Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Ҳисор

30.08.2010 18:00, шаҳри Ҳисор

Аз ноҳияи Рўдакӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии Латиф Муродови ноҳияи Ҳисор ташриф оварда, бо кори намунавии ин хоҷагии пешқадам аз наздик шинос шуд.

Зимни шиносоӣ бо маҳсулоти гуногун зикр гардид, ки аз 1630 гектар замини ин хоҷагӣ 1128 гектараш обӣ аст ва шуғли асосии заҳматкашони он пахтакорӣ мебошад.

Таъкид гардид, ки бо вуҷуди ин, заҳматкашони хоҷагӣ дар ғаллакорӣ, сабзавоткорӣ ва кишти дубораю себораи заминҳои обӣ низ таҷрибаи намунавӣ доранд.

Дар яке аз қитъаҳои замини хоҷагӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нашъунамои ниҳолҳои лўбиёро аз назар гузаронд, ки 24 июл баъди ҷамъоварии ғалла кишт шудааст.

Чунонки зикр гардид, аҳли хоҷагӣ аз ғаллаи обии ин замин 35 сентнерӣ ҳосил рўёндаанд ва умед доранд, ки аз ҳар гектари лўбиё то 20 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ намоянд.

Бо назардошти афзоиши талаботи бозор ба маҳсулоти лўбиёгӣ ва болоравии нархи он зиёд намудани кишти чунин зироатҳо матлуб арзёбӣ гардид.
Аз ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Гачаки ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Ҳисор ташриф оварда, дар фазои тантанавӣ як мактаби мўҳташами дуошёнаи замонавиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки бунёди ин мактаб ?анўз соли 1989 о?оз ёфта, соли 1993 бо сабаб?ои маълум ?атъ гардида буд ва акнун бо харҷи 7 миллион сомонӣ сохтмони нотамоми он ба поён расонда шуд.

Ҳамчунин зикр карда шуд, ки ин мактаб дорои 36 синфхона, аз ҷумла як синфхонаи компютерӣ, ду синфи муҷа??аз ва махсуси технологияи ҳунаромўзӣ, ?у?ра?ои маъмур?, толор?ои варзишиву ма?лис?, китобхонаву ошхона ва бунго?и тибб? буда, барои 1248 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Ифтитоҳи ин мактабро, ки бо беҳтарин шароити имрўзаи таълимӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои аёнии электронӣ муҷаҳҳаз гаштааст, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ тўҳфаи сазовори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаббачагону омўзгорон ва мардуми ин деҳа арзёбӣ намуд ва хотиррасон кард, ки дар остонаи ?ашни исти?лоли давлатии Тоҷикистон зиёда аз 10 мактаби нави замонавӣ ва як филиали донишго?и омўзгорӣ дар вилоят?о ва ша?ру но?ия?ои гуногуни мамлакат ба истифода супурда шуд.

Дар охир миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва пирони рўзгордидаю аҳли илму фарҳанги ноҳия сўҳбатҳои ҷолибу самимӣ баргузор гашт, ки зимни он оид ба масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла таълиму тарбияи солими насли наврас, дур нигоҳ доштани онҳо аз ҳаракатҳои иртиҷоию экстремистӣ, танзими расму ойини мардумӣ, кўмак ба табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ гуфтугў сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520