Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо Сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай

25.11.2010 13:00, шаҳри Душанбе

Роҳбарони мӯҳтарами ҳайатҳо,
Мӯҳтарам ҷаноби Дабири кулл,
Дӯстони азиз,

Аз ташрифатон ба сарзамини меҳмоннавози тоҷикон хеле хурсандам, ба Шумо кори муваффақонаю пурсамар орзу менамоям. қарорҳое, ки Шумо дар ҷараёни маҷлис қабул хоҳед кард, барои бештар гардонидани нерӯю имкониятҳои Созмони Ҳамкории Шанхай, вусъати ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарии давлатҳои аъзои Созмон аҳамияти калон хоҳанд дошт.

Созмони Ҳамкории Шанхай дар муддати кӯтоҳи фаъолияти худ ба омили муҳими сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфт. Дар мӯҳлати нисбатан кӯтоҳ заминаи зарурии қарордодию ҳуқуқӣ бунёд ва роҳу усулҳои самарабахши ҳамкорӣ муқаррар карда шуданд. Обрӯю эътибори байналмилалии Созмон торафт афзуда, ҳамзамон равобити берунии он густариш меёбад. Фаъолияти Созмон таваҷҷӯҳи теъдоди бештари мамлакатҳоро ба худ ҷалб менамояд. ҳамаи ин дастовардҳо натиҷаи фаъолияти муштараку муттасил ва самарабахши ҳамаи давлатҳои аъзо ва сохторҳои Созмон мебошад, ки заминаи онро иҷрои сареҳи вазифаю ӯҳдадориҳои дар ҳуҷҷатҳои низомномавӣ инъикосёфта ташкил медиҳад.

Тоҷикистон мисли пештара барои таҳкими ҳамкорӣ дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай дар ҳамаи соҳаҳо дар асоси принсипҳои эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ба назар гирифтани манфиатҳои мутақобала саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Дӯстони азиз, мо соли оянда 10 – солагии таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхайро таҷлил хоҳем кард. Дар ин замина роҳи тайкарда ва нақшаи стратегии рушди муштараки мамлакатҳои аъзои созмон дар даҳсолаи оянда таҳлил ва баррасӣ карда хоҳанд шуд.

Имрӯз мехостам баъзе нуқтаҳои асосиро таъкид намоям, ки ба ақидаи ман, дар солҳои наздик ба иҷрои онҳо баъзе бештар таваҷҷӯҳ зоҳир кард.

Ин, пеш аз ҳама, масъалаҳои тақвият ва таҳкими сулҳу амнияти минтақавӣ мебошад. Мубориза ба муқобили терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ дар ҳамаи шаклҳо ва зуҳуроти онҳо, инчунин мубориза алайҳи паҳн гардидани маводи нашъадор мисли пештара аз ҷумлаи самтҳои асосии ҳамкории мо хоҳанд буд. Мо аз фаъолияти амалии Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ умедҳои калон дорем, ки бояд дар мубориза ба муқобили «се зуҳуроти бадӣ» нақши муҳим бозад.

Мо ҷонибдори афзун гардонидани нерӯю имкониятҳои Созмон, тақвият додани фаъолияти иттилоотию таҳлилии Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ мебошем, ки ба афзун гардонидани сатҳи амалиёти муштараки мо равона карда шудааст. Ин дар шароити идома ёфтани таҳдидҳо ва зуҳуроти номатлуби замони ҳозира дар минтақаи СҲШ аҳамияти хеле калон дорад.

Ба ақидаи ман, давлатҳои аъзои Созмон бояд ҷидду ҷаҳдашонро дар бобати ба эътидол овардани вазъияти Афғонистон ва пеш аз ҳама мусоидат ба барқарор сохтани иқтисодиёти ин мамлакати ҷафокашида бештар созанд.

Тавре ки маълум аст, ба қарибӣ дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои НАТО дар Лиссабон дар бораи дар давоми солҳои наздик аз Афғонистон баровардани қувваҳои эътилофии байналмилалӣ қарор қабул карда шуд. Баъд аз ин масъулияти таъмини амнияти дохилии Афғонистон пурра ба зиммаи ҳукумати ин мамлакат гузошта мешавад. Бо назардошти ҳамин, мо бояд дар муддати кӯтоҳ барои мустаҳкам намудани амнияти сарҳадҳои умумиамон бо Афғонистон ва расонидани кӯмаки ҳамаҷониба ба ҳукумати ин мамлакат тадбирҳои муштарак андешем. Мо барои ин тамоми захираю имкониятҳои заруриро дорем. Расонидани кӯмак ба Афғонистони бо мо дӯст барои ба мамлакати ободу осуда табдил ёфтани он ба манфиати худи мо мебошад.

Мо бояд давлатҳои нозири СҲШ – ро бештару ҷасуронатар ба ҳамкорӣ бо Афғонистон ҷалб намоем. Ин мамлакатҳо дар амалӣ сохтани нақшаю барномаҳои гуногуни дорои аҳамияти минтақавӣ саҳми бештар гузошта метавонанд. Шубҳае нест, ки ин нерӯю имкониятҳои СҲШ – ро боз ҳам бештар ва афзунтар хоҳад гардонд.

Созмони ҳамкории Шанхай роҳи вусъат додани ҳамкории ҳамаҷонибаи байналмилалиро пеш гирифтааст ва бояд чунин ҳамкориро бештар вусъат диҳад. Тоҷикистон вусъати равобити байналмилалии СҲШ – ро маъқул дониста, имзои меморандумҳои ҳусни тафоҳуми онро бо Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзия, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Муассисаи рушди СММ, Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои мамлакатҳои Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором, ҷомеаи иқтисодии мамлакатҳои Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором ва созмонҳои дигари байналхалқӣ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад.

Ин боз як шаҳодати рушди муттасили фаъолияти СҲШ дар ҷараёни амалӣ сохтани ҳадафу вазифаҳои дар ҳуҷҷати хотимавии он муқарраршуда мебошад.

Мо яке аз ҳадафҳои асосии Созмони ҳамкории Шанхайро дар мусоидати он ба рушди устувори иқтисодӣ ва бемайлон беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум мебинем. СҲШ дар ин самт як силсила имтиёзҳо дорад.

Фазои доманадори иқтисодӣ, захираҳои фаровони табиӣ, қувваи зиёди корӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ, сатҳи баланди маърифатӣ ва илмию техникии аҳолӣ - ҳамаи инро барои амалӣ сохтани ҳадафҳои зикршуда пурра истифода бурдан зарур аст.

Рушди мутавозин ва тадриҷан баробар кардани суръати тараққиёти иқтисодии ҳамаи мамлакатҳои аъзо, мусоидат ба пешрафти мамлакатҳои рӯ ба инкишофи минтақа ҷавобгӯи манфиатҳои умумии мо мебошад. Инчунин, тезонидани суръати ташкили Фонди рушди СҲШ ба амалӣ сохтани ҳадафҳои зикршуда мусоидат хоҳад кард.

Мо ҳамчунин аз беҳтар гардонидани фаъолияти ҷомеаи байнибонкӣ ва Шӯрои тиҷоратии СҲШ умедҳои калон дорем, ки бояд ба сармоягузорӣ ва иҷрои барномаҳои аз нуқтаи назари тиҷоратию иқтисодӣ дорои аҳамияти калон, инчунин барои мусоидат ба муқаррар намудани равобити мустақими доираҳои тиҷоратии мамлакатҳоямон равона карда шаванд.

Бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ равшан нишон дод, ки таҳдидҳо ва зуҳуроти номатлуби замони ҳозираро ягон давлат мустақилона ё танҳо дар заминаи ҳамкории дуҷониба бартараф кардан ниҳоят душвор аст.

Дар ин робита, ба ақидаи мо, солҳои наздик бояд ҷидду ҷаҳди умумӣ ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, алоқа, муҳайё сохтани шароит барои тиҷорат ва сармоягузории мутақобала равона карда шавад.

Сохтмони иншооти нави энергетикӣ, пеш аз ҳама иншооте, ки қувваи барқи арзону аз ҷиҳати экологӣ безарар истеҳсол мекунанд, мавриди истифода қарор додани манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ки ҳадафи онҳо на танҳо қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти худ, балки вусъат додани имкониятҳои содиротии мамлакатҳои аъзо мебошад, ба пешрафти иқтисодии минтақа такони бузург хоҳад бахшид.

Дар ин соҳа захираю имкониятҳои калони истифоданашуда хеле зиёданд, бинобар ин, кӯшишҳои минбаъдаи мо бояд хусусияти мақсадноку мушаххас дошта бошанд.

Мо дар бобати вусъат бахшидани имкониятҳои транзитию нақлиётии СҲШ ба дастовардҳои калон ноил гардидем. Сохтмон ва тармими роҳҳои мошингард, пулҳо ва туннелҳо, омӯхтани имкониятҳои сохтмони шабакаҳои нави роҳҳои оҳан давлатҳои моро ба ҳамдигар наздик сохта, барои барқарор кардани Шоҳроҳи бузурги абрешим имкониятҳои калон ба вуҷуд меоранд. Тоҷикистон барои амалӣ сохтани ин мақсадҳо саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Дар баробари ин аз имкониятҳои мавҷудаи роҳҳои нақлиётии имрӯза самарабахш истифода бурда, ҳамлу нақли молро ба воситаи нақлиёти автомобил ва роҳи оҳан то ҳадди имкон осонтар сохтан лозим аст. Мутаассифона, мо бисёр вақт шоҳиди акси ҳол мегардем. Аз ин вазъият иқтисодиёт, соҳаҳои иҷтимоӣ ва муҳимтар аз ҳама, аҳолӣ зарари калон мебинад. Умуман назорати иҷрои «Нақшаи тадбирҳо барои иҷрои Барномаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоратию иқтисодии давлатҳои аъзои СҳШ» - ро тақвият бахшида, дар мавриди зарурат онро такмил додан лозим аст.

Ин нақша бояд оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодиро ба инобат гирифта, ба ҳамкории амалӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, мусоидат ба вусъати равобити ҳамкорӣ ва рушди муштарак равона карда шавад. Ин барои ҳамаи мамлакатҳои аъзои Созмон аҳамияти калон дорад. Масалан, ҳамаи давлатҳои аъзои СҲШ шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон мебошанд. Саҳми умумии онҳо дар гардиши тиҷорати берунӣ тақрибан 60 фоизро ташкил медиҳад.

Мо ҳамчунин бояд ба вусъати ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ дар доираи Созмон ҳамаҷониба мусоидат кунем.

Мо ҳамаи иқдомоти дар ин самт пешбинишавандаро дастгирӣ намуда, густариш додани фаъолияти муштаракро ҷонибдорӣ менамоем, ки ҳадафи он ғанӣ гардонидани маънавию фарҳангии ҷонибҳо буда, мамлакатҳоямонро ба ҳамдигар наздик сохта, дӯстии халқҳо ва «руҳияи Шанхай» - ро мустаҳкамтар месозад.

ҳамин тариқ, дар назди мо вазифаҳои бузург қарор доранд. Бовар дорам, мо бо ҷидду ҷаҳд ва кӯшишҳои муштаракамон нақшаҳои ҳамкориро, ки Созмони ҳамкории Шанхай муқаррар намудааст, бо муваффақият амалӣ хоҳем кард.

Ба иштироки Шумо дар маҷлиси сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои СҲШ барору комёбӣ орзу намуда, умедворам, ки аз мусофират ба сарзамини қадимаи мо таассуроти нек ҳосил хоҳед кард.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520