Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо гуруҳи намояндагони доимии як қатор кишварҳои хориҷӣ дар назди Созмони Милали Муттаҳид

19.06.2018 18:20, шаҳри Душанбе

19 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” гуруҳи намояндагони доимии як қатор кишварҳои хориҷӣ дар назди Созмони Милали Муттаҳидро ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни мулоқот маҷмуи васеи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷ ва бо яке аз ташкилотҳои бонуфузи сайёра - Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ карда шуд.

Қабл аз оғози мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёни ҳамоиши сатҳи баландро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Сарвари давлат ба намояндагони кишварҳо барои дастгирии ташаббуси ҷаҳонии ҷониби Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти об ва иштироки фаъолашон дар рафти ин чорабинӣ изҳори сипос карданд.

Тоҷикистон ташаббускор ва пешбарандаи масъалаҳои об дар Созмони Милали Муттаҳид аст ва изҳори боварӣ карда шуд, ки бо кӯшиш ва дастгирии гуруҳи намояндагони кишварҳо дар Созмони Милали Муттаҳид ин масъала дар оянда низ бар нафъи инсоният ба таври васеъ тарғиб хоҳад шуд.

Таъкид гардид, ки натиҷаҳои Конфронси Душанбе дар чорабинии канории Форуми сатҳи баланди сиёсӣ, ки моҳи июли соли ҷорӣ дар Ню - Йорк баргузор мегардад, муҳим хоҳад буд.

Дар ҷараёни мулоқот намояндагони гуруҳи кишварҳои доимии назди Созмони Милали Муттаҳид ба нақши калидии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри қабули қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ, саҳми Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчун роҳбари узви Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об баҳри ҳалли мушкилоти глобалии сайёра ва дигар талошҳову тадбирҳои мушаххаси Тоҷикистон бар нафъи аҳли башар, баҳои баланд доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520