Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи кӯдакистони нав бо 160 ҷой дар ноҳияи Синои пойтахт

19.12.2017 12:06, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар ноҳияи Синои пойтахт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Кудакистони рақами 68 - ро барои 160 кӯдак ифтитоҳ намуданд.

Бинои нави кӯдакистон 2 ошёна буда, аз маҷмуъи иншооти асосӣ ва ёридиҳанда иборат аст. Дар он 6 ҳуҷраи бозии кӯдакон, 6 ҳуҷраи хоб, 1 утоқи ёрирасон, толори мусиқӣ, ошхона ва дигар иншооти асосиву ёрирасон ҷойгир шудааст.

Фармоишгари асосии сохтмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, арзиши умумии иншоот наздики 8 миллион сомониро ташкил медиҳад. Лоиҳа аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Саимо" тарҳрезӣ шуда, корҳои сохтмониро бинокорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Кадучӣ" анҷом додаанд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур 25 декабри соли 2016 оғоз ёфта буд.

Барои таъмини пурраи кӯдакистон бо барқ дар тамоми фаслҳои сол 2 адад трансформатори 400 киловата насб шудааст.

Соли ҷорӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пойтахт як қатор мактабу кӯдакистонҳои нав бунёд ва қисми зиёди муассисаҳои таълимиву тарбиявиро азнавсозӣ карданд.

Кӯдакистони рақами 68 низ яке аз чунин марказҳои калони таълимию тарбиявии кӯдакони пойтахт мебошад, ки бо шарофати сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар баҳри фарзандони меҳнаткашон бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520