Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

03.09.2010 19:00, шаҳри Душанбе

Бегоҳии рўз бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба солгарди 19 – уми ҷашни истиқлоли давлатии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор гардид, ки зимни он наздики 200 нафар кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳо, унвонҳои олӣ ва ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.

Зимни маросими мукофотсупорӣ нахуст як нафар бо ордени Дўстӣ, 6 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 1, 15 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 2, 1 нафар бо медали Ҷасорат, 56 нафар бо медали Хизмати шоиста ва 8 нафар бо медали Шафқат сарфароз гардонда шуданд.

Ҳадиса Қурбонова бо унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, Майрамой Турсунова бо унвони фахрии ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Султон Наврўзов бо унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон ва 5 нафар ҳунармандони маъруфи мамлакат бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Ба 31 нафар ифтихорномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.

Зимни ин маросим ҳамчунин ҷоизаҳои давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷоизаҳои давлатии ба номи Абўабдулло Рўдакӣ ва Исмоили Сомонӣ ба шарафмандшудагони онҳо супурда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520