Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагиҳои моҳипарвар дар вилояти Суғд

30.03.2018 14:02, шаҳри Гулистон

30 март дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагиҳои моҳипарвар шинос шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳавзи махсус, ки дар он парвариши моҳиҳои хушзот ба роҳ монда шудааст, беш аз 10 ҳазор адад моҳии навъи «амури сафед»-ро барои афзоиши ин зоти фоидаовар сар доданд.

Масоҳати кӯли сунъӣ қариб 5 гектарро ташкил дода, аз рӯи маълумоти мутахассисони соҳа дар ин ҷо барои нигоҳдории даҳҳо ҳазор моҳиҳои навъи «амури сафед», «пешонағафси сафед» ва моҳии «карп» имконият фароҳам оварда шудааст.

Мувофиқи меъёри ягона барои 100 килограмм моҳӣ дар як шабонарӯз 2 килограмм маводи хӯрокӣ таъмин карда мешавад, ки ин аз рӯи нишондод 2 фоизро ташкил медиҳад.

Моҳиҳои «амури сафед», «пешонағафси сафед» ва моҳии «карп» ба ҳисоби миёна дар давоми 1 сол аз 600 грамм то 1 килову 200 грамм вазн мегиранд.

Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат дар баробари дигар нақшаву чорабиниҳо ва таҳияи лоиҳаву барномаҳои давлатӣ «Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ» қабул ва дар амал татбиқ карда мешавад.

Маҳз баъди қабули ин барномаи давлатӣ дар ҷумҳурӣ шумораи хоҷагиҳои моҳипарвар афзоиш ёфта, шаҳрвандони мамлакат бо парвариши моҳӣ ва фурӯши он даромади хуби иқтисодӣ мегиранд.

Бояд гуфт, ки бо шарофати таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат пешравии соҳа дар дигар минтақаҳо, аз ҷумла, дар вилояти Хатлон низ бештар ба назар мерасад, зеро барои фаъолияти беш аз 200 хоҷагии моҳипарвар зиёда аз 2 ҳазор гектар замин ҷудо гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди сар додани моҳиҳои «амури сафед» ва шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии моҳипарвар мутахассисони соҳаро баҳри боз ҳам рушд бахшидан ба ин бахши сердаромад ҳидоят намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520