Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Владимир Путин

25.11.2010 17:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Владимир Путинро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Русия ва шахсан Раиси ҳукумати он Владимир Путин барои тадбирҳои анҷомёфта дар роҳи рушди ҳамшарикии стратегии ду кишвар изҳори сипос намуда, аз ҷумла таъкид дошт: «бо шарофати талошҳои Шумо муносибатҳои мо тавозуни бештар пайдо намуда, ба марҳилаи сифатан нав – марҳилаи татбиқи лоиҳаҳои бузургҳаҷм дар соҳаҳои гуногун ворид шуд. Чунин ҳамкорӣ назири дигар дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шўравӣ надорад».

Владимир Путин дар навбати худ изҳор дошт, ки Русия ва Тоҷикистонро риштаҳои устувори дўстию ҳамкорӣ ба ҳам мепайванданд. Ў ҳамчунин ба ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ ва ҳамгироиҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистону Русия, қабл аз ҳама дар соҳаи энергетика баҳои баланд дод.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон «сатҳи баланди боварӣ ва манфиатдории умумӣ дар таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ хислати хоси ҳамкории сиёсии Тоҷикистону Русия мебошад».

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Русия дар зарфи 7 соли охир 3 баробар афзоиш ёфтааст. Зикр гардид, ки агар ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни ду кишвар дар соли 2000 ҳамагӣ 360 миллион доллари амрикоиро ташкил дода бошад, пас дар соли 2008 ин нишондод то ба 1 миллиарду 100 миллион доллари амрикоӣ расид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия барои дастгирии тасмим оид ба ҷудо намудани маблағ аз Хазинаи зиддибўҳронии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баҳри дастгирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити бўҳрони ҷаҳонии молиявӣ арзи қадрдонӣ намуд.
Ба афзоиши воридоти сармоягузорӣ баҳои баланд дода шуд, зеро ба иттилои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, беш аз сеяки ҳаҷми умумии сармоягузории мустақим ба Тоҷикистон ба Федератсияи Русия рост меояд. ҳамчунин таъкид гардид, ки садҳо корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба сармоягузорӣ аз Русия ҳавасманд мебошанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз фаъол гаштани нерўгоҳи обии Сангтўда – 1 ва фаъолияти сохторҳои Газпром ва Росатоми Русия дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамчунин татбиқи амалии тавофуқоти дигари миёни ду кишварро, аз ҷумла доир ба бунёди се нерўгоҳи миёнаиқтидори барқии обӣ матлуб арзёбӣ намуд.

Ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноати сабук ва кўҳкорӣ, кишоварзӣ, маориф, фарҳанг ва илму техника низ баҳои мусбӣ дода шуд.

Гуфтугўйи судманд ҳамчунин доир ба ҳамгироии ду кишвар дар таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, мусоидат ба барқарорсозии иқтисодиёт ва ҳаёти осоиштаи Афғонистон, аз ҷумла дар чаҳорчўби Чоргонаи Душанбе, яъне давлатҳои Тоҷикистон, Русия ва Афғонистону Покистон сурат гирифт.

Таъкид гардид, ки таҳкими бештари мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва иштироки сармояи Русия дар татбиқи лоиҳаҳои минтақавии энергетикӣ ва нақлиётию коммуникатсионии Тоҷикистон ба ҳалли мушкилоти Афғонистон низ мусоидати фаъол мекунад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520