Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ба истифода супоридани хонаҳои истиқоматӣ дар маҳаллаи навбунёди Кўлоб

25.08.2010 18:00, шаҳри Кӯлоб

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Боиси хушҳолист, ки имрўз, яъне дар остонаи ҷашни нуздаҳумин солгарди истиқлолияти давлатии кишварамон ва даҳаи сеюми моҳи шарифи Рамазон ба муносибати мавриди баҳрабардорӣ қарор додани хонаҳои барои мардуми аз офати табиӣ зарардида бо шумо сокинони шаҳри бостонии Кўлоб мулоқот дорам.

Аз ин рў, ба ҳамаи шумо хонаҳои навбунёдро муборакбод мегўям ва ба ҳар кадоматон саломатӣ,фароғати оилавӣ, зиндагиву рўзгори хушу осуда орзумандам.

Бигзор дар манзилҳои умедатон ҳамеша шодиву сурур ва дар чеҳраҳои латифи фарзандонатон табассумҳувайдо бошад.

Воқеан, табиати имсола моро бо офатҳои зиёд рў ба рў сохт, ки ҳамаи онҳо боиси хисороти зиёди молӣ ва мутаассифона, талафоти ҷонӣ гардиданд.
Бист шаҳру ноҳияи кишвар дучори фалокатҳои табиӣ гардида, зиёда аз чор ҳазор хонаи истиқоматӣ осеб дид ва даҳҳо муассисаҳои иҷтимоӣ, роҳу пулҳо, хатҳои интиқоли барқ ва ҳазорон гектар заминҳои кишт хароб гаштанд.

Зарари иқтисодии ин офатҳои табиӣ беш аз 2 миллиарду 600 миллион сомониро ташкил кард. ҳукумати мамлакат аз рўзҳои аввали рух додани офати табиӣ дар шаҳри Кўлоб ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳамаи осебдидагонро таъҷилан бо ёриву ғамхорӣ фаро гирифта, доир ба рафъи оқибатҳои он тамоми чораҳои заруриро андешид.

Тамоми сокинони кишвар дар рўзҳои фоҷиабори офати табиӣ ба дарду андўҳи шумо шарик шуда, ёриву ғамхории худро дареғ надоштанд.

Ба шарофати ваҳдату ҳамраъйии миллӣ ва кўмаку дастгирии мардуми кишвар оқибатҳои харобиовари офати табиӣ имрўз ҳам дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ҳам дигар минтақаҳои мамлакатамон дастаҷамъона бартараф шуда истодаанд.

Ба хотири ҳарчи зудтар бо манзили нави зист таъмин кардани сокиноне, ки хонаҳояшон бар асари селу обхезӣ хароб гардида буданд, танҳо дар шаҳри Кўлоб шаш маҳаллаи нави иборат аз 700 хонаи истиқоматӣ бунёд гардид. Ва чунон ки худатон мебинед, имрўз аксари оилаҳои аз офат зарардида бо хонаҳои нави муҷаҳҳаз бо ашёву лавозимоти зарурии рўзгор таъмин шуданд ва сокинони дигар низ дар мўҳлатҳои кўтоҳтарин соҳиби манзилҳои нав ва асбобу анҷоми рўзгор хоҳанд шуд.

Ниёгони мо аз қадимулайём дастгирӣ ва ба ҳамдигар кўмак карданро рисолати муҳими инсонии худ меҳисобиданд ва даст ба дасти ҳам дода, сарзамини аҷдодии худро муташаккилона обод мекарданд.

Хушбахтона, ин суннати неки ниёгонамон имрўз низ побарҷост ва ҳамаи мо бори дигар ба он итминон ҳосил кардем.

Албатта, дар муддати ниҳоят кўтоҳ сохта, ба истифода додани хонаҳои нав ва ба маҷрои мўътадил даровардани ҳаёти зарардидагон маҳз ба туфайли ваҳдати миллӣ муяссар гардид.

Зикр намудан бамаврид аст, ки дар бунёди хонаҳои истиқоматӣ вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои давлативу хусусӣ, соҳибкорону тоҷирон, инчунин шахсони алоҳидаи хайрхоҳу саховатпешаи мамлакат саҳми арзанда гузоштанд.

Ба ҳамаи онҳое, ки бо амри дил ба кўмаки шумо омада, ҳар кадомашон ба андозаи имкон дар ин кори хайру савоб шарик шуданд, аз номи худ ва аз номи шумо миннатдорӣ баён менамоям ва орзумандам, ки хонаи ҳамаашон обод бошад ва ҳеҷ гоҳ дасти камро набинанд.

Имрўз, ки ба шарофати дўстиву дастгирии тамоми ҳамватанони азизи мо дар шаҳри Кўлоб маҳаллаҳои зебои замонавӣ бунёд гардидаанд, бояд ба онҳо номҳои арзанда гузошта шаванд.

Аз ин рў, пешниҳод менамоям, ки ба маҳаллаи ҳоло қарордоштаамон «Ваҳдатобод» ном гузошта шавад. Зеро сохтмони манзилҳои зист ва ободу зебо гардонидани он аз баракати ваҳдати миллӣ ва бо иштироку саҳмгузории намояндагони тамоми минтақаҳои кишварамон муяссар гардид.

Барои чунин амали нек ва хайру савоб ба тамоми роҳбарону масъулон, инчунин лоиҳакашону меъморон ва тамоми сохтмончиён, ки аз тамоми гўшаву канори кишварамон омада, ду-се моҳ инҷониб шабу рўз заҳмат кашида, садҳо хонаи истиқоматиро пеш аз мўҳлат ва бо сифати баланд сохта, ба истифода супориданд, миннатдории самимӣ баён менамоям.

Ҳамчунин ба онҳо барои бунёди хонаҳои боқимонда ва сохтмони тамоми иншооти инфраструктурии зарурӣ барори кор орзумандам.

Ҳукумати кишвар дар оянда низ барои рушду ободии шаҳри Кўлоб ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он ғамхорӣ зоҳир хоҳад кард.

Мутаассифона, дар ҳаёт ҳодисаҳои табиие рух медиҳанд, ки аз мову шумо вобастагӣ надоранд. Ин ҳодисаҳои баамаломада барои мо имтиҳони ҷиддӣ буданд ва мо собит сохтем, ки мардуми кишварамон дар лаҳзаҳои душвор бо ҳамбастагиву муттаҳидӣ ҳар гуна мушкилотро бартараф карда метавонанд.

Мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар хотир дошта бошем ва онро ба наврасону ҷавонон доим талқин намоем, ки ҳамаи комёбиву пешравиҳои то ба имрўз бадастовардаамон, маҳз ба шарофати сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамраъйии мардум мебошанд.

Маҳз сулҳи пойдору ризоияти миллӣ асоси рушди устувори кишвари соҳибистиқлоли мо гардид. Дар натиҷа солҳои охир садҳо корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, нерўгоҳҳо, роҳу пулҳои дорои аҳамияти дохиливу байналмилалӣ бунёд карда шуданд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳоло дар марҳалаи нави таърихии инкишофи худ қарор дорад ва нақшаҳои бузурги созандагиро амалӣ карда истодааст. Дар чунин шароит, мо бояд, пеш аз ҳама, шукронаи истиқлолро ба ҷо орем ва доим ифтихор намоем, ки давлати озод дорем ва кишварамон бо вуҷуди мушкилоти муайян ба таври устувор тараққӣ карда истодааст.

Дар ин марҳала вазифаи аввалиндараҷаи мо бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда татбиқ кардани ҳадафҳои стратегии давлатамон, ободу зебо гардонидани ватани азизамон ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифамон мебошад. Барои ин ба мо, пеш аз ҳама, зарур аст, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ҳифзу нигаҳбонӣ кунем.

Шумо медонед, ки ҳоло мардуми кишварамон барои дар сатҳи олӣ ва шоиста истиқбол намудани ҷашни бузургу муқаддаси 20-солагии истиқлолияти давлатӣ омодагии ҷиддӣ мебинад. Аз ин рў, бояд ҳар яки мо ва ҳар касе, ки барояш ободии Ватан ва ваҳдату ягонагии халқи кишвар азиз аст, софдилонаву содиқона меҳнат намояд.

Ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистон масъул аст, ки дастовардҳои истиқлолияти кишварро ҳифз намояд ва барои пешрафту тарақкиёти иқтисодиву иҷтимоии он саҳми ватандўстонаи худро гузорад.

Бо ҳамин умед ҳамаи шуморо бори дигар ба муносибати нуздаҳумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки рўзҳои наздик фаро мерасад, инчунин мавриди истифода қарор гирифтани хонаҳои нави истиқоматӣ табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо саломативу сарбаландӣ ва хонаи обод орзу дорам.

Ва дар ин рўзҳои моҳи шарифи Рамазон ҳама якҷо дуо мекунем, ки худованди мутаол мардум ва давлати моро ҳамеша дар паноҳи офияташ нигоҳ дорад.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед ва хонаҳоятон пур аз ризқу рўзӣ ва шодиву хурсандӣ бошад!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520