Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ Аҳмад Абулғайт

16.10.2017 11:48, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Кохи Сомон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ Аҳмад Абулғайтро ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз раванди густариши муносибатҳои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи давлатҳои араб изҳори қаноатмандӣ карданд.

Таъкид шуд, ки сафари нахустини Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои араб ба Тоҷикистон сароғози сатҳи нави ҳамкории байни Тоҷикистон ва Иттиҳодияи давлатҳои араб мегардад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаи таҳкими муколамаи сиёсӣ ва тавсеаи равобит дар арсаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, фарҳанг, инчунин дигар самтҳои ҳамкории барои ҷонибҳо судманд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520