Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ бо роҳбарият ва фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

27.07.2010 14:00, ноҳияи Данғара

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмону васлгарии нерўгоҳи Сангтўда - 2 бо роҳбарият ва фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат масоили вобаста ба ҷамъоварии ҳарчи зудтари ҳосили ғалладона ва дигар зироатҳо аз заминҳои обӣ, ба роҳ мондани кишти такрорӣ дар ин заминҳо ва омодагӣ ба зимистон баррасӣ шуд.

Оид ба мавзўъҳои асосии машварат гузориши Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва масъулини дигари сатҳи ҷумҳуриявию маҳаллӣ шунида шуд.

Дар гузориши Ғайбулло Авзал, аз ҷумла зикр гардид, ки имсол мутобиқи нақша дар 100 ҳазор гектар заминҳои обии вилояти Хатлон, ки калонтарин минтақаи кишоварзии мамлакат аст, бояд кишти такрорӣ гузаронда шавад. То имрўз дар майдони 80 ҳазор гектар кишти дубораи зироатҳо ба роҳ монда шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз холӣ мондани садҳо гектар заминҳои обӣ дар бисёр ноҳияҳои вилояти Хатлон изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуд, ки роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоят тамоми имкону захираҳои мавҷударо ба истифодаи пурсамари заминҳои обӣ равона карда, аз рафти гузарондани кишти такрорӣ ба ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳушдор дод, ки дар даҳаи сеюми моҳи августи соли равон бо ҳолати истифодабарии заминҳои обӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон шахсан шинос мешавад ва сипас оид ба кору фаъолияти роҳбарони онҳо хулосаҳои зарурӣ бароварда мешаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти болоравии нархи озуқаворӣ, аз ҷумла орду ғалла дар бозори ҷаҳонию минтақавӣ таъкид намуд, ки бояд ҳар ваҷаб замини обӣ пурсамар истифода карда шавад ва бештар зироатҳои ғалладонагӣ, аз ҷумла лубиёгиҳо, ҷуворимаккаи дон, шолӣ ва ғайра такроран кишт карда шаванд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки баҳри бекор намондани заминҳои обӣ ва ба даст овардани фоидаи бештар бояд майдони кишти пахта, пеш аз ҳама пахтаи маҳиннах зиёд карда шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдор оид ба беҳ намудани корҳои тухмипарварӣ ва захира намудани тухмиҳои беҳтарин супоришҳои мушаххас дод.

Дастуру супоришҳои мушаххас оид ба омодагӣ ба зимистон, аз ҷумла захираи маводи сўхту озуқаворӣ, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани шабакаҳои интиқоли нерўи барқ, гузаштан ба истифодаи лампаҳо ва дигар таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, ҳамчунин доир ба таъмиру тармим ва таҷҳизи муассисаҳои таълимӣ, омода кардани онҳо ба соли нави хониш ва дигар корҳои ободонию созандагӣ дода шуд.
Зимни бозгашт аз сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз дохили чархбол ҳолати истифодабарии заминҳои обиро дар шаҳру ноҳияҳои Сарбанд, Бохтар, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ёвони вилояти Хатлон ва ҳамчунин шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - Рўдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода бори дигар аз назар гузаронд.

Хотиррасон бояд намуд, ки роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон вазифадор шудаанд, ки иҷрои нақшаи кишти такрориро то охири моҳи август ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то 10 – уми август ба поён расонанд ва дар таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолии кишвар ва болобарии иқтидори содиротии он нақши намоён гузоранд.

Аз рўйи натиҷаи иҷрои ин нақшаҳо ва анҷом додани дигар корҳои муҳим ба фаъолияти роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо баҳои воқеӣ гузошта хоҳад шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520