикистон аст ва он ба муҳити зисти минтақа ва тавозуни захираҳои обӣ умуман таъсири манфӣ намерасонад, баръакс рушди соҳаи нерўи барқи обӣ ба пешрафти иқтисодиёти минтақа такони ҷиддӣ мебахшад. Илова бар ин, сохтмони нерўгоҳҳои барқи обӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ва ҳангоми норасоии шадиди об василаи беҳтарини танзими манобеи обу энергетика мебошад.

Нерўгоҳи барқи обии «Сангтўда-2» дар силсилаи нерўгоҳҳои дарёи Вахш иншооти панҷум буда, ба андешаи мутахассисон мавқеи ҷойгиршавии он аз нигоҳи техникиву лоиҳакашӣ ва иқтисодӣ бисёр муносиб интихоб гардидааст ва ҳамчун нерўгоҳи пойгоҳӣ, яъне аз ҳисоби захираи оби нерўгоҳҳои «Бойғозӣ» ва «Сангтўда-1» кор мекунад, ки ба кам шудани оби Амударё таъсир намерасонад.

Чунон ки ҳамаи шумо медонед, аз охири моҳи октябр дар қаламрави мамлакат дар як шабонарўз 10 соат барқ дода мешавад, яъне дар Тоҷикистон ҳанўз ҳам норасоии барқ вуҷуд дорад ва ин вазъ ҳамаи моро водор месозад, ки корро дар иншооти оғозкардаамон бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо вусъат бахшем ва тамоми чораҳоро андешем, ки мушкилоти танқисии барқро тадриҷан ҳал карда, қадам ба қадам ба таъмини яке аз ҳадафҳои стратегии давлати худ, яъне истиқлолияти энергетикии мамлакатамон наздик шавем.

Дар ин роҳ мардуми шарифи Тоҷикистон низ бояд фаъол ва саҳмгузор бошанд, истифодаи оқилона ва сарфакоронаи нерўи барқро таъмин намоянд, ки таъмини беҳтар бо нерўи барқ аз сарфаҷўӣ ва муносибати эҳтиёткорона ва истифодаи оқилонаи ҳар як киловатт-соат қувваи барқ ба ҳар як хонавода вобаста мебошад.
Мардуми мо, аллакай, манфиати сарфаҷўӣ ва гузариш ба лампаву таҷҳизоти каммасрафи барқиро дар рўзгори худ дида истодаанд.

Аз ин рў, зарур аст, ки ин кори неку савоб ба одати доимии ҳар як оила табдил ёбад.

Ман ба ҳар кадоми шумо-бинокорону мутахассисон ва муҳандисону лоиҳакашони мўҳтарам муроҷиат карда, хотиррасон месозам, ки мардум ба истифода супоридани нерўгоҳи барқи обии «Сангтўда-2»-ро бесаброна интизоранд. Шумо худатон аз мушкилоти кишвари мо хуб огоҳ ҳастед ва бинобар ин аз шумо хоҳиш менамоям, ки барои ҳарчи зудтар сохта, ба истифода супоридани ин нерўгоҳ тамоми қуввату имконият ва донишу таҷрибаатонро сафарбар намоед.

Умедворем, ки ин иншооти муҳим то ҷашни бузурги миллиамон - бистсолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон омодаи баҳрабардорӣ мегардад. Ин кори мардонаву фидокоронаи шумо ба ҷашни муқаддаси миллии мо тўҳфаи арзанда хоҳад шуд.

Барои амалӣ гардидани ин нияти нек ба ҳамаи шумо саломатӣ ва барори кор орзу менамоям.

Пирўзу сарбаланд бошед!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520