Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Канслери Федералии Ҷумҳурии Федеративии Германия Ангела Доротея Меркел

15.03.2018 11:15, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Канслери Федералии Ҷумҳурии Федеративии Германия Ангела Доротея Меркел барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Хонуми Олиҷоҳ,

Бо камоли сарфарозӣ  интихоб гардиданатонро ба вазифаи Канслери Федералии Ҷумҳурии Федералии Германия табрику муборакбод мегӯям.

Рушду тавсеаи бемайлони муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо Германия аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон мебошад.

Мо итминон дорем, ки ҳамкориҳои созандаю судманди мо дар соҳаҳои мавриди таваччуҳи тарафайн мутобиқ ба манфиатҳои ҳаётии ҳар ду давлат дар оянда низ бо мазмуну муҳтавои нав ғанӣ хоҳанд гашт.

Мо хоҳони вусъати бештари ин раванд ҳастем ва омодаем, ки дар ин ҷода кӯшишҳои пайвастаи муштарак намоем.

Бо истифода аз фурсати нек ба Шумо тансиҳатӣ ва комёбиҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Германия сулҳу амонӣ ва шукуфоӣ орзумандам».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520