Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими ифтитоҳи фурўдгоҳи низомии Айнии Вазорати мудофиа

03.09.2010 13:00, шаҳри Ҳисор

Аз қароргоҳи марказии Гвардияи миллии Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фурўдгоҳи низомии Айнии Вазорати мудофиа ташриф оварда, онро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фурўдгоҳи низомии Айнии Вазорати мудофиаи мамлакат, ки тайи чанд соли ахир бо кўмаки техникӣ ва маблағгузории Ҷумҳурии Ҳиндустон мавриди навсозӣ ва таҷҳизу такмил қарор гирифт, расман ба истифода супурда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст роҳбарият ва ҳайати шахсии қувваҳои ҳарбии ҳавоии мамлакатро бо солгарди 19 – уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ифтитоҳи дубораи фурўдгоҳи низомӣ табрику таҳният гуфт.

Зимни шиносоӣ бо имконоти имрўзаи фурўдгоҳ, аз ҷумла зикр гардид, ки ин иншооти муҳими низомӣ аз ҷониби мутахассисони тоҷику ҳинду тайи чанд сол бо харҷи 70 миллион доллари амрикоӣ навсозӣ ва бо техникаю таҷҳизот ва шароити муосири ҳавонавардию навигатсионӣ муҷаҳҳаз карда шудааст. Фурўдгоҳи низомии Айнӣ имрўз ба бузургтарин ва тавонотарин фурўдгоҳҳои кишвар табдил ёфтааст, зеро дарозии хатти парвозу нишасти он баробар ба 3200 метр буда, тавре устувору мустаҳкам карда шудааст, ки метавонад тамоми намуди ҳавопаймоҳои дар ҷаҳон мавҷударо қабул намояд.

Фурўдгоҳи мазкур имрўз дорои маркази идораи парвозҳо ва маркази навигатсионии бо техникаю таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гаштааст ва кораш бо сохторҳои дахлдори дигар фурўдгоҳҳо ва марказҳои навигатсионии мамлакат ҳамоҳанг карда шудааст.

Дар фурўдгоҳ ҳамчунин як бинои муҷаҳҳази таълимӣ бунёд ёфтааст, ки дар он афсарону сарбозон ва дигар мутахассисони қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ метавонанд пайваста донишу маҳорат ва малакаи касбии худро такмил диҳанд. Дар ин ҷо ҳавонавардони ҷавон ҳатто чун муассисаҳои олии таълимии ҳавонавардӣ имкон доранд, ки қабл аз парвоз бо ҳавопаймои воқеӣ маҳорати касбии худро дар утоқи махсус бо модели компютерии ҳавопаймо мавриди санҷиш ва такмил қарор бидиҳанд.

Чунонки иттилоъ дода шуд, тамоми роҳҳои барои гашти ҳавопаймою чархболҳо ва техникаи автомобилӣ пешбинишудаи ҳудуди фурўдгоҳ ва ҳамаи дигар биною иншооти он навсозӣ шудаанд.

Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар китоби ёддошт аз ташрифи меҳмонони олимақом соядаст гузошта, ба ҳамаи онҳое, ки дар бунёд ва таҷҳизу такмили ин фурўдгоҳ саҳм гузоштаанд, аз ҷумла ба ҳукумат ва мутахассисони ҷумҳурии ҳиндустон арзи сипос намуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520