Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Хонаи истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ

14.02.2018 10:45, шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бинои 5 - ошёнаи истиқоматӣ барои оилаҳои хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба истифода дода шуд.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои мазкур дар рӯзҳои таҷлили солгарди 25-уми Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат рамзӣ буда, шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон нисбат ба кормандони ин сохтори муҳими давлатӣ мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати ду сол бо сифати баланд ва бо тарҳи замонавӣ анҷом ёфта, он аз 60 ҳуҷраи истиқоматӣ, таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои 25 нақлиёт ва майдончаи кӯдакона иборат мебошад. Аз шумораи умумии ҳуҷраҳо 4 ададаш сеҳуҷрагӣ, 32 дуҳуҷрагӣ ва 24 хонаи якҳуҷрагӣ мебошад.

Бинои мазкур бо сарфи наздики 17 миллион сомонӣ дар давоми солҳои 2014-2017 бунёд шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити бино ва сифати корҳои анҷомшуда, ба кори сохтмончиён баҳои сазовор доданд ва аз сокинони хуштолеъ - хизматчиёни  ҳарбии Гвардияи миллии Тоҷикистон даъват ба амал оварданд, ки содиқона ба нафъи халқу Ватан хизмат намоянд.

Дар навбати худ соҳибони манзилҳои нави истиқоматӣ ба Сарвари давлат барои дастгириҳои пайваста арзи сипосу миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки ин гуна қадршиносӣ онҳоро дар иҷрои масъулияту вазифаҳои бардушдоштаашон дучанд ҳавасманду масъулиятшинос хоҳад кард.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520