Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Фархор

24.08.2010 13:30, ноҳияи Фархор

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти иҷрои барномаҳои давлатӣ, қарорҳои ҳукумати мамлакат ва супоришҳои қаблии Сарвари давлат ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар намуд.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон аз ноҳияи Фархор оғоз ёфт.

Сарвари давлат нахуст бо фаъолияти кишоварзони хоҷагии деҳқонии «Шаҳром» - и ҷамоати деҳоти Фархор шинос шуд.

Чунонки аён гашт, аҳли ин хоҷагӣ дар майдони 11 га пахтаи навъи сорбон кишт намуда, умед доранд, ки аз ҳар гектараш 35 сентнерӣ ҳосил ба даст оваранд. Соли гузашта аҳли ин хоҷагии пешсаф аз ҳамин замин 32 сентнерӣ ҳосил рӯёнда будаанд. Дар ин хоҷагӣ ҳамчунин кишти сабзавот, полезӣ ва боғдорӣ хуб ба роҳ монда шудааст.

Дар ҳамин хоҷагӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намоишгоҳи маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзию саноатии ноҳияи Фархор иштирок намуда, бо аҳли ҳунару заҳмат сӯҳбатҳои ҷолибу хотирмон анҷом дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор намудани иқтидори пешинаи шолипарварии ноҳия, бунёду парвариши зардолубоғҳо ва ба роҳ мондани технологияи хушксозии меваи гаронбаҳои он ва ҳамчунин вусъат додани дигар корҳои зарурӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Сипас бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дармонгоҳи навсохти маркази ноҳия мавриди истифода қарор гирифт.

Чунонки зикр гардид, дар ин муассисаи нави соҳаи тандурустӣ барои 150 нафар кормандону мутахассисони ин соҳа ҷойҳои корӣ ва шароити хуби муоинаю муолиҷа барои эҳтиёҷмандон муҳайё гаштааст.

Барои ин дармонгоҳи нав бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти муосири ташхисӣ ва муоинаи беморон харидорӣ шудаанд. Тибқи супориши Сарвари давлат то охири сол ба ноҳияи Фархор аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин 5 мошини ёрии таъҷилии тиббӣ харидорӣ ва дастрас карда мешаванд.

Кормандони соҳа ва мардуми Фархор аз фаъол гаштани дармонгохи нав ва шароити муосири он басо шодмон гаштанд, зеро дармонгоҳи пешинаи ноҳия ҳанӯз соли 1935 сохта шуда будааст.

Бо ҳузури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Гулшани ноҳияи Фархор ҳамчунин корхонаи ресандагии «Фаррес» расман ба кор дароварда шуд, ки дар он барои 320 нафар дар се баст ҷойҳои доимии корӣ ва маоши хуб муҳайё шудааст.

Зимни шиносоӣ бо корхона зикр гардид, ки он бо иқтидори имрӯзааш дар як сол 1 ҳазору 200 тонна нахи хушсифат ва ҳазор тонна ришта истҳсол мекунад.

Боздиди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Фархор бо мулоқоти ӯ бо роҳбарият ва намояндагони сершумори мардуми ноҳия, ки зимни он сӯҳбати озоду ошкоро баргузор гашт, ба поён расид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мужда расонд, ки дар доираи корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ноҳия бо кӯмаку дастгирии Ҳукумати мамлакат варзишгоҳи марказӣ ва боғи фарҳангию фароғатии он навсозӣ карда мешаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520