Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.07.2010 15:00, шаҳри Душанбе

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар он беш аз 40 масъала баррасӣ шуд.

Дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нафарони ба вазифаҳои пурмасъулияти роҳбарӣ таъиншударо ба боло гузоштани манфиатҳои давлату миллат аз ҳама гуна манофеи дигар ва ба кори содиқона бо дасту дили пок ва нияти нек ҳидоят намуд.

Сипас оид ба рафти иҷрои Стратегияи рушди бозори қоғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 1 апрели соли 2008 тасдиқ шуда буд, Вазири молияи мамлакат ҳисобот дод. Зикр гардид, ки баҳри амалӣ намудани вазифаҳои стратегия, ки аз ҳама асосии онҳо интишор ва ба фурўш баровардани саҳмияҳои корхонаҳои калон, ташкили бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва баланд бардоштани маърифати сармоягузории аҳолӣ аст, як қатор чораҳо андешида ва татбиқ шудаанд. Аз ҳисоботи Вазири молия бармеояд, ки то кунун зиёда аз 1400 ҷамъияти саҳҳомӣ номнавис шудаанд, ки маблағи умумии саҳмияҳои бақайдгирифташудаашон ба 5,4 миллиард сомонӣ баробар аст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз кори нокифояи мақомоти масъул оид ба ташкил ва фаъол намудани бозори қоғазҳои қиматнок ва ҳамчунин аз суръати пасти гузаштан ба стандартҳои байналмилалии баҳисобгирии молиявӣ изҳори нигаронӣ карда, барои ислоҳи камбудиҳои мавҷуда ба масъулин супоришҳои мушаххасу қатъӣ дод.

Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Вазири тандурустӣ дастур дод, ки баҳри харидорӣ, захира, нигаҳдорӣ ва истифодаи босамару саривақтии ваксинаҳои зидди бемориҳои сироятӣ пайваста тадбирҳои судбахш андешида шаванд.

Лоиҳаи ду қонуни нав – «Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ» ва «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» ва якчанд лоиҳаи дигар дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла қонунҳо «Дар бораи Феҳристи давлатӣ», «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон», ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузорӣ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Мутобиқи лоиҳаи қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», ки бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва пешниҳод гаштааст, фурўши сигарета, сигор, папирос, нос ва дигар маҳсулоти тамоку дар ҳудуд ва наздикии муассисаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва варзиш ва ҳам кашидани тамоку дар дохили биноҳои маъмурӣ, ҳуҷраҳои кории ташкилоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ, муассисаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, варзиш, истироҳатгоҳҳо, толорҳое, ки дар онҳо чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва истироҳатию фароғатӣ гузаронда мешаванд, толорҳои фурўдгоҳҳо, вокзалҳои роҳи оҳану нақлиёти автомобилӣ ва дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ ба ҷуз ҷойҳои махсуси барои ин кор таъиншуда манъ карда мешавад. қонуни мазкур баъди қабул шудан дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба имзо расидан аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 – уми январи соли 2011 мавриди амал қарор дода мешавад.

Барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» мутобиқи тағйиру иловаҳои ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодгашта барои фурўш ва ё кашидани маҳсулоти тамоку дар ҷойҳои зикргардида вобаста ба вазнинии ҳуқуқвайронкунӣ ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 5 то 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 30 то 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010» дар соли равон ба 35 сомонӣ баробар аст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ҳадафи асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» ва бисёр тадбирҳои дигар, пеш аз ҳама тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳли ҷомеа, хусусан миёни ҷавонону наврасон аст ва ҳамчунин таъкид намуд, ки барои татбиқи босамари ин ҳадаф минбаъд тадбирҳои муассири дигар низ амалӣ карда мешаванд.

Қарори ҳукумати мамлакат «дар бораи сарфароз гардондан бо ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абўабдулло Рўдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ дар соли 2010 тасдиқ карда шуд.

Шоир Доро Наҷот барои маҷмўаи шеърҳои «Моҳтобе хамида дар рукўъ» барандаи ҷоиза дар соҳаи адабиёт шуд.

Дар соҳаи санъати театрӣ бо ин ҷоиза Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мирзоватан Миров сарфароз гардид, барои таҳияи намоишномаи «Чашмони бародари қиёматӣ» дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов.

Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдулло Рўдакӣ дар соҳаи санъати мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ насиби Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Миралӣ Достиев гардид, барои силсилаи сурудҳои «Меҳроби меҳрам, Тоҷикистон!».

Рассоми халқии Тоҷикистон Сўҳроб қурбонов барои мусаввараи чоргонаи «ҳамосаи истиқлол» барандаи ҷоиза дар соҳаи санъати тасвирӣ шуд.
Узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Соҳиб Табаров барои силсилаи рисолаҳои адабии тарбиявии солҳои охир бо ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдулло Рўдакӣ дар соҳаи эҷодиёти бадеӣ барои наврасон сарфароз гардонда шуд.

Ҷоизаи байналмилалӣ дар соҳаи тарҷума, пажўҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ барои силсилаи рисолаҳои илмӣ-адабии «Низомӣ ва Хоқонӣ», «Зайниддин Восифӣ» ва «Дарвеши Деҳакӣ» ба шарқшиноси маъруфи рус Александр Болдирев (1909-2004) таъин карда шуд.

Ҳамчунин як қатор санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ тасдиқ карда шуданд. Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатии оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013, Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва Номгўйи ихтисосҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, Стандарти давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва Номгўйи ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва Тартиби ба ҷамъияти саҳомии кушода табдил додани корхонаи давлатӣ ва воҳиди сохтории он аз ҷумлаи онҳоанд.

Тибқи Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатии оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013, ки барои татбиқаш ҷудо намудани зиёда аз 5,5 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ва грантҳо дар назар дошта шудааст, ба ҳамаи китобхонаҳои давлатии мамлакат 592 компютер бо мизу курсӣ, 222 принтер ва 74 сканер ҷудо ва насб карда мешаванд. Дар баробари таҷҳизонидани китобхонаҳо тарғиби таҷрибаи пешқадами китобдорӣ дар соҳаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, омодасозии кадрҳои замонавӣ ва ташаккули фарҳанги иттилоотии китобдорон ва истифодабарандагони китобхонаҳо аз ҳадафҳои асосии ин барнома мебошанд.

Вобаста ба ин мавзўъ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҳамчунин дастур дод, ки кадрҳои сатҳи баланд барои кор дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки то 20 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон сохта, ба истифода дода мешаванд, омода созанд.

Муассисаи давлатии Мактаб-интернати таҳсилоти умумии ҷумҳуриявии тамоюли варзишӣ бо номи варзишгар ва мураббии маъруфу машҳури Тоҷикистон Иброҳим Ҳасанов номгузорӣ карда шуд.

Дар фароварди маҷлиси навбатии ҳукумати мамлакат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷўҳи ҳозиринро бори дигар ба масоили вобаста ба ҷамъоварии ҳосили ғалладона ва дигар зироатҳо аз заминҳои обӣ, вусъат додани кишти такрорӣ, омодагӣ ба соли нави хониш, ҷашни 19 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ба зимистони пешомад ҷалб намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520