Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияҳои Рўдакӣ

30.08.2010 13:00, ноҳияи Рӯдакӣ

Субҳи имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Рўдакӣ ва Ҳисор ташриф оварда дар ифтитоҳи ду мактаби мўҳташами замонавӣ иштирок намуд ва ҳамчунин бо кори кишоварзони ҳарду ноҳия аз наздик шинос шуд.

Боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рўдакӣ оғоз ёфт.

Дар ин ҷо бо иштироки Президенти мамлакат дар фазои тантанавӣ як мактаби зебою муҷаҳҳази замонавӣ барои 928 хонанда дар ду баст ба истифода супурда шуд, ки бо харҷи беш аз 6 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.

Зимни шиносоӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки мактаб аз ду ошёна ва 18 синфхона иборат аст. Аксари синфхонаҳо бо таҷҳизот ва асбобу ашёи махсуси фаннӣ, аз ҷумла барои фанҳои физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва барои ҳунаромўзии духтарону писарон муҷаҳҳаз гаштаанд.

Мактаб ҳамчунин дорои толори барҳавои маҷлисӣ, ошхона бо зиёда аз 100 ҷойи нишаст ва толору майдони калони варзишӣ аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар назди омўзгорону хонандагон ва аҳли деҳаю ноҳия ин мактаби мўҳташамро тўҳфаи ҳукумати мамлакат дар арафаи оғози соли нави хониш ва солгарди 19 – уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, хонандагонро ба хониши хубу аъло ва волидону масъулони соҳаи маорифи кишварро ба таълиму тадриси дурусти насли наврас ва ҳамчунин тарбияи онҳо дар рўҳияи хештаншиносӣ ва ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдории миллии худ ҳидоят намуд.

Зимни суханронӣ ҳамчунин таъкид гардид, ки насли наврас бояд бештар ба омўзиши илмҳои дақиқу табиӣ, забонҳои хориҷӣ ва техникаю технологияи муосир моил гардонда шавад, то ки оянда тавонанд дар рушду нумуи иҷтимоию иқтисодии ватани аҷдодӣ ва татбиқи нақшаҳои стратегии давлату ҳукумат бунёдкориҳои Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ба сатҳи баланд бардоштани таълиму тарбияи насли наврас соҳаи маорифро аз афзалиятҳои асосии сиёсати худ қарор додааст ва таъкид намуд, ки дар зарфи 10 соли охир қариб 30 баробар афзун шудани маблағгузории соҳа гувоҳии возеҳ аз татбиқи босамари ин ҳадаф аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз зиёд шудани шумораи ҷавонони тоҷик дар мактабҳои динии шубҳаноки баъзе кишварҳои хориҷӣ ва бо равияҳои бегонаю номатлуб тарбият ёфтани онҳо изҳори нигаронӣ намуда, аз падару модарон тақозо кард, ки фарзандони худро аз чунин таълимгоҳҳо бозпас хонанд, то ки аз онҳо террористону экстремистонро омода насозанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин шахсони дорою саховатпешаро ба кўмаку дастгирии эҳтиёҷмандон, пеш аз ҳама ятимону бепарасторон, пирону барҷомондагон, маъюбон ва оилаҳои камбизоат ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки фитри рўза ва дигар хайроту садақот низ бояд ба ҳамин гуна табақаҳои аҳолӣ дода шаванд.

Омўзгорону хонандагон ва мардуми ноҳия сиёсати бунёдкорию созандагӣ, ваҳдатгустарӣ ва андешаҳои ба ормонҳои ҷомеа дархўри Сарвари давлатро хуш истиқбол гирифта, ба ў барои ғамхориҳои пайвастааш арзи сипос карданд.

Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқонии ҳоҷӣ Давлати ноҳияи Рўдакӣ ташриф оварда, бо кори пурсамари он аз наздик шинос шуд.

Чунонки маълум гашт, хоҷагӣ дорои 33 гектар замин аст ва дар 21 гектари он боғи чормағз ва себу нок бунёд намудаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон байни қаторҳои боғро холӣ дида, ба роҳбарияти хоҷагӣ изҳор дошт, ки ин вақти сол барои кишти пиёзи барвақтӣ мусоид аст ва таъкид намуд, ки ҳосили онро метавонанд моҳи майи соли оянда ҷамъоварӣ карда, дар ҷояш зироатҳои дигар кишт намоянд.

Зимни боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагӣ зикр гардид, ки аҳли заҳмати он ҳамчунин дар кишти ғалладона, сабзавоту полезӣ ва парвариши замбўри асал низ таҷрибаи ғанӣ доранд ва дар таъмини бозорҳои пойтахт бо маҳсулоти тару тоза саҳми намоён мегузоранд.

Хоҷагӣ дорои 21 аъзо буда, маоши миёнаашон баробар ба 300 сомонӣ аст. Роҳбари хоҷагӣ дар пайравӣ ба ҳидоятҳои хайрхоҳонаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки дар арафаи иди саиди фитр ба ҳар як аъзои худ 50 килограммӣ орд ва 10 килограммӣ равған, биринҷ ва шакар кўмак мерасонад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520