Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз хоҷагиҳои деҳқонии ба номи “Абу Дониёров” ва “Саъдулло Рӯзиев” - и ҷамоати деҳоти “Халифа Ҳасан” - и шаҳри Панҷакент

28.03.2018 17:01, шаҳри Панҷакент

28 март дар шаҳри Панҷакент Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи корҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии ба номи “Абу Дониёров” ва “Саъдулло Рӯзиев” - и ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент шинос шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар майдони 4 гектар ба кишти картошкаи барвақтӣ дар Хоҷагии деҳконии ба номи “Абу Дониёров” оғоз бахшида, бо фаъолияти гармхонаҳо дар хоҷагии ба номи “Саъдулло Рӯзиев” ва намоиши дастовардҳои меҳнатии аҳли заҳмати шаҳри Панҷакент шинос шуданд.

Дар хоҷагии Абу Дониёров 20 нафар саҳмдор фаъолият дошта, масоҳати умумии заминҳои кишт 22 гектарро ташкил медиҳад. Аҳли заҳмат ҳамчунин ба боғдорӣ, ғаллакорӣ ва парвариши сабзавот машғуланд.

Иттилоъ дода шуд, ки қаблан дар масоҳати 4 гектар майдони заминҳои Хоҷагии деҳқонии ба номи “Абу Дониёров” кишти картошкаи барвақтии навъи “Шукрона” гузаронида шудааст, ки ҳосилнокии он 220 - 300 сентнер аз як гектар буда, дар муддати 110-120 рӯз нашъунамо меёбад.

Аз руи маълумоти Раёсати кишоварзӣ соли равон кишти картошка дар шаҳри Панҷакент 12 баробар афзудааст. Ҳамчунин масоҳати кишти шолӣ, ғалла ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ зиёд ва азхудкунии беш аз 200 гектар замини бекорхобида ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҳамин мавзеъ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти гармхонаҳои замонавии Хоҷагии деҳқонии “Саъдулло Рӯзиев” шинос шуданд. 2 гармхона дар майдони 10 садяк замин бунёд шуда, дар он помидору бодиринг парвариш мегардад. Ниҳолҳо ба воситаи гармии офтоб ва обёрии қатрагӣ нашъунамо меёбад. Дар гармхонаҳо 1 ҳазору 200 ниҳоли помидор ва 2 ҳазор бех бодиринг шинонида шудааст. Аз руи маълумоти мутахассисони хоҷагӣ аз ҳар як ниҳол помидор то 10 килограмм ва аз ҳар як бех бодиринг то 6 килограмм ҳосил руёнида мешавад. Дар шафати гармхонаҳо дар майдони 10 садяки дигар инчунин парвариши сабзавот ба роҳ монда шудааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити парвариши маҳсулоти кишоварзӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидоронро барои афзоиши истеҳсолот ва содироти маҳсулоти бозоргир ҳидоят намуданд.

Имрӯз ҳамчунин дар назди хоҷагиҳо намоиши техникаҳои гуногуни кишоварзӣ доир карда шуд. Тавре маълум гардид, заминаи моддию техникии хоҷагиҳои кишоварзӣ аз ҳисоби мошину тракторҳо мустаҳкам буда, ҳолати техникии ҳамаи тракторҳои шудгору кишткунанда хуб мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони қадршиносӣ ба заҳмати софдилонаи меҳнаткашони шаҳри Панҷакент ба мардуми шаҳр 2 адад трактор, 1 комбайни ғалладарав ва 8 адад таҷҳизоти кишти картошка ва ҳосилғундор туҳфа карданд.

Намоишгоҳи дастовардҳои меҳнаткашони шаҳри Панҷакент низ бо ҳосили дастранҷи марди деҳқон хеле ғанию фаровон буд. Дар намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ зиёда аз 50 намуд маҳсулот, аз ҷумла картошка, сабзӣ, пиёз, помидору бодиринг, себ, ангур, ғалладонагиҳо, шир, тухм, асал ва маҳсулоти қаннодӣ ба маъраз гузошта шуд.

Дар намоишгоҳ ҳамчунин таомҳои гуногуни миллии наврӯзӣ, маҳсулоти қаннодӣ, эҷоди дасти ҳунармандон, аз қабили кулолгарон, оҳангарон ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, инчунин зотҳои гуногуни чорвои калону майда, пешкаши меҳмони олимақом карда шуд.

Шаҳри Панҷакент аз минтақаҳои калони аграрӣ ва саноатии вилоят ва ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар ғанӣ гардонидани дастархони мардум ва таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда дорад. Дар ихтиёри Раёсати кишоварзии шаҳри Панҷакент 11 ҳазору 322 га заминҳои обӣ мавҷуд мебошад, ки аз ҷумла 3 ҳазор гектари онро картошка, 800 га офтобпараст ва 1 ҳазору 503 гектарашро шолӣ ташкил менамояд.

Сарвари давлат дастовардҳои меҳнаткашонро назаррас арзёбӣ карда, ба онҳо дар роҳи таъмини фаровонии кишвар ва аҳолӣ бо ғизо, инчунин дигар маводу маҳсулоти кишоварзӣ дастуру ҳидоятҳои созанда доданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520