Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

24.08.2010 19:00, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Баъд аз ноҳияи Восеъ сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ идома ёфт.

Дар ин ноҳия бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нахуст як мактаби мӯҳташами таҳсилоти ҳамагонӣ ба истифода дода шуд, ки бо харҷи 8,7 миллион сомонӣ бунёд ёфта, барои 1408 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Мактаби мазкур ҳам аз ҷиҳати меъморӣ, ҳам намои зоҳирӣ ва ҳам шароити таълиму тарбияи хонандагон беҳтарин мактаб дар ин ноҳия хоҳад буд. Синфхонаҳояш бо техникаю таҷҳизоти муосири замонавӣ, аз ҷумла тахтаи электронӣ ва дигар василаҳои электронии таълимӣ муҷаҳҳазанд. Ду синфхонаи компютерӣ мавҷуд аст, ки ҳарду бо Интернет пайваст мебошанд. Толори барҳавои маҷлисӣ ва ошхонаи зебои мактаб ҳар яке 120 ҷойи нишаст доранд. Толори варзишии мактаб низ муҷаҳҳазу зебо аст, ки боиси хушнудии дӯстдорони варзиш ва тарзи ҳаёти солим гаштааст.

Дар саҳни ҳавлии ин мактаби навбунёд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони мардуми ноҳияи Ҳамадонӣ сӯҳбати ошкору самимӣ анҷом дод.

Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо фаъолияти кишоварзони хоҷаги деҳқонии Дилшоди ҷамоати деҳоти Қаҳрамон аз наздик шинос шуд.

Чунонки маълум шуд, шуғли асосии аҳли хоҷагӣ пахтакорӣ аст. Онҳо дар заминҳои худ тухмии хушсифати флора кишт намуда, умед доранд аз ҳар гектараш то 45 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ намоянд. Ба гуфти аҳли хоҷагӣ тухмиҳои флора ва кармени пахта ба иқлим ва обу хоки ноҳияи Ҳамадонӣ созгор омадааст.

Онҳо ҳамчунин аз замини ғаллаашон 55 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ намуда, дар ҷойи он ҷуворимакаи дон кишт намудаанд ва аз он 60 сентнерӣ ҳосил бардоштанианд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо кори хоҷагии моҳипарварии «Моҳии хушзоти Чубек» аз наздик шинос шуда, баҳри ривоҷ додани ин соҳа, парвариши навъҳои беҳтарини моҳӣ таъмин намудани бозори истеъмолии мамлакат бо ин маҳсулоти ниёзи мардум ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520