Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон

17.05.2012 17:00, ноҳияи Данғара

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои доир намудани машварати корӣ бо фаъолон ва кишоварзони вилояти Хатлон ба ноҳияи Данғара сафар кард.

Ташрифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара аз мавзеи Сомонҷони ҷамоати деҳоти Лолазор оғоз ёфт.

Зимни боздид аз заминҳои гандуми хоҷагӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки имсол кишоварзони ноҳияи Данғара метавонанд ҳосили фаровони ғалладона ва меваю сабзавот рӯёнанд. Хуб ба роҳ мондани коркарди агротехникӣ, ки сол ба сол рӯ ба беҳбудӣ дорад, аз сабабҳои асосии пешрафти кор арзёбӣ гардид.

Роҳбарият ва аҳли заҳмати хоҷагии Сомонҷон бо ҷалби мутахассисони хуби соҳа таҷрибаҳои пешқадами кори кишоварзиро дар бахшҳои ғаллакорӣ, сабзавоткорӣ, боғутокпарварӣ ва ҳам дар парвариши чорвои хурду калон ба роҳ мондаанд.

Дар мавзеи Офтобрӯи ҷамоати деҳоти Лолазор Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ дар ҳашари умуминоҳиявии дарави алафҳои табиӣ ва ҷамъоварии хӯроки дурушти чорво иштирок намуданд.

Барои дарави дастаҷамъӣ ва фаровон захира кардани хошоки дурушт ба ин мавзеи беканори сералаф ҳазорон нафар даравгарон, даҳҳо алафдаравҳои аспию тракторӣ ва техникаю таҷҳизоти ғундорандаю тойбандӣ сафарбар шудааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки дар сурати хуб ҷамъоварӣ ва захира кардани алафҳои табиӣ ноҳияи Данғара метавонад натанҳо талаботи худро пурра бо хӯроки дурушти чорво таъмин намояд, балки ба ноҳияҳои зиёди дигар низ кумак расонад.

Бо ёдоварӣ аз зимистони шадиду тӯлонии гузашта ва ба норасоии хӯроки чорво рӯ ба рӯ омадани бештари чорводорони кишвар, ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои дигари вилояти Хатлон низ, ки дар он ҷо ҳузур доштанд, дастур дода шуд, ки мардумро ба дарави алафҳои табиӣ ва ҷамъоварии саривақтии хӯроки дурушти чорво сафарбар намоянд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз намоишгоҳи чорвои хушзот ва маҳсулоти кишоварзони вилояти Хатлон дидан карда, барои ҷоннок намудани корҳои зарурӣ ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.

Зимни боздид аз натиҷаҳои фаъолияти хоҷагиҳои чорвопарвари шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла аён гардид, ки корҳо доир ба афзун намудани саршумори чорво, беҳсозии зотҳои сермаҳсул ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифати чорво рӯ ба беҳбудӣ доранд. Дар ин ҷо зотҳои сермаҳсули чорвои шохдори калон, аз ҷумла сиёҳало, швитсу зебу, сарсафеди қазоқӣ, қалмиқӣ, абердину ангуссӣ ва ғайраро ба намоиш бароварда буданд. Чунонки зикр гардид, модаговҳои ҷӯшои баъзе зотҳои сермаҳсули дар ин ҷо пешниҳодшуда то 40 литр дар як рӯз шир медиҳанд.

Гӯсфандпарварон низ зотҳои сермаҳсули ин навъи чорво, аз ҷумла ҳисорӣ, қароқулӣ, танкаронӣ, маҳинпашми дарвозӣ ва ҳамчунин бӯзи хушзоти ширдеҳро ба намоишгоҳ пешниҳод карда буданд.

Зимни боздид аз намоишгоҳи меваю сабзавот бошад, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, имсол боғдорону сабзавоткорони вилояти Хатлон ҳосили фаровони меваю сабзавоти барвақтӣ ба даст оварда, дар баробари пешкаш ба бозори дохилӣ, ҳамчунин содироти онро ба хориҷи кишвар васеъ ба роҳ мондаанд. Тавре иттилоъ дода шуд, деҳқонони вилоят дар майдони беш аз 5 ҳазор гектар пиёзи барвақтӣ кишт кардаанд ва зиёда аз 200 ҳазор тонна ҳосил бояд ҷамъоварӣ намоянд. Танҳо дар ноҳияи Қумсангир дар майдони 780 га пиёзи барвақтӣ кишт шудааст. Дар майдони 4 ҳазор га заминҳои вилоят картошкаи барвақтӣ кишт намудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 25% зиёд аст. Ба иттилои деҳқонону боғпарварон, имсол ҳосили фаровони пиёз, картошка, сабзӣ, карам ва помидору бодиринги барвақтӣ ва ҳамчунин зардолу, гелос, тут, қулфинай ва дигар меваҳои хушлаззати пешпазак бояд рӯёнда шавад.

Дар суҳбат бо деҳқони асил аз ноҳияи Қубодиён Сафар Нуриддинов маълум шуд, ки ӯ соли гузашта дар ҳар гектар замини пиёзи барвақтӣ 4 ҳазор сомонӣ хароҷот карда, 56 ҳазор сомонӣ фоидаи соф гирифтааст.

Дар ҳамин мавзеъ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва кишоварзони вилояти Хатлон машварати корӣ доир намуда, дар назди онҳо доир ба рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла бахши парвариши меваю сабзавот, ғаллакорӣ, пахтакорӣ, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ дар заминҳои корами обӣ, беҳтар намудани зоти чорво ва боло бурдани маҳсулнокии он, афзун намудани саршумор ва фаровон захира кардани хӯроки чорво вазифаҳои мушаххас гузошт. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки бо хуб ба роҳ мондани дарав ва ҷамъоварии алафҳои табиӣ барои ду сол хӯроки дурушти чорво захира карда шавад. Супориш дода шуд, ки ғаллаи дар заминҳои обӣ киштшударо ба зудӣ ҷамъоварӣ карда, дар ҷойи он кишти такрориро ба роҳ монанд ва истеҳсоли сабзавотро афзун намоянд. Таъкид гардид, ки барои зиёд кардани истеҳсоли маҳсулот, пурра таъмин намудани бозори истеъмолии дохилӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда васеъ истифода бояд бурд.

Супоришҳои мушаххас доир ба бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, муҳайёсозиии ҷойҳои иловагии корӣ, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти ин соҳа ва ҳамчунин доир ба таълиму тарбияи дурусти насли наврас ва риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ дода шуд.

Дар фароварди машварат бори дигар таъкид гардид, ки аз зимистони шадиду тӯлонии гузашта ва мушкилоти зиёди пешовардаи он хулосаҳои дуруст бароварда, аз ҳозир ба зимистони оянда омодагии ҷиддӣ бинанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520