Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков

13.01.2018 10:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Ҳамин тавр, дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Сооронбой Шарипович,

Табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти ин ҷонибро ба муносибати санаи муборак - ҷашни 25-солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон қабул фармоед.

Муносиботи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо Қирғизистон, ки решаҳои чандинасраи таърихӣ доранд, ҳамеша яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон буд ва боқӣ мемонад.

 Тайи давраи сипаришуда ҷонибҳо бо саъю талошҳои муштарак ҷиҳати густариши ҳамдастиашон дар ҳама самтҳои калидии ҳамкорӣ натиҷаҳои хубро ба даст овардаанд. Ин омил имкон дод, ки заминаи ҷиддии таъмиқи муносибатҳои шарикии судманди Тоҷикистон ва Қирғизистон фароҳам оварда шавад.

 Итминон дорам, ки сафари расмии қарибулвуқӯи Шумо ба Тоҷикистон ба ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар такони тоза бахшида, сатҳи онҳоро мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони мо ба зинаҳои нави баландтар хоҳад бурд.

Ба Шумо, муҳтарам Сооронбой Шарипович, тансиҳатии комил, саодатмандӣ ва ба манзури шукуфоии Қирғизистон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои муайяншудаатон комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти он сулҳу амонӣ ва рафоҳат орзумандам».

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Табрикоти самимии ин ҷонибро ба муносибати  таҷлили 25-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.

Тайи чоряк асре, ки аз истиқрори робитаҳои дипломатӣ сипарӣ шудааст, ҳамкориҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон дар асоси усули эҳтироми мутақобила,  ҳамҷавории нек, риштаҳои таърихан ташаккулёфтаи дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум байни мардумони мо таҳким ва густариш ёфтаанд.

Миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон муносиботи пойдор роҳандозӣ гардида, таҷрибаи назарраси ҳамдастӣ дар самтҳои мухталиф андӯхта шудааст. Мо ҳамчунин дар чорчӯби ИДМ, СММ, СҲШ, СААД ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ҳамкории фаъол дорем. 

Изҳори итминон менамоям, ки таҷрибаи хуби ҳамкории дуҷонибаи мо бар манфиати мардумони кишварҳои мо ва ба хотири таҳкими суботу амният дар минтақа ба рушди минбаъдаи муносибатҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиҳатмандии комилу комёбиҳо дар фаъолияти давлатиатон ва ба мардуми бародари Тоҷикистон рафоҳ ва сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520