Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоии наздик бо рафти сохтмони нерўгоҳи обии Сангтўда-2

27.07.2010 13:00, ноҳияи Данғара

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи нерўгоҳи обии Сангтўда – 2 сафар карда, бо рафти корҳои сохтмонӣ аз наздик шинос шуд.

Тезондани суръати сохтмони нерўгоҳ баҳри то охири соли равон ба кор даровардани агрегати якуми он ҳадафи асосии сафари Сарвари давлат арзёбӣ гардид.

Хотиррасон бояд намуд, ки сохтмони нерўгоҳи обии Сангтўда – 2 бо маблағгузории муштараки Тоҷикистону Эрон ҳанўз моҳи феврали соли 2006 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оғоз ёфта буд ва беш аз як соли баъд аз ин бо корҳои лоиҳакашӣ ва омодагӣ ба сохтмон сипарӣ шуд. Рафти сохтмони нерўгоҳ, ки асосан соли 2007 оғоз ёфт, таҳти назорати доимӣ ва шахсии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бори дуюм рўзи 5 ноябри соли 2008 ба мавзеи сохтмони нерўгоҳи Сангтўда-2 ташриф оварда, бо рафти корҳо аз наздик шинос шуда буд. ҳамон вақт супориш дода шуда буд, ки барои то охири соли 2010 ба кор даровардани агрегати якуми нерўгоҳ тамоми тадбирҳо андешида шаванд.

Чунонки зимни боздиди имрўза маълум шуд, айни замон дар бунёди он 1200 нафар бинокорону мутахассисони гуногун машғули коранд. 850 нафари коргарон шаҳрвандони Тоҷикистон ва боқӣ муҳандисону дигар коршиносони ҷумҳурии Исломии Эрон мебошанд.

Зимни шиносоӣ бо рафти сохтмон аён шуд, ки корҳои сохтмони биноҳои асосии нерўгоҳ, дарвозаҳои обпарто ва дарвозаҳои ба агрегатҳо обдиҳанда, толори ҷойгиршавии агрегатҳо, толори назоратӣ, дигар иншооти зарурӣ ва омодагӣ ба бастани маҷрои рўди Вахш дар мавзеи бунёди сарбанди нерўгоҳ бо суръат ва сифати баланд идома дорад. Таъкид гардид, ки барои то охири соли равон ба кор даровардани агрегати якуми нерўгоҳ бастани маҷрои дарё ва сохтмони сарбанд бояд моҳи октябр оғоз ёбад.

Хотиррасон бояд намуд, ки нерўгоҳи обии Сангтўда – 2 нерўгоҳи маҷроӣ буда, бе обанбори калон фаъолият хоҳад кард. Афзалиятҳои дигари ин нерўгоҳ дар он аст, ки дар бунёди он аз инфрасохтори сохтмонии нерўгоҳи Сангтўда – 1 истифода карда мешавад, зеро ҳарду нерўгоҳ дар наздикии ҳамдигар ҷойгиранд ва ин боиси кам гаштани хароҷот мешавад.

Баъди шиносоӣ бо рафти сохтмони нерўгоҳ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди бинокорон ва мардуми зиёди ҷамъомада суханронӣ намуда, ин нерўгоҳро аз намунаҳои нахустин ва беҳтарини ҳамкории бунёдии иқтисодӣ ва омили таҳкимбахши дўстию бародарии мардумони ҳамзабону ҳамфарҳанги Тоҷикистону Эрон арзёбӣ намуд. Таъкид гардид, ки нерўгоҳи Сангтўда-2 бо иқтидори лоиҳавии 220 мегават/соат метавонад дар як сол 1 миллиард киловатт нерўи барқ истеҳсол намуда, дар бартараф намудани мушкилоти энергетики кишвар нақши муҳим бозад.

Сипас роҳбари ширкати муштараки Тоҷикистону Эрон Сангоб Беҳзоди Ислоҳотчӣ суханронӣ намуда, ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми ҷамъомада қавл дод, ки баҳри то моҳи августи соли 2011 пурра ба поён расондани сохтмону васлгарии нерўгоҳи Сангтўда – 2 аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда босамар истифода хоҳанд кард. Ў ҳамчунин баҳри иштирок дар сохтмони дигар иншооти ҳаётан муҳими Тоҷикистон, аз ҷумла иншооти гидроэнергетикӣ омодагии ширкати Сангобро таъкид намуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520