Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ба муносибати 25 – умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ

19.11.2017 11:52, шаҳри Хуҷанд

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз аз баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ, ки дар таърихи навини Тоҷикистон гардиши куллӣ ба хотири наҷоти миллат ва давлат буда, роҳи минбаъдаи пешрафти давлат ва халқи Тоҷикистонро муайян кард, расо бисту панҷ сол сипарӣ мегардад.

Маҳз ба ҳамин хотир, ҳар як фарди бонангу номус, ки истиқлолият ва озодӣ барояш муқаддасу гиромист, ин санаи фархундаро ҷашни бузургу муборак медонад.

Бинобар ин, биступанҷумин солгарди ин иҷлосияи таърихиро ба тамоми мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистони азизамон, ки дар роҳи ҳифзи давлатдории миллӣ, барқарорсозии сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бузург гузоштаанд, самимона табрик мегӯям.

Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ бо дарназардошти ҳадафҳои олии давлати соҳибистиқлоламон дар давраи басо душвори сиёсиву низомӣ бо мақсади таъмини ҳарчи зудтари сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, аз хатари нобудӣ эмин нигоҳ доштани давлат ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллат, ҳифзи якпорчагии давлати мустақили тоҷикон, муҳайё намудани шароит барои барқарор намудани иқтисодиёти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобгашта ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон даъват шуда буд.

Роҷеъ ба мақом ва аҳаммияти таърихии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ман борҳо изҳори назар намуда, аз ҷумла таъкид карда будам, ки маҳз ҳамин иҷлосия боис гардид, ки як силсила масъалаҳои ҳаётие, ки бидуни ҳалли онҳо ҳифз ва ташаккули давлатдории миллии тоҷикон имкон надошт, ҳалли ниҳоии худро пайдо намоянд.

Иҷлосия дар давраи мураккабтарини авзои сиёсиву иҷтимоии мамлакат: беҳокимиятӣ, сохторҳои фалаҷшудаи идоракунии давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, поймол шудани Конститутсия, набудани кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла кафолати зиндагӣ ба ҳаёт, маҷбуран тарк кардани манзилу макони зист ва гуреза шудани миллионҳо нафар ҳамватанони мо баргузор гардид.

Баъзе доираҳои манфиатдори дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла роҳбарони собиқ Ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ва хоҷагону маблағгузорони онҳо, ки ташаббускори ин ҷанги бародаркуш буданд, барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ, яъне ба сари мардуми мо таҳмил намудани мазҳаби бегона ва бунёди давлати исломӣ ба оташ равған мерехтанд.

Андешаву мафкураи халқ амалан ду тақсим шуда буд ва ҷавонони бетаҷрибаву гирифтори эҳсосот бо дастури хоҷагони дохиливу хориҷии хеш ба майдонҳо баромада, вазъиятро боз ҳам мураккаб месохтанд.

Яъне дар кишвар ба ҷои қонун беқонунӣ, ба ҷои низому тартибот беназмиву бесарусомонӣ ҳукмрон буд.

Дар як муддати начандон тӯлонӣ аз муовинони Сарвазир, аъзои Ҳукумат, вакилони халқ ва зиёиёни маъруф сар карда, даҳҳо ҳазор нафар мардуми бегуноҳ ба қатл расиданд.

Тамоми шохаҳои ҳокимият - аз мақомоти марказӣ то зинаҳои маҳаллӣ аз фаъолият бозмонда, бисёре аз роҳбарони онвақта дар чунин шароити ҳассос иродаи сиёсӣ, дурандешӣ, сабру таҳаммул ва азму ҷасорати раҳнамоӣ кардани мардумро аз даст дода буданд.

Як қисми зиёиён ва нерӯҳои солимфикри ҷомеа мавқеи шаҳрвандии худро муайян карда натавонистанд ва аз уҳдаи иҷрои қарзи шаҳрвандии худ дар назди ҷомеа, бахусус, дар назди ҷавонони бетаҷриба набаромаданд.

Дар натиҷа эътиқоду эътимоди мардум ба роҳбарияти сиёсӣ ва Ҳукумат шадидан коҳиш ёфт, зеро мамлакат дар чунин вазъи мураккаби сиёсиву ҷамъиятӣ амалан бе роҳбару роҳнамо монда буд.

Дар як сол ду Президент ва панҷ Ҳукумат маҷбурӣ ба истеъфо рафтанд, ки ин нишонаи олии беқонуниву беназмӣ буд.

Ҳамаи шумо огоҳ ҳастед, ки ин ҷанги таҳмилӣ чӣ оқибат дошт: зиёда аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд, беш аз як миллион нафар гуреза шуданд, 55 ҳазор кӯдак ятим ва 25 ҳазор нафар занону модарон бефарзанду бесаробон монда, дар маҷмӯъ, ба иқтисодиёти мамлакат беш аз 10 миллиард доллар зарар расид.

Бар замми ин, ҳазорон хонаҳои истиқоматӣ вайрон гардиданд, мактабу шифохонаҳо сӯхтанд ва роҳу пулҳои зиёд харобу валангор шуданд.

Зиёни моддиро ҳисобу китоб кардан мумкин аст, вале хисороти маънавие, ки мардум, махсусан, ҷавонону наврасону кӯдакон аз сар гузаронданд, аз андозаи ақли одамӣ берун мебошад.

Бо дарназардошти чунин вазъи фоҷиабор ва ба хотири наҷоти давлату миллат як гурӯҳ вакилони мардумӣ ва намояндагони қувваҳои огоҳи ҷомеа, ки хатари аз байн рафтани давлат ва пароканда гардидани миллатамонро дарк карда буданд, масъалаи ҳарчи зудтар даъват намудани иҷлосияи навбатии Шӯрои Олиро ба миён гузоштанд.

Воқеан, дар он вазъияти мураккабу хавфнок ягона роҳи баровардани кишвар аз гирдоби ҷанги дохилӣ ва пешгирии хунрезӣ таъҷилан даъват намудани Иҷлосияи Шӯрои Олӣ буд.

Зеро дар он айём Шӯрои Олӣ ягона мақоми сиёсии босалоҳият ва дорои ваколати конститутсионӣ ба ҳисоб мерафт.

Бинобар он, ки дар шаҳри Душанбе - пойтахти кишвар таъмини амнияти доир намудани Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ғайриимкон буд, ин чорабинии муҳим дар шаҳри бостонии Хуҷанд, ки минтақаи нисбатан ороми кишвар ба ҳисоб мерафт, даъват гардид ва дар ҳамин ҷо аввалин иқдомот доир ба барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ оғоз шуданд.

Оғози кори иҷлосия ибтидои умеду дилпурии мардуми Тоҷикистон  аз фаъолияти ҷасуронаву ватанпарастонаи вакилони интихобкардаи худ буд, ки масъулияти вазнини баргузории онро ба уҳда гирифта буданд.

Гузашти вақт собит намуд, ки вакилони Шӯрои Олӣ дар ин иҷлосияи таърихиву тақдирсоз зарурат ва аҳаммияти нигоҳдории якпорчагии давлат ва ягонагии миллати тоҷикро ҷиддан дарк мекарданд.

Мардуми Тоҷикистон низ аз онҳо ҷиҳати аз буҳрони шадиди сиёсиву иҷтимоӣ баровардани мамлакат иродаи мустаҳками сиёсӣ, заковат ва ғайрату матонатро интизор буданд.

Вакилони халқ бо қабули қарорҳои воқеан ҳаётӣ собит намуданд, ки онҳо ҷонибдори истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, якпорчагии Тоҷикистон ва ободиву рушди ояндаи он мебошанд.

Ҳангоми интихоб шудан ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлати Тоҷикистон дар он лаҳзаҳои бисёр хатарнок хуб эҳсос ва дарк мекардам, ки масъулияти басо вазнин, вале таърихӣ - гирифтани пеши роҳи хунрезӣ, қатъи ҷанг, таъмин намудани сарҷамъии миллат, яъне пешгирӣ кардани хавфи аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест гардидани давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва пароканда шудани миллати тоҷикро ба дӯш мегирам.

Мардуми Тоҷикистон низ аз роҳбарияти нав интихоб ва таъиншудаи давлат ва Ҳукумат ба ҳамин савол ҷавоб гирифтан мехостанд.

Ба ҳайси Сарвари давлат ман бояд аз лаҳзаҳои аввал мавқеи худро оид ба моҳият ва сохти давлатдории Тоҷикистон эълон медоштам, зеро итминони комил доштам, ки фаъолияти минбаъдаам аз ин масъала вобастагии зиёд дорад.

Расо бисту панҷ сол қабл дар ҳамин рӯз, яъне 19-уми ноябри соли 1992 дар ҳамин толор ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлат роҳи минбаъда ва сохти давлатдории ояндаи Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълон кардам, ки минбаъд роҳи саодати миллати тоҷик ва ободии Тоҷикистон гардид.

Дар муроҷиатномаи худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 иброз дошта будам, ки «тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам.

Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…».

Ва ифтихор дорам, ки бо гузашти бисту панҷ сол ба ин ҳадафҳои неки худ расидем ва имрӯз миллат сарҷамъу дар фикри ободии Ватан аст.

Бояд гуфт, ки Иҷлосияи XVI як қатор шахсонеро ба майдони давлатдорӣ овард, ки нисбатан ҷавон ва ҷонибдори ғояҳои нав буда, минбаъд дар ҷараёни кор баробари давлати тозаистиқлол обутоб ёфтанд ва аз мактаби бузурги сиёсӣ гузашта, ба камолот расиданд.

Вале қадамҳои аввал ниҳоят душвор буданд, мушкилоту монеаҳо ҳар рӯзу соат ва ҳар сари қадам чун кӯҳи гарон эҳсос мешуданд.

Илова бар ин, дар он рӯзҳои мушкил, ки дарди мардум ба зудӣ даво меҷуст, хазинаи давлат тамоман холӣ буд.

Дар он айём роҳбароне низ буданд, ки ба хотири манфиати худ нақшаи ба давлатҳои дигар фурӯхтани охирин имкониятҳои иқтисодии кишвар - аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии «Норак» ва корхонаи алюминийро кашида буданд.

Дар чунин шароити ниҳоят печидаву мушкил Иҷлосияи XVI-ум баробари ба таври қатъӣ эълон кардани волоияти қонун, тартибу низоми ҷамъиятӣ ва пешгирӣ кардани кӯшишҳои харобгаронаву ҷудоихоҳонаи қувваҳои муайяни дохиливу хориҷӣ дар ҳаёти мардуми кишвар таҳаввулоти амиқ ва дигаргуниҳои бунёдии сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиро ворид намуд.

Аз рӯзҳои аввал аксари вакилони парламент, роҳбарони ба вазифаҳо интихоб ва таъиншуда бо садоқат ба миллат ва давлати худ дар паҳлӯи ман истода, дар бунёди давлати миллӣ саҳми арзишманд гузоштанд, ки ба ҳамаи онҳо барои хизмати содиқонаашон аз номи худ ва мардуми Тоҷикистон миннатдорӣ баён менамоям.

Ҳамаи шумо хуб дар ёд доред, ки иҷлосия кори худро маҳз аз қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи афви умумӣ» ва «Дар бораи гурезаҳо» шурӯъ кард.

Баробари интихоб шудан ба вазифаи пурмасъулияти Раиси Шӯрои Олӣ дар ҳузури вакилони иҷлосия ва дар назди халқи шарифи Тоҷикистон савганд ёд карда будам, ки «агар лозим шавад, ба ивази ҷони худ сулҳу ваҳдатро ба Тоҷикистони азиз бозмегардонам ва то даме, ки як гурезаи тоҷик дар хориҷи кишвар умр ба сар мебарад, ман ором буда наметавонам».

Бо итминони комил ба сулҳи наздику фарогир дар иҷлосия пешниҳод намудам, ки рӯзи 26 ноябри соли 1992 Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии мардуми Тоҷикистон эълон шавад ва чунин қарор аз тарафи вакилони иҷлосия низ қабул шуд.

Вале баъдан маълум гардид, ки тарроҳони хориҷӣ ва дохилии ин ҷанг, аз ҷумла роҳбарону фаъолони собиқ Ҳизби наҳзат, ки умуман, ҳисси миллӣ надоштанд ва ба хотири нафси бади худ имонашонро фурӯхта буданд, аз ниятҳои шуми хеш ба осонӣ даст намекашанд.

Ин буд, ки баъд аз иҷлосия низ солҳои тӯлонӣ барои барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ сарф шуданд.

Музокироти сулҳи тоҷикон ҳудуди 4 сол тӯл кашида, дар 9 даври гуфтушунидҳои тӯлонӣ 40 санаду созишнома ба имзо расонида шуд.

Ва хулосаи мантиқии ин музокирот имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 буд, ки имсол мо бистсолагии онро ҷашн гирифтем.

Баъди иҷлосия раванди ба Ватан баргардонидани гурезаҳо оғоз шуд ва то соли 2000-ум беш аз як миллион нафар ҳамватанони мо ба ҷойҳои зисти доимиашон баргаштанд.

Аз кишварҳои хориҷӣ баргардонидани гурезаҳо яке аз ҳассостарин лаҳзаҳои раванди сулҳи тоҷикон ва аз ҷумлаи нодиртарин амалҳое буд, ки дар таърихи халқи тоҷик анҷом дода шуд.

Дар ҷараёни кори иҷлосия мо ба ҳамаи давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ эълон намудем, ки Тоҷикистон ҷонибдори бо ҳамаи кишварҳои олам ба роҳ мондани муносибатҳои судманд дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ҷонибдори таъмини ҳаёти орому осуда ва шоистаи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.

Сиёсати сулҳ ва «дарҳои кушода» ҳамчун ҷавҳари сиёсати хориҷии Тоҷикистон аввалин бор дар ҳамин иҷлосия эълон шуда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пуштибонӣ ёфт.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таваҷҷуҳ ба кори Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ ҳамфикриву ҷонибдориашро аз қарорҳои қабулшуда ва азму иродаи роҳбарияти нави давлати Тоҷикистон дар хусуси барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва эъмори давлати демократӣ, хуқуқбунёд ва дунявӣ баён намуд.

Андешаи бунёди чунин давлат, ки бори аввал дар Иҷлосияи шонздаҳум садо дод, минбаъд асоси сиёсати дохилӣ ва хориҷии мо, самт ва раҳнамои фаъолияти давлат ва мақомоти он, хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандони мамлакат гардида, дурустии худро дар ҳаёт собит кард.

Гузашти вақт собит намуд, ки азму иродаи мо доир ба эъмори давлати муосири демократӣ ба кишварҳои пешрафтаи олам эътимод бахшид ва имрӯз қариб тамоми давлатҳои олам бо Тоҷикистон робитаҳои дӯстона барпо карда, иқдому ташаббусҳои созандаи моро ҷиҳати ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла масоили вобаста ба об пуштибонӣ менамоянд.

Дар баробари ин, иҷлосияи шонздаҳум барои эҳё ва барқарор гардидани аркони давлатдории миллӣ ва ниҳодҳои асосии он заминаи мусоид фароҳам овард.

Агар он рӯзҳоро ба ёд орем, вазъ то ҳадде мураккаб гардида буд, ки аксари сокинон ба ояндаи кишвар бовар надоштанд ва ҳатто барои фаъолият дар мансабҳои баланди давлатӣ розӣ намешуданд.

Тавре борҳо изҳор намудам, ҳатто нақшаи ба чанд қисмат тақсим намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа тарҳрезӣ шуда, баъзе нерӯҳои дохилӣ омодаи амалӣ намудани ниятҳои хоҷагони худ буданд.

Иҷлосияи шонздаҳум ба ин масъала низ нуқтаи ниҳоӣ гузошт ва Тоҷикистон ҳамчун давлати ягона ҳифз карда шуд.

 Баъдан, Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои сохтори мукаммали идоракунии давлатӣ, Ҳукумати фаъол, мақомоти олии қонунгузор ва намояндагӣ, Артиши миллӣ, ҳокимияти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, рамзҳои давлатӣ, яъне Нишону Парчам ва дигар рукнҳои зарурии давлатдорӣ гардид.

Дӯстони азиз!

Ҳамдигарфаҳмии аксарияти вакилони иҷлосия, муттаҳид будани онҳо дар самти дарку эҳсоси масъалаҳои муҳимму тақдирсози мамлакат, ҳисси баланди масъу¬лиятшиносии онҳо дар ҳалли мушкилоти гузошташуда боиси минбаъд таъмин гардидани заминаи ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеа гардид.

Дар лаҳзаҳои тақдирсози ҳаёти давлат ва халқи Тоҷикистон ба ҳам омадани фарзандони баномуси миллат, муттаҳидӣ дар атрофи Роҳбари давлат, натарсидан аз душвориву хатарҳои мавҷуда, эътимод ба ояндаи неки давлат ва халқи худ имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба як давлати ободу зебо ва рӯ ба ин¬кишоф мубаддал гардонид.

Бинобар ин, бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам ба ҳамаи вакилони халқ барои хизмати бузургашон дар баргузории иҷлосия ва сокинони шаҳри бостонии Хуҷанд ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид ба ширкаткунандагони чорабинии таърихӣ миннатдории самимӣ баён намоям.

Аз рӯзҳои аввали кори иҷлосия ва таъсиси Ҳукумати нав тамоми марому мақсади мо аз суботи устувори сиёсиву иҷтимоӣ ва тартибу низоми ҷамъиятӣ сар карда, то ободониву созандагии сарзамини аҷдодӣ ва рушду инкишофи ҷомеа сафарбар гардида буд.

Маҳз бо дастгирии мардуми кишвар ва ваҳдату сарҷамъии миллат минбаъд ба мо муяссар гашт, ки таҳкурсии ободиву пешрафти минбаъдаи кишварро гузорем.

Манзури ман, дар навбати аввал, таҷдиду тармим ва бунёди роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, нақбу пулҳои замонавӣ, нерӯгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли барқ ва амсоли инҳо мебошад.

Вақте ки ин иншоотҳои ҳаётан муҳим сохта мешуданд, мо илова ба барномаҳои иқтисодӣ ҳадафи ҷиддитареро дар назар доштем, ки тавассути бунёду таҷдиди роҳҳо қаламрави иборат аз се қисмати Ватанамонро ба кишвари воҳид табдил диҳем.

Баъдан, ба Ҳукумати мамлакат муяссар гардид, ки шабакаи ягонаи энергетикии кишварро низ ба вуҷуд орад, ки он на танҳо омили баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум, балки яке аз василаҳои таъмини амнияти миллӣ низ мебошад.

Илова бар ин, тавассути татбиқи сиёсати иҷтимоие, ки дар Иҷлосияи XVI-ум пеш гирифта шуд, дар мамлакат заминаҳои воқеие ба вуҷуд оварда шуданд, ки тадриҷан боиси пешрафту таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ гардиданд.

Бо мақсади зина ба зина беҳтар кардани рӯзгори мардуми кишвар дар солҳои минбаъда як қатор тадбирҳои бетаъхир андешида шуданд.

Вобаста ба ин, мехостам таваҷҷуҳи шуморо ба баъзе дастовардҳои даврони баъди баргузории Иҷлосияи шонздаҳум ҷалб намоям, ки он айём дар кадом вазъ қарор доштем ва ҳоло дар кадом шароит кору зиндагӣ мекунем.

Чунонки дар боло зикр намудам, ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони сиёсие, ки кишвари моро фаро гирифта буд, боиси хисороти азими иқтисодӣ гардид.

Танҳо соли 1992 маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли 1991 зиёда аз 35 фоиз коҳиш ёфта буд.

Буҷети давлатӣ барои соли 1993 ҳамчун буҷети фавқулода тасдиқ гардида, захира надошт.

Ҳамаи кӯшишҳои Ҳукумати қонунии кишвар дар баробари таъмини сулҳу субот, инчунин, барои боздоштани суръати баланди коҳишёбии иқтисодӣ равона гардида буданд.

Дар ин муддат аллакай ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ се баробар ва кишоварзӣ ду баробар кам шуда буд.

Фалаҷшавии низоми молиявию иқтисодӣ, гуруснагии аҳолӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти иқтисодиву иҷтимоии харобу валангоршуда ва аз фаъолият бозмонда ба мавҷудияти давлат таҳдид мекард.

Бо вуҷуди ин, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ ва татбиқи ислоҳот дар ин самт заминаҳои меъёрии ҳуқуқиро такмил дода, барои ба фаъолият даровардани иқтидорҳои истеҳсолӣ ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ гардонид.

Ин тадбирҳо ба мо имкон доданд, ки танҳо аз соли 2000-ум ба марҳалаи рушд ворид гардем.

Аз он давра то ба имрӯз даромади буҷети давлатӣ аз 250 миллион сомонӣ то 21 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт.

Ҳамзамон бо ин, даромади аҳолӣ қариб 30 баробар ва пасандозҳо беш аз 90 баробар зиёд гардида, сатҳи камбизоатӣ аз 83 то 30 фоиз коҳиш ёфт.

Ба туфайли интихоби дурусти ҳадафҳои умумимиллӣ ва амалӣ гардонидани стратегияву барномаҳои давлатӣ дар 17 соли охир суръати миёнаи рушди иқтисодии кишвар ба 7,7 фоиз баробар шуд.

Дар ин давра бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ садҳо корхонаи хурду бузурги истеҳсолӣ бунёд ва садҳо ҳазор ҷойҳои корӣ таъсису барқарор карда шуданд.

Агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ фаъолият карда бошад, ҳоло ин шумора ба беш аз 2000 расидааст.

Инчунин, бунёди иншооти энергетикиву нақлиётӣ, яъне нерӯгоҳҳои бузург ва миёнаву хурди барқи обӣ, зеристгоҳҳо, роҳу пулҳо ва нақбҳои замонавӣ, инфрасохтори иҷтимоӣ-мактабу кӯдакистонҳо, беморхонаву марказҳои муосири тиббӣ ва ҳатто донишгоҳу донишкадаҳо дар манотиқи гуногуни кишвар ба роҳ монда шуд.

Дар ин самт, қабули Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатиро бояд махсус зикр кард, ки дар натиҷаи татбиқи он рӯзгори мардум то андозае ба эътидол оварда шуд.

Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум имрӯз низ яке аз ҳадафҳо ва вазифаҳои муҳимму стратегии Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳоло мехоҳам бори дигар баъзе масъалаҳои муҳимми рушди минбаъдаи давлатдориамонро зикр намоям.

Дар шароити торафт печидаву мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, аз ҷумла шиддат гирифтани муборизаҳои геосиёсӣ миёни давлатҳои абарқудрат, хусусияти муташаккил ва боз ҳам хатарноктар касб кардани терроризму экстремизм ва дигар таҳдиду хатарҳои нав таъмини амният ва ҳифзи сулҳу субот барои тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла барои Тоҷикистони мо ба масъалаи аввалиндараҷаву ҳаётӣ табдил ёфтааст.

Чунин вазъ аз ҳар фарди бедордилу худшиноси ҷомеаи мо тақозо менамояд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба таълиму тарбияи фарзандон муносибати ҷиддӣ намоянд ва дар роҳи ҳимояи давлатдории миллиамон ҳамеша омода бошанд.

Мо то имрӯз марҳалаи бисёр мураккаби ташаккули давлатдории миллии худро асосан ба анҷом расонидем ва бисёр мушкилотеро, ки хоси як давраи таърихӣ буданд, ҳал кардем.

Вале дар бобати мустаҳкаму пойдор нигоҳ доштани истиқлолияти давлатӣ ва афзун намудани дастовардҳои он бояд даҳсолаҳо заҳмат кашем.

Ин масъала дастури рӯзмарра ва ҳаётан муҳимми фаъолияти ҳар фарди бонангу номус ва ватандору ватандӯст мебошад.

Солҳои охир мо шоҳиди он ҳастем, ки баъзе доираҳои манфиатҷӯй бо роҳи таъсиррасонии иттилоотӣ ва бо истифода аз ноогоҳии мардум, махсусан ҷавонон, вазъи сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии баъзе кишварҳоро бисёр хатарнок гардонида, ҳатто баъзе давлатҳоро аз байн бурда истодаанд.

Дахолати рӯирости доираҳои манфиатдорро ба равандҳои дохилӣ мо дар замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сахт эҳсос мекардем ва чунин бозиҳои геосиёсии абарқудратҳоро имрӯз дар чандин кишварҳои ҷаҳон мушоҳида менамоем.

Бо дарназардошти вазъи ҷаҳони муосир баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва боз ҳам таҳким бахшидани худшиносиву худогоҳии миллии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон аз ҷумлаи масъалаҳои мубрами марҳалаи рушди кунунии давлатдориамон ба ҳисоб меравад.

Дар чунин марҳалаи ҳассос ҳифзи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол, ваҳдати миллӣ ва амнияту суботи он ҳамчун вазифаи меҳварӣ ва асосии мо боқӣ мемонад.

Шоҳидони воқеаҳои ҷанги шаҳрвандӣ, яъне насли калонсоли мо, ки даҳшати ҷанги дохилиро бо чашми худ дидаанд, арзишу қимати сулҳу ваҳдатро хуб дарк мекунанд.

Бинобар ин, мо бояд арзиши сулҳу ваҳдати миллиро ҳамчун фарҳанги зиндагии мардум боз ҳам густариш диҳем.

Мо бояд дар замири насли ҷавон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, ҷиддияту заҳматдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонунро тарбия кунем, то онҳо тавонанд Ватани азизамонро ҳамчун намояндагони сазовор ва арзандаи миллати куҳанбунёди тоҷик дар арсаи ҷаҳон ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

Дар ин лаҳзаҳои идона бо ифтихор иброз медорам, ки ман ба иродаи қавӣ, нерӯи созанда ва хиради азалии мардуми сарбаланди тоҷик эътимод дорам.

Аз ин лиҳоз, дар назди кулли сокинони шарафманди Тоҷикистон, ки аз оғози истиқлолият то имрӯз ҳамаи мушкилоту маҳрумиятҳои сахту сангини зиндагӣ, хусусан, даҳшату фоҷиаҳои давраи ҷанги шаҳрвандиро босаброна таҳаммул карда, ба хотири таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва пешрафти сарзамини аҷдодӣ бо сарҷамъӣ ва умед ба фардои ободу осуда заҳмат кашиданд, сари таъзим фуруд меорам.

Ҳамчунин, бо арзи сипос ба кулли сокинони кишвари маҳбубамон изҳор менамоям, ки мо хизматеро, ки то имрӯз ба халқи азизи Тоҷикистон кардем, миннат намекунем. Баръакс, ҳар коре, ки анҷом додем, ба хотири адои қарзи фарзандӣ дар назди Ватан – Модар буд ва минбаъд низ тамоми донишу таҷриба ва саъю талоши худро дар ин роҳ бедареғ сарф хоҳем кард.

Мо ҳанӯз мушкилоту камбудиҳои зиёд дорем ва ба хотири ҳалли онҳо бояд даҳсолаҳо заҳмат кашем.

 Итминонам комил аст, ки дар ояндаи наздик мо ҳама якҷо, бо заҳмати содиқонаву софдилонаи худ, ҳамаи мушкилоти ҷомеа ва давлатамонро тадриҷан бартараф мекунем.

Мову шумо аз сангинтарин имтиҳони таърих ва рӯзҳои пурталотуми эъмори давлатдории миллиамон гузашта, имрӯз ба сулҳу суботи комил расидем ва ин дастоварди нодири халқамонро чун гавҳари бебаҳо ҳифз мекунем.

Бовар дорам, ки минбаъд низ ҳар як фарди бонангу номус ва фарзандони худогоҳу худшиноси Ватан дар роҳи таҳкими истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон бештар талош варзида, барои бартараф намудани мушкилоти мавҷуда ва дар ин замина таъмин кардани зиндагии шоистаи мардум саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Бори дигар ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ ва тамоми ҳамватанони азизро ба ифтихори ҷашни мубораки чорякасраи Иҷлосияи сарнавиштсози Шӯрои Олӣ табрик гуфта, орзу менамоям, ки дар сарзамини аҷдодиамон - Тоҷикистони азиз офтоби сулҳу сафо ҳамеша дурахшон ва аз нуру зиёи он замири ҳар як фарди Ватан ҷойгоҳи ваҳдати миллӣ, ободиву осудагӣ ва хушбахтии ҷовидонӣ бошад!

Саодати ҳамешагӣ насибатон бод, ҳамдиёрони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2017
Тел/Факс.: (+992 37)2212520