Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар чорабинии муштараки Тоҷикистон бо кишварҳои фаъол таҳти унвони “Амалҳои афзалиятнок дар соҳаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар чорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”

23.03.2018 04:23, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Нимаи дуюми рӯзи 22 марти соли 2018 дар шаҳри Ню Йорк дар ҳошияи Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии муштараки Тоҷикистон бо кишварҳои фаъол таҳти унвони “Амалҳои афзалиятнок дар соҳаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар чорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар оғоз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз анҷоми муваффақонаи муколамаи нахустин бахшида ба оғози “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” қаноатмандию нишоти худро иброз доштанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал оварданд, ки мо бояд ҳамеша саъйу талошамонро дар самтҳои гуногун ҷиҳати таъмини саривақтии ноилшавӣ ба вазифаву ҳадафҳо дар соҳаи захираҳои об, ҷоннок намоем.

Аз пурзӯршавии таъсири тағйирёбии иқлим ба табиат ва вазъи иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ изҳори нигаронию ташвиш намуда, Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид доштанд, ки офатҳои табиӣ ба монанди обхезӣ, сел, тармафароӣ ва ярч ҳамасола ба аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар хисороти зиёд ворид мекунанд. Дар ҳодисаҳои табиӣ талафоти ҷонию молӣ ва иқтисодӣ ба мушоҳида мерасанд, ки бисёр нигаронкунанда мебошад.

Илова бар ин, таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба миқдор ва сифати захираҳои оби ошомиданӣ бештар зоҳир мегардад. Дар Тоҷикистон дар давоми даҳ соли охир обшавии қобили мулоҳизаи ҳаҷми пиряхҳо, ки барои тамоми Осиёи Марказӣ аҳаммияти ҳаётан муҳим доранд, ба қайд гирифта шудааст. Коҳишёбии босуръати масоҳати пиряхҳои минтақа, ки ба тағйирёбии иқлим рабт дорад, муҳиммияти чунин стратегияро таъкид менамояд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба қабули чораҳои мутобиқшавӣ, ки ҷузъи муҳимми рушди устувор ба ҳисоб мераванд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташкилоту созмонҳои бонуфуз ва коршиносон барои ҳамкории пурсамар бо Тоҷикистон ва дастгирии ташаббусҳои кишвари мо изҳори сипос карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520