Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои мактаби нав дар ноҳияи Ҳисор

30.08.2010 18:00, шаҳри Ҳисор

Омўзгорон ва падару модарони гиромӣ!
Фарзандони азиз!

Тавре ки шумо дар хотир доред, чанде пештар дар ноҳияи ҳисор бо роҳбарону фаъолони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир ба ҷараёни иҷрои барномаи ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат мулоқот доштем ва дар асоси супоришҳои додашуда бояд кишти такрорӣ вусъат дода мешуд. Мо имрўз то ба назди шумо омадан кору фаъолияти кишоварзони ноҳияи ҳисори зарнисорро мушоҳида намудем ва итминон ҳосил кардем, ки онҳо дар ҳақиқат деҳқонони асилу ботаҷриба ҳастанд.

Ва дар доираи ин сафари кории худ дар остонаи Рўзи дониш ва чорабиниҳои Соли маориф ва фарҳанги техникӣ мову шумо ҳамчунин шоҳиди мавриди истифода қарор гирифтани боз як мактаби наву замонавӣ гардидем, ки бешубҳа ин шаҳодати ободониву шукуфоии як гўшаи Ватани азизамон ва самараву баракати истиқлолу ваҳдати миллӣ ва заҳмати созандаи мардуми ободгари Тоҷикистон мебошад.

Бинобар ин, ҳамаи шумо-хонандагони азиз, падару модарон ва аҳли маорифи ноҳияро нахуст бо ин рўйдоди фараҳбахш, яъне ифтитоҳи бинои мактаби нав, инчунин бо 19-умин солгарди ҷашни бузурги миллиамон – истиқлолияти давлатии Тоҷикистон самимона табрику таҳният мегўям.

Воқеан, дар остонаи ҷашни муқаддаси миллӣ, яъне истиқлолияти давлатамон ба истифода супоридани ин боргоҳи илму маърифат як рўйдоди фараҳбахш аст. Зеро дар ду моҳи охир ҳангоми сафарҳои корӣ ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат зиёда аз 10 мактаби нави замонавӣ ва як филиали донишгоҳи омўзгорӣ ба истифода дода шуд, ки ҳамаи инҳо далели татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлат оид ба рушди соҳаи маориф дар тамоми қаламрави кишвар ва афзалияти ин соҳа мебошад.

Мактаб макони таълиму тарбия, омўзиши асосҳои илми муосир ва касбу ҳунарҳои мухталиф, ташаккули шахсияти ҳамаҷониба инкишофёфта ва дорои одоби ҳамидаву ахло?и шоиста ба шумор меравад.

Гузашта аз ин, пешрафту инкишофи ҳар як давлату миллат, тамоми соҳаҳои и?тисодиёту иҷтимоиёт, тараққиёти техникаву технология ва умуман обрўю нуфузи мамлакат, пеш аз ҳама, тавассути соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа ва наврасону ҷавонон, таълиму тарбияи шахсияти кордону созанда ва фаъол сурат мегирад.

Бо дарназардошти аҳамияти бузурги ин масъала давлату ҳукумат фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва бо таҷҳизоту лавозимоти мактабӣ, техникаву технологияи компютерӣ ва иттилоотии замонавӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимиро аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи худ меҳисобад.

Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳои наҷиб ва таъмини пешрафти соҳаи маорифи мамлакат дар баробари давлат бояд ҳар як фарди ватандўсту ватанпарвар, худшиносу худогоҳ ва бофарҳангу соҳибмаърифат низ саҳми босазои худро гузорад. Чунки ҳам дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ҳам дар мактабҳои олӣ фарзандони мову шумо ва давомдиҳандагони кори мо таълим мегиранд.

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 24, ки ҳоло мову шумо дар он қарор дорем, аз ду ошёна ва 36 синфхона, аз ҷумла як синфхонаи компютерӣ, ду синфи муҷаҳҳаз ва махсуси технологӣ, ҳуҷраҳои маъмурӣ, толорҳои варзишиву маҷлисгузаронӣ, китобхонаву ошхона ва бунгоҳи тиббӣ иборат буда, барои 1248 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Бояд гуфт, ки бунёди мактаби мазкур ҳанўз соли 1989 оғоз ёфта, вале соли 1993 бо сабабҳои маълум қатъ гардида буд.

Ва ин бинои нотамом дар доираи лоиҳаи қарзи ҷалбкардаи ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи маориф бо сарфи қариб 7 миллион сомонӣ бунёд гардид ва дар арафаи соли нави хониш барои шумо –фарзандони азиз ҳамчун тўҳфаи идона супорида мешавад.

Ба ҳамаи онҳое, ки дар бунёди бинои ин мактаб шабу рўз заҳмат кашидаанд ва онро бо сифати бисёр баланд омода кардаанд, миннатдории худро иброз медорам.

Илова ба ин муассисаи таълимии зебову муосир ҳоло дар ҳудуди ноҳия сохтмони боз ду мактаби дигар идома дорад, ки маблағи умумии онҳо беш аз 8 миллион сомониро ташкил медиҳад ва аллакай як қисми корҳои сохтмону васлгарӣ ба анҷом расонида шуданд ва кор дар ин самт босуръат идома дорад.

Ҳамзамон бо ин, то оғози соли нави хониш ба муассисаҳои таълимии ноҳия 40 ҳазор нусха китобҳои дарсӣ дастрас гардид, ки фикр мекунам масъалаи норасоии китобҳои дарсиро то андозае бартараф хоҳад кард.

Мақсади мо аз фароҳам овардани шароити зарурӣ барои таҳсили шумо- насли наврас, пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки ҳамаатон соҳиби дониши мукаммал, забондон, аз дастовардҳои илму техникаи муосир бархурдор ва бо омўзиши касбу кор ва ихтисосҳои гуногун дар оянда барои ободӣ ва шукуфоии Ватани худ омода бошед.

Бояд гуфт, ки дар баробари корҳои то ба ҳол суратгирифта ҳанўз дар соҳаи маориф, аз ҷумла дар ноҳияи ҳисор низ як қатор норасоиву мушкилот дида мешаванд. Яке аз масъалаҳои мубрами соҳаи маориф бо кадрҳои баландихтисос, махсусан мутахассисони дорои маълумоти олӣ таъмин кардани муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Тибқи маълумоти Вазорати маориф имрўз дар тамоми кишвар 10 ҳазор муаллимони дорои маълумоти миёна ба хонандагон дарс мегўянд, ки бояд барои ҳалли ин масъала аз ҷониби масъулони соҳа чораҳои муссир ва ҷиддӣ андешида шаванд.

Ё худ таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дараҷаи донишандўзии хонандагон дар ноҳияи ҳисор ба 42 фоиз ва маҳорати касбазхудкунии онҳо ба 73 фоиз баробар аст, ки ин нишондиҳанда ба талаботи имрўза ҷавобгўй нест.

Яке аз муассисаҳои муаллимтайёркунии кишвар Коллеҷи омўзгории ноҳияи Ҳисор мебошад, ки ҳамчун самараи даврони истиқлолият соли 2001 таъсис ёфтааст ва то имрўз зиёда аз 600 нафар ин муассисаи таълимиро хатм карда, дар мактабҳои ноҳия ба омўзгорӣ машғуланд. Лекин бинои омўзишгоҳ ба таъмири асосӣ эҳтиёҷ дошта, дар хобгоҳи он, ки ба ҳолати садамавӣ расидааст, донишҷўён истиқомат намекунанд.

Бинобар ин, Вазорати маориф бояд масъалаи мазкурро омўхта, барои ҳалли он чораҳои дахлдор андешад.

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия низ вазифадоранд, ки ба ин масъала муносибати ҷиддӣ дошта бошанд ва бо истифода аз имкониятҳои дохилӣ, инчунин ҷалби соҳибкорону тоҷирон ва шахсони саховатманд дар ҳалли мушкилоти соҳаи маориф саҳми фаъол гузоранд.

Худатон хуб медонед, ки дар як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат соҳибкорон аз ҳисоби маблағҳои худ мактабҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ сохта истодаанд ё ин ки худи мардум мактабҳоро ба тариқи ҳашар бунёд карда, барои фарзандонашон шароити хуби таҳсилро фароҳам оварда истодаанд.

Мардуми Ҳисор одамони бисёр олиҳимматанд ва итминон дорам, ки дар ин кори хайр, яъне сохтмону таъмири мактабу муассисаҳои тандурустӣ, ободии роҳу кўчаҳо ва дигар амалҳои савоб ташаббусҳои нек хоҳанд кард.

Ҳозирини гиромӣ!

Соли оянда мардуми шарифи Тоҷикистон бистумин солгарди истиқлолияти давлати худро ҷашн мегиранд. Ва ҳар кадоми мо бояд аз ҳоло сар карда, барои дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ баргузор шудани ин санаи муқаддас саҳми арзандаи худро гузорем.

Шубҳае нест, ки мардуми бонангу номус ва боғайрату ҳимматбаланди мамлакат, аз ҷумла водии Ҳисори зарнисор низ бо заҳмати софдилонаву содиқонаи хеш барои ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Бахусус дар моҳи шарифи Рамазон ҳар шахси саховатманду ҳимматбаланд бояд вазифаи инсонӣ ва қарзи имонии худ, яъне ёрӣ расонидан ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату бесаробон ва пирону барҷомондагонро ба ҷо оварда, соҳиби хайру савоби бисёр гардад.

Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи шуморо бори дигар ба муносибати Рўзи дониш ва солгарди истиқлолияти давлатӣ, инчунин ба муносибати ифтитоҳи бинои мактаби хуштарҳу замонавӣ табрик гуфта, умед дорам, ки ҳар кадоми шумо-хонандагони азиз дар соли нави таҳсил бо баҳои хубу аъло хонда, дар оянда сазовори номи баланди фарзанди миллати тоҷдори тоҷик мегардед.

Ташаккур!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520