Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат, рушд ва банақшагирӣ ва Вазири давлатӣ оид ба масъалаҳои иқтисодии Давлати Кувайт Ҳинд Ас-Сабиҳ

16.10.2017 15:42, шаҳри Душанбе

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Вазири ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат, рушд ва банақшагирӣ ва Вазири давлатӣ оид ба масъалаҳои иқтисодии Давлати Кувайт Ҳинд Ас-Сабиҳро ба ҳузур пазируфтанд.

Сарвари давлат равобити неки Тоҷикистон ва Кувайтро нишони таваҷҷуҳи хоссаи сарони ду кишвари дӯст арзёбӣ карда, изҳори умедворӣ намуданд, ки муносибатҳои байнидавлатӣ дар оянда низ дар асоси манфиатҳои дуҷониба рушду тавсеаи бештар меёбанд.

Таъкид гардид, ки барои ба сатҳи баланд расонидани ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Кувейт дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузории лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ, технология, гидроэнергетика, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсоли металлҳои ранга, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, тавлиди молҳои саноатии мавриди ниёзи мардум ва сайёҳӣ имконият ва шароитҳои созгор муҳайё мебошанд.

Табодули мунтазами боздидҳо ва тамосҳои доимӣ дар сатҳи баланду олӣ омили муҳими таҳкимбахши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Кувайт арзёбӣ гардид.

Мусоҳибон ҳамчунин доир ба масоили таъмини амнияту бехатарӣ дар минтақа, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва ба ин васила таъмини ҳаёти осоиштаи мардумони сайёра табодули афкор намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520