Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози корҳои сохтмонӣ дар иншооти Донишкадаи исломии Тоҷикистон

30.05.2018 08:29, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Низоми Ганҷавии шаҳри Душанбе бо гузоштани санги асос ба бунёди иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит оғози расмӣ бахшиданд.

Иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон барои 1500 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардида, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат  бо харҷи 136 миллион сомонӣ дар майдони қариб 3 гектар бунёд карда мешавад.

Бинои асосии ин муассисаи олии таълимӣ аз 5 қисми (блок) ҳафтошёна иборат буда, лоиҳаи он ба таври замонавӣ дар доираи меъёрҳои меъморию шаҳрсозӣ таҳия шудааст.

Тибқи лоиҳа се қисми иншоотро асосан биноҳои таълимӣ ва маъмурӣ  ва ду қисми дигарро хобгоҳҳои замонавӣ, толори муосири варзишӣ, ошхона, маҷлисгоҳ ва китобхона ташкил медиҳад.

Зимни муаррифии лоиҳа ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки хобгоҳ барои 1500 нафар, ошхона бо 490 ҷой, толори варзишӣ бо 260 ҷой ва маҷлисгоҳ бо 550 ҷойи нишаст сохта мешаванд. Бунёди китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ низ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин дар ин ҷо як бинои дуошёна, майдончаи варзишии универсалӣ, ҷойи истироҳат бо фаввора ва айвонҳо, таваққуфгоҳ барои нақлиёт ва дигар иншооти ёрирасон бунёд мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони корҳои сохтмонӣ дастур доданд, ки барои бо сатҳу сифати баланд ва мувофиқ ба талаботи лоиҳа сохтани иншооти таълимию ёрирасони донишкадаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ёдовар мешавем, ки биною иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит дар шафати «Масҷиди калон», ки айни замон сохтмонаш идома дорад, бунёд мегардад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520