Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷашни 15–солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Тоҷикистон

03.09.2010 12:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Гвардияи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, ҳайати шахсии онро бо арафаи солгарди 19 – уми истиқлоли давлатии мамлакат ва ҷашни 15 – солагии таъсисёбии ин шохаи муҳими Қувваҳои Мусаллаҳ табрику таҳният гуфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон субҳи барвақт ба қароргоҳи марказии Гвардияи миллии кишвар ташриф оварда, нахуст аз маркази таълимии он, ки барои омода кардани мутахассисони хурду миёнаи низомӣ дар курсҳои аз 3 то 6 - моҳаи омўзишӣ пешбинӣ шудааст, дидан кард.

Чунонки аён шуд, ин марказ иборат аз 18 синфхона буда, ҳамаи он бо навтарин техникаю таҷҳизот ва асбобу ашёи аёнии тадрису таълим муҷаҳҳаз гаштаанд. ҳамчунин зикр гардид, ки Гвардияи миллӣ барои омода кардани мутахассисони сатҳи баланд, пеш аз ҳама кадрҳои афсарӣ бо сохторҳои ҳамтои худ аз давлатҳои Русия, Чин, Амрико, Олмон ва ғайра ҳамкории зич ба роҳ мондааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз шароити муҳайёгашта изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид дошт, ки ба омўзиши забонҳои хориҷӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси низомии кадрҳои ҷавон таваҷҷўҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Маркази хизматрасонии техникаи низомӣ дар ин ҷо бо ҳамаи шароити зарурӣ ва мутахассисони варзида таъмин гаштааст ва ин аст, ки дар ин ҷо даҳҳо мошинҳои зиреҳпўш ва дигар техникаи дар солҳои муноқишаҳои дохилӣ валангоргашта барқарор ва ба сафи низомӣ ворид карда мешаванд.

Зимни боздид аз ошхона ва намоиши маҳсулоти хўроквории қисми низомӣ иттилоъ дода шуд, ки Гвардияи миллӣ дорои хоҷагиҳои калони ёрирасон буда, имрўз имкон дорад, ки то 70-80% маводи ғизоӣ, пеш аз ҳама маҳсулоти кишоварзии худро таъмин намояд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдор дастур дод, ки ба Гвардияи миллӣ ва дигар сохторҳои низомӣ барои кишти зироатҳои ғизоӣ заминҳои иловагӣ ҷудо намоянд.

Зимни шиносоӣ бо навъҳои либос ва пойафзоли низомӣ иттилоъ дода шуд, ки имрўз тамоми ҳайати шахсии Гвардияи миллии кишвар бо маҳсулоти корхонаҳои либосдўзӣ ва пойафзоли ватанӣ таъмин мешаванд. Тавре маълум шуд, онҳоро бо либосворӣ ва пойафзол асосан ширкати Ёқут – 2000 ва корхонаи Куҳандизи шаҳри Душанбе таъмин менамоянд.

Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳайати шахсии Гвардияи миллии Тоҷикистон суханронӣ намуда, онҳоро бо арафаи солгарди 19 – уми истиқлоли давлатии мамлакат ва ҷашни 15 – солагии таъсисёбии ин бахши Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар табрику таҳният гуфт.

Баъди анҷоми суханронӣ бо қироати сипосномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати шахсии Гвардияи миллии мамлакат ба ин сохтори қавии Қувваҳои Мусаллаҳ барои хизматҳои шоёни таҳсин ва нишондодҳои баланди ҳарбию интизомӣ байрақӣ ҷангӣ тақдим карда шуд.

Ҳамчунин як зумра аз афсарони Гвардияи миллии мамлакат барои саҳми намоёнашон дар таҳкиму тақвияти кору пайкори ин сохтори низомӣ бо медалҳои Ҷасорат ва Ифтихорномаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.

Қисмати аз ҳама ҷолибу хотирмони тантанаҳои идонаи бахшида ба солгарди 19 – уми истиқлоли давлатии мамлакат ва ҷашни 15 – солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Тоҷикистон роҳпаймоии низомӣ буд, ки дар он афсарону сарбозони шуҷоъ ва техникаи вазнини ҷангии ин сохтори низомӣ ҳунари волои худро нишон доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520