Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусоҳиба бо хабарнигорони Шабакаи телевизионии ССТV - и Ҷумҳурии Мардумии Чин

08.06.2018 16:56

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои фаъоли узви Созмони Ҳамкории Шанхай ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке роҳбарони ташаббускори ҳалли мушкилоти байналмилалию минтақавӣ, инчунин саҳмгузори рушди муносибатҳои ҳамкории кишварҳои аъзо мебошад.

Бо дарназардошти мавқеъи муҳимму устувори кишвари мо дар ин ташкилоти бонуфузи сайёра хабарнигорони Шабакаи калонтарини телевизионии ССТV - и Ҷумҳурии Мардумии Чин қабл аз баргузории Ҷаласаи навбатии шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, бо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе мусоҳиба анҷом доданд.

Зимни суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши Созмони Ҳамкории Шанхай дар таъмини рушди устувору бемайлони иҷтимоию иқтисодии кишварҳои аъзо, дар бораи аҳамияти баргузории Ҷаласаи навбатии шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар вазъияти имрӯзаи ҷаҳон, таҳия ва татбиқи амалии муштараки санадҳои қабулшуда, вазъи феълии муносибатҳои дӯстию ҳамкории кишварҳои шарики стратегӣ - Тоҷикистону Чин, саҳми Тоҷикистону давлати ҳамсоя дар таҳкими ҳамкории минтақавӣ ба манфиати мардумони ду кишвар, инчунин дигар самтҳои равобити дуҷониба, ба саволҳои хабарнигорони телевизиони Чин посухҳои мушаххасу пурмуҳтаво доданд.

Ҳалли масъалаҳои мубрами ҳамкории гуногунпаҳлуи кишварҳо, татбиқи минбаъдаи қарорҳои қабулшавандаи ҳамоиши навбатӣ оид ба таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва тақвияти ҳамкории судманд дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ дар чаҳорчубаи Созмони Ҳамкории Шанхай, аз мавзуъҳои дигари суҳбати Сарвари давлат бо хабарнигорон буд.

Мавриди зикр аст, ки мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони чинӣ дар Шабакаи телевизиони ССТV-и Ҷумҳурии Мардумии Чин, дар сомонаҳои интернетӣ, дигар васоити ахбори омма, аз ҷумла дар рӯзномаи калонтарини Чин “Жэнмин Жибао” ба таври васеъ инъикос гардид ва то имрӯз аллакай миллионҳо нафар аз мазмуну муҳтавои ин суҳбат огаҳӣ пайдо карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520