Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳороти матбуотӣ пас аз имзои санадҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон

25.10.2010 19:00, Афғонистон

Ҷалолатмаоб,
Намояндагони мўҳтарами расонаҳои хабарӣ,
Дўстон,

Сафари расмии кунунии мо баъди зиёда аз 5 соли сафари қаблии расмӣ ҷараён мегирад. Вале муколамаи сатҳи олӣ ва равобити сиёсии ду давлати дўст дар асосҳои дуҷонибаю чандҷониба хислати мунтазам ва созанда касб намудаанд.

Мо имкони мусоид доштем, то дар фурсатҳои муносиб маҷмўи масоили гуногунарсаи дуҷониба, ҳамкории минтақавӣ ва таҳаввулоти ҷаҳониро муфассалан баррасӣ намоем ва санадҳои муҳими дуҷонибаро ба имзо расонем.

Имрўз мавзўи марказии мулоқоти хосса бо ҷалолатмаоб Раисҷумҳур Ҳомид Карзай ва музокироти ҳайатҳои расмӣ густариши пайгири ҳамкории ҳамаҷонибаи ду кишвар буд.

Тоҷикистон ҳамеша ва, алалхусус, солҳои муқовимат низ талош дошт ва имрўз низ дорад, ки нақши дўсти воқеии Афғонистони бародарро ба наҳви аҳсан ба ҷо биёрад, чун амният ва суботи Шумову мо мафҳумҳои тавъам ва ҷудонашавандаанд. ҳоло бошад, мо саъй дорем, ки дар татбиқи нақшаҳои бозсозӣ ва эҳёи Афғонистон, ки мўҷиби таҳкими субот ва беҳбудии зиндагии мардум хоҳад буд, саҳм бигирем.

Имрўз ҳамкориҳои мо дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, бунёди иншооти зербиноӣ ва инфрасохторӣ, роҳҳову хатҳои барқ, омодасозии кадрҳо дар заминаҳои мухталиф, маориф, беҳдошт ва шохаҳои дигар назаррасанд.

Бо бунёди панҷ пул аз болои дарёҳои Омуву Панҷ, ба шумули пули бузурги «Дўстӣ», рафтуои чандин даҳсолаҳо бо эътибороти сиёсии дигарон қатъ гаштаи мо рўҳи тоза гирифт ва боиси эҳёи на танҳо ормонҳо, балки равобити ҳаётӣ ва воқеии бародарона гашт.

Садҳо нафар коршиносон ва мутахассисини бахшҳои мухталифи Афғонистон дар Тоҷикистон бозомўзӣ ва такмили ихтисос намуданд, як теъдоди бузурги табибони мо имрўз дар кишвари дўст машғули адои қарзу фарзи инсонии худ ҳастанд. Акнун дар маркази таваҷҷўҳи ду ҷониб тавсеа ва густариши ин пружаҳои ҳамкорӣ, дарёфти василаҳои нави муассири ба иҷро расонидани онҳост.

Дар ин росто ба татбиқи барномаҳои таърихӣ ва бунёдии ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ - хаттҳои бузурги интиқоли барқи Сангтўда - Қундуз - Пулихумрӣ ва марзи Тоҷикистон - Пулихумрӣ - Кобул - Исломобод (CASA - 1000), роҳҳои оҳани Тоҷикистон - Афғонистон - Эрон ва кишварҳои дигари минтақа таваҷҷўҳи хос зоҳир гардид. ҳар ду ҷониб бар онанд, ки татбиқи онҳо ба нафъи амният, субот ва пешрафти Афғонистон ва минтақаи мост.

Раисҷумҳури мўҳтарам ва инҷониб зарурати густариши ҳамкории минтақавӣ ва нақши фаъоли Афғонистонро дар созмонҳои минтақавӣ, бахусус дар Созмони ҳамкории Шанхай, таъкид намудем.

Давлати Тоҷикистон ҷонибдори такмил ва тақвияти стратегияи байналмилалии мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва таҳдидоту хатароти дигари ҷаҳонӣ, суботи бештари низоми одилонаи байналмилалӣ мебошад.

Дар ин росто мо ҳамкории наздик ва доимии сохторҳои амниятӣ, сарҳадӣ ва низомии ду кишварро амри зарурӣ медонем. Тақвияти марзи муштараки мо ба тўли тақрибан 1400 км ҳамчун марзи дўстиву ҳамкорӣ ба амният ва субот ҳам кишвари Шумо ва ҳам кишвари мо аҳамияти ҳаётӣ дорад.

Аз ин рў муборизаи муштараки мо алайҳи тавлид ва қочоқи маводи мухаддир, ки барои дигарон намуна шуда метавонад, бояд, сарфи назар аз натиҷаҳои бисёр мусбиаш, таҳкиму тақвияти бештар пайдо кунад.

Ин мушкил фақат мушкили Афғонистону Тоҷикистон нест ва бинобар ин проблемаи зикршудаи глобалӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷавоби дастаҷамъонае мехоҳад, ки на танҳо мушкилоти тавлиди ин «вабои аср», балки масоили ворид намудани прекурсорҳоро, ки моли Афғонистон нест ва аз хориҷ меояд, бояд дарбар гирад.

Мо дар ин марҳалаи ҳассоси таърихӣ бар онем, ки иттиҳоди қавии нерўҳои ватандўст ва ҷонибдори низоми сиёсӣ дар таъмини муваффақонаи раванди таъмини сулҳи пойдор дар кишвари бародари мо тақозои замон аст. Чун яқин аст, ки ҳалли қазияи Афғонистон роҳи сирф низомӣ надорад, мо ҷонибдори роҳи пешгирифтаи Давлати Афғонистон ҳастем ва ба он комёбӣ мехоҳем.

Таъкидан зикр карданиам, ки тамоми мулоқоту музокирот дар фазои самимият, ҳусни ният ва эътимоди баланд ҷараён гирифтанд.

Мо аз натиҷаҳои мулоқоту музокирот қаноатмандем ва ин сафарро оғози марҳалаи нави муносибатҳои дўстонаи ду давлат арзёбӣ менамоем.

Ман аз меҳмоннавозии бародаронаи ҷалолатмаоб Раисҷумҳур ибрози сипос намуда, хостори тақвияти ваҳдату ягонагии мардуми ба мо дўст, таҳкими сулҳу субот дар кишвари бародар ҳастам ва аз мизбони азизи худ самимона даъват менамоям, ки аз Тоҷикистон боздиди расмӣ намоянд ва меҳмони азизи мо бошанд.

Аз ҳусни таваҷҷўҳи Шумо сипосгузорам.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520