Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай гуфтугўйи телефонӣ анҷом дод.
Сарони ду давлати ҳамсоя маҷмўи масоили ҳамкории дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистону Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор дода, таваҷҷўҳи бештар ба таҳкими муборизаи муштарак бо терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зоҳир намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай омодагии устувори сохторҳои дахлдори ду кишвари ҳамсояро баҳри мубодилаи иттилооти фаврӣ, муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои минтақавӣ ва хусусан баҳри пурзўр намудани ҳифзи сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Афғонистон таъкид намуданд.