Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи 4 бинои нави таълимӣ дар шаҳраки нави донишҷўии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

01.09.2010 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки нави донишҷўии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 4 бинои нави таълимии онро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити муосири таълиму тарбия дар онҳо аз наздик шинос шуд ва бо олимону омўзгорон ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вохўрии ошкору пурсамар анҷом дод.

Лентаи рамзии ифтитоҳи биноҳои нави Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди бинои факултаҳои биология ва физика бурида, дар ошёнаи якум нахуст бо дастовардҳои илмию эҷодӣ ва итеҳсолию таҷрибавии омўзгорону донишҷўён шинос шуд.

Китобҳои зиёди илмию таълимӣ, ки маҳсули эҷоди олимону устодони донишгоҳ ва дастгоҳҳои таҷрибавию истеҳсолии ихтироъу сохтаи онҳо, хусусан дастгоҳҳои камхарҷи поксозии об, санҷиши обу ҳаво, дастгоҳи санҷиш ва тармими лампаҳои каммасраф ва ҳамчунин дастгоҳи табобати лазерии захму ҷароҳатҳо мавриди таваҷҷўҳ қарор гирифтанд.

Сипас боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар факултаи биология идома ёфт, ки бо тамоми шароити муосири таълимӣ, аз ҷумла синфхонаҳои таҷрибавӣ ва озмоишию санҷишии бо техникаю технологияи махсус таъмин карда шудаанд.

Зимни шиносоӣ ҳамчунин зикр гардид, ки ҳамаи компютерҳои факулта, аз ҷумла синфҳои компютерӣ ба шабакаи ягонаи дохилӣ пайваст шудаанд, ки раванди таълим ва назорати корро осон менамояд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ҳамчунин шабакаи ягонаи назорати видеоӣ ташкил дода шавад, то ки роҳбарият тавонад рафти дарсу машғулиятҳои гуногунро пайваста зери назорат дошта бошанд.

Айни ҳол донишгоҳ дорои 1200 адад компютер ва зиёда аз 17 ҳазор донишҷў аст ва як компютер ба 14 донишҷў рост меояд. «Ин шумора ҳанўз нокифоя аст», - таъкид дошт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.

Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қариб ҳамаи синфхонаҳо ва озмоишгоҳҳои факултаи физикаро аз назар гузаронда, бо устодону донишҷўён аз наздик сўҳбат намуд. Чунонки маълум шуд, таълимгоҳҳои ин факулта низ бо таҷҳизоту дастгоҳҳои пешқадами техникию технологӣ ва таҷрибавӣ муҷаҳаз аст, ки боиси шодию нишот ва хушҳолии донишҷўёну омўзгорон гаштааст.

Ин факулта ҳамчунин дорои обсерватория ва телескопи қавии муосир гаштааст, ки барои аз худ кардани нозукиҳои илми ситорашиносӣ ва астрофизика басо мусоид аст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон масъулини дахлдори соҳаро вазифадор намуд, ки барои тармиму таҷҳиз ва ба талаботи замон мутобиқ намудани дигар обсерваторияҳои мамлакат низ тадбирҳо андешанд ва таъкид намуд, ки барои муҳайё намудани шароти беҳтарини илмию таълимӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имконоти мавҷуда истифода хоҳад кард.

Имрўз ҳамчунин устодону донишҷўёни факултаҳои химия, геология ва механикаю математика низ соли нави хонишро дар биноҳои бо ҳамин гуна шароити муосири илмию таълимӣ муҷаҳҳаз оғоз намуданд.

Чунонки зикр гардид, ки барои сохтмон ва таҷҳизи муосири 4 бинои 5 – ошёнаи таълимӣ 36 миллион сомонӣ равона карда шудааст.

Хотиррасон бояд намуд, ки имрўз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дорои 15 факулта, 7 кафедраи умумидонишгоҳӣ, 14 озмоишгоҳ, 6 маркази интернетӣ, 30 синфхонаи компютерӣ ва дигар утоқу толорҳои муҷаҳҳаз аст.

Боиси сарфарозӣ аст, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 266 нафар донишҷўёни хориҷӣ, аз ҷумла 223 унвонҷўй ва 43 аспиранти хориҷӣ таҳсили илм мекунанд.

Баъди шиносоӣ бо шароити илмию таълимии биноҳои нави донишгоҳ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар саҳнии ҳавлии он бо олимонуомўзгорон ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вохўрӣ намуд. Баъди суханронии расмии Сарвари давлат миёни ў ва аҳли макотиби олии кишвар сўҳбати ошкору самимӣ сурат гирифт. Натиҷаҳои ин мулоқот барои рушду нумуи минбаъдаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва умуман соҳаи маорифи кишвар боровар хоҳад буд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520