Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар ҷамъомади роҳбарон ва фаъолони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир ба иҷрои барномаи ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат

16.07.2010 13:00, шаҳри Ҳисор

Дўстони азиз!
Ҳозирини мўҳтарам!

Ба ҳама маълум аст, ки мо ҳифзи амнияти озуқавории кишварро дар баробари таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат яке аз ҳадафҳои стратегии давлати худ эълон намуда, дар роҳи татбиқи он ба рушди тамоми бахшҳои соҳаи кишоварзӣ, пеш аз ҳама баланд бардоштани маданияти истифодабарии замин, яъне истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои корам, бахусус заминҳои обӣ таваҷҷўҳ ва афзалияти хоса медиҳем.

Вобаста ба ин, мо чандин барномаҳои ҳукуматиро қабул карда, амалӣ карда истодаем ва якчанд маротиба муроҷиатномаи Сарвари давлат ба аъзои ҳукумат ва тамоми мардуми мамлакат интишор гардид.

Дар натиҷаи чораҳои амалигардида ва заҳмати мардуми шарифи Тоҷикистон мо солҳои охир афзоиши маҷмўи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакатро таъмин карда истодаем.

Аз ҷумла, соли гузашта бори аввал дар таърихи Тоҷикистон истеҳсоли ғалладонаро ба 1 миллиону 300 ҳазор тонна расонида, пеши роҳи баландшавии нархи маводи асосии ғизоиро боздоштем.

Вале тавре ки аз таҳлили раванди ҳифзи амнияти озуқавории кишвар бармеояд, тадбирҳои андешидашуда ва ҷараёни татбиқи онҳо ҳанўз нокифоя мебошанд. Зеро сатҳи вобастагии бозори истеъмолии кишварамон аз маводи ғизоии воридотӣ ҳанўз ҳам хеле баланд аст.

Бо дарназардошти ин ва хушксолие, ки дар айни ҳол ба баъзе кишварҳои содиркунандаи ғалла шадидан таъсири манфӣ расонида истодааст, мо бояд вобаста ба ҳифзи боэътимоди амнияти озуқавории кишварамон чораҳои бештар ва муассир андешем. Зеро нишонаҳои таъсири манфии он аллакай дар бозори истеъмолӣ, ки одатан дар ин вақт гандум арзон мешуд, ба мушоҳида мерасад.

Аз ин рў, мехостам бо шумо – роҳбарону фаъолони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки дар ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат нақши хоса доранд, вазъи имрўзаи соҳаи кишоварзиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, вазифаҳои таъхирнопазир ва минбаъдаи худро мушаххас намоем.

Боиси қаноатмандист, ки дар давоми шаш моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 370 миллион сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 фоиз афзудааст.

Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор ҷамъоварии зироатҳои ғалладона, сабзавот, картошка, меваҳои пешпаз ва гузаронидани кишти такрорӣ дар заминҳои холигашта идома дорад. Дар баробари ин, дар соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳанўз норасоиву мушкилоте мавҷуданд, ки боиси ташвиши ҷиддӣ мебошанд ва сабаби асосии ба назди шумо омадани Роҳбари давлат низ аз ҳамин иборат аст.

Аз ҷумла, имсол нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми умумии заминҳои корам дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 1050 гектар, аз ҷумла замини корами обӣ 650 гектар кам шудааст.

Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ ба ҳолати аввали июли соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 800 гектар, аз ҷумла 240 гектар замини обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст. Дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода 88 гектар, Нуробод 607 гектар, аз ҷумла 140 гектар замини обӣ ва Рашт 92 гектар замини обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст.

Ҳамчунин зиёда аз ҳазор ҳодисаи вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шудааст. Илова бар ин, дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор майдони кишти сабзавот низ коҳиш ёфтааст.

Зеро дар заминҳои корами обӣ ҳам ғалладона кишт кардаанд, ки зиёда аз 57 фоизи майдони умумии заминҳои корамро ташкил медиҳад.
Тавре ки аз натиҷаҳои ҷамъоварии ҳосили ғалла бармеояд, соли ҷорӣ ҳосилнокии он нисбат ба соли гузашта аз ҳар як гектар қариб 10 сентнерӣ кам мебошад.

Дар ноҳияи Ҳисор ин нишондиҳанда аз ҳар гектар 17,6 сентнерӣ, Шаҳринав - 10, Рўдакӣ - 12,4 ва шаҳрҳои Турсунзодаву Ваҳдат мутаносибан 4,5 – 4,9 сентнерӣ кам шудааст, ки боиси нигаронӣ мебошад.

Ҳамзамон бо ин, суръати ҷамъоварии ғалла дар ноҳияҳои Шаҳринав, Ҳисор ва Рўдакӣ ғайриқаноатбахш буда, то санаи 12-уми июл мутаносибан 19, 25 ва 45 фоизи майдонҳо даравида шудаанд. Зеро дар баробари ба таъхир мондани дарави майдони ғалладонагиҳо кишти такрорӣ низ кашол хоҳад ёфт.

Аз ин лиҳоз, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Шаҳринав, Ҳисор ва Рўдакӣ зарур аст, ки ба ҷамъоварии ҳосили майдонҳои ғалла, шудгори он ва кишти такрории зироатҳои зарурӣ суръат бахшанд.

Бояд гуфт, ки соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои водии ҳисор зиёда аз 7700 гектар пахта кишт гардидааст, ки ин 12 фоизи майдони умумии заминҳои корами обиро ташкил медиҳад. ҳол он ки ин нишондод дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ба 60-65 фоиз мерасад. Бо вуҷуди он ки дар чор соли охир дар водии мазкур майдони кишти пахта ду баробар кам гардидааст, ҳосилнокии майдонҳои пахта низ ҳамасола коҳиш ёфта истодааст.

Танҳо соли гузашта ноҳияҳои тобеи марказ майдони кишти пахтаро нисбат ба соли 2008-ум ду-дуюним баробар кам карда буданд.

Имсол низ ноҳияҳои ҳисор ва Шаҳринав масоҳати онро нисбат ба соли гузашта мутаносибан 285 ва 232 гектарӣ коҳиш додаанд, ки ин нишонаи аз манбаи сердаромад торафт дур шудани хоҷагиҳо ва маҳдуд гардидани ҷойҳои корӣ мебошад.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки парвариш ва нигоҳубини пахтазорҳои мавҷуда низ дар ҳамаи ноҳияҳои водӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст ва ҳавасмандсозиву ба кори саҳро сафарбар кардани аҳолӣ суст мебошад.

Шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Рўдакӣ ва Ваҳдат манбаи асосии истеҳсоли сабзавот буда, аҳолии шаҳру ноҳияҳои дигар, аз ҷумла пойтахтро бо ин намуди маҳсулот тамоми фасли сол таъмин менамоянд.

Соли равон дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии ин шаҳру ноҳияҳо дар майдони 3300 гектар сабзавот кишт намуда, истеҳсоли онро ба 85 ҳазор тонна расонидаанд. Ба ҳолати 12-уми июл дар ин шаҳру ноҳияҳо 69 ҳазор тонна сабзавот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 30 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Боиси қаноатмандист, ки соли ҷорӣ ҳосилнокии миёнаи ҳар гектар сабзавот назар ба соли гузашта қариб 19 сентнерӣ зиёд мебошад.

Бо вуҷуди ин, қариб ҳамаи шаҳру ноҳияҳо парвариши баъзе намудҳои сабзавот, аз ҷумла сабзиро кам намудаанд, ки имрўзҳо боиси гарон шудани нархи он гардидааст.

Дар ноҳияҳои водии Рашт, ки шароити хуби парвариши сабзии баҳорӣ вуҷуд дорад, аз ин имконият дуруст истифода бурда намешавад.

Аз ин лиҳоз, Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзиро зарур аст, ки технологияи парвариши сабзиро дар водии Рашт омўхта, ҷиҳати ба роҳ мондани кишти он пешниҳоду тавсияҳо манзур намоянд.
Ба ҳама маълум аст, ки кишоварзони ноҳияҳои Рўдакӣ, Ҳисор ва шаҳри Ваҳдат дар руёнидани ду ва ҳатто се ҳосил аз як замин имконият ва таҷрибаи кофӣ доранд.

Бо мақсади ба кулли кишоварзон ҳамчун намунаи ибрат нишон додани кори онҳо ва паҳн гардидани таҷрибаашон дар саросари мамлакат ду сол пеш ман аз баъзе хоҷагиҳои ин шаҳру ноҳияҳои дидан карда, бо шумо дар хусуси истифодаи оқилона ва самарабахши замин, бахусус кишти такрорӣ сўҳбату вохўриҳо доштам.

Вале мутаассифона, аз чӣ сабаб бошад, ки ба ҷои густариш ва вусъат додани кишти такрорӣ кишоварзони шаҳру ноҳияҳои мазкур ҳоло имкониятҳои доштаашонро дар ин самт торафт аз даст дода истодаанд.

Чунонки аз маълумоти фаврӣ бармеояд, то 12-уми июл дар ноҳияи ҳисор ба ҷои 5 ҳазор гектар ҳамагӣ дар 765 гектар, ноҳияи Шаҳринав ба ҷои 2500 гектар дар 150 гектар, ноҳияи Рўдакӣ ба ҷои 5900 гектар дар 2050 гектар замин кишти такрорӣ гузаронида шудаасту халос.

Шумо хуб медонед, ки мо бо мақсади афзун гардонидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ба ҳамин роҳ таъмин кардани ҳифзи амнияти озуқавории кишвари худ масъалаи вусъат додани кишти такрориро мунтазам таъкид менамоем.

Вале дар баъзе шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла ноҳияи ҳисор ба ҷои кишти такрории сабзавоту ғалладона асосан зироатҳои хўроки чорво кишт мекунанд, ки 47 фоизи майдони умумии кишти такрориро ташкил медиҳад.

Дар шароите, ки дар давлатҳои истеҳсолкунандаи ғалла ва воридкунандаи он хушксолӣ омадааст ва ҳосилнокии зироатҳои ғалла дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ нисбат ба соли гузашта паст шуда, нархи он дар бозор баланд шуда истодааст, ба мо зарур аст, ки ҳангоми кишти такрорӣ, пеш аз ҳама ба зироатҳои ғалладона ва сабзавот афзалият диҳем.

Аз ин рў, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зарур аст, ки дар хусуси ҷалби таваҷҷўҳи бештари кишоварзон ба кишти такрории зироатҳои ғалладона чораҳои муассир андешанд.

Бояд гуфт, ки дар ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ноҳияҳои водии Рашт бо истеҳсол ва ба бозори дохилӣ ворид намудани картошка ва мева метавонанд саҳми бештар гузоранд. Вале солҳои охир дар ҳамаи ноҳияҳои водӣ истеҳсоли ҳам мева ва ҳам картошка кам шудааст.
Имрўзҳо бисёр боғҳои дарахти қаблан мавҷуда аз беаҳамиятӣ хушк шуда, ташкили боғҳои нав низ ҳанўз ба талабот ва нишондоди нақшаҳо ҷавобгў нестанд.

Вазъи кишт ва парвариши картошка низ дар водии мазкур чандон қонеъкунанда нест. Дар айни ҳол дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тавилдара, Тоҷикобод ва ҷиргатол дар масоҳати беш аз ду ҳазор гектар картошка кишт шудааст ва мувофиқи нақша бояд аз ин миқдор замин зиёда аз 60 ҳазор тонна картошка истеҳсол карда шавад.

Зикр намудан бамаврид аст, ки соли гузашта дар мамлакат зиёда аз 760 ҳазор тонна, аз ҷумла дар ноҳияҳои водии Рашт 200 ҳазор тонна картошка истеҳсол шуда буд, вале соли ҷорӣ дар бозорҳои шаҳрҳои Душанбе, Кўлоб, қўрғонтеппа ва ҳатто худи ноҳияҳои водӣ картошкаи истеҳсоли Покистону Эрон фурўхта мешуд.

Мувофиқи натиҷаҳои санҷиши кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президент, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ соли гузашта дар як қатор ноҳияҳои водӣ дар масъалаи кишти картошка изофанависӣ, яъне худфиребӣ ошкор гардидааст ва нишондиҳандаҳои истеҳсолии картошка дар онҳо таҳти шубҳа қарор доранд.

Барои таъмини хоҷагиҳои картошкапарварии кишвар соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби буҷет 6 миллион сомонӣ ҷудо намуда, тавассути Вазорати кишоварзӣ 2100 тонна тухмии хушсифати картошка харидорӣ намуд.

Аз ин лиҳоз, ба Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои водии Рашт майдонҳои аслии кишти онро муайян намуда, барои парвариши картошка ба деҳқонон маслиҳату тавсияҳои дахлдор диҳанд.

Аз нишондиҳандаҳои шашмоҳаи соли ҷорӣ бармеояд, ки дар соҳаи чорводории шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, ба истиснои истеҳсоли гўшт пешрафти муайян таъмин карда шудааст. Вале дар тайёр кардан ва захира намудани хўроки чорво, ки асоси пешрафти соҳа мебошад, ташкили кор суст ба роҳ монда шудааст.

Инчунин мехоҳам таъкид намоям, ки дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳанўз ҳодисаҳои ғасби заминҳои корам, сохтмони ғайриқонунии хонаҳои истиқоматӣ ва дар ин замина рўй додани кирдорҳои коррупсионӣ зиёданд.

Дар ҳоле ки мо ба сохтору мақомоти дахлдор дар робита ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ супориш дода будем. Вале ба истиснои ноҳияи Ҳисор мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии дигар шаҳру ноҳияҳо дархост ва дигар ҳуҷҷатҳои заруриро то ба ҳол ба ҳукумати мамлакат пешниҳод накардаанд.

Тавре ки аз таҳлили мухтасари вазъи соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дида мешавад, кор на дар ҳамаи самтҳо мувофиқи талабот ва тибқи имкониятҳо ба роҳ монда шудааст.

Аз ин лиҳоз, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои зикршуда ва фароҳам овардани заминаи зарурӣ барои ҳифзи боэътимоди амнияти озуқавории мамлакат иҷрои вазифаҳои зеринро ногузир мешуморам:

1. Ба Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ваҳдат, Шаҳринав, Рўдакӣ, Ҳисор дар бораи то охири ҳамин моҳ анҷом додани ҷамъоварии зироатҳои ғалладона, то 10 августи соли равон пурра ба охир расонидани кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ ва тибқи талаботи агротехникӣ ба роҳ мондани нигоҳубини пахтазор чораҳои муассир андешанд.

2. Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то 1-уми сентябри соли 2010 таҳия ва ба ҳукумати мамлакат пешниҳод намудани парвандаҳои заминсозиро дар бораи ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин намоянд.

3. Муовини Сарвазири ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон аз ҳисоби кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президент, Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ ва Агентии омор гурўҳи корӣ таъсис дода, масъалаи заминҳои аслии кишти картошкаро дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тавилдара, Тоҷикобод ва Ҷиргатол мавриди санҷиш қарор дода, аз натиҷааш то охири моҳи августи соли равон ба Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш пешниҳод намояд.

ҳамзамон масъалаи тухмии картошкаи аз ҳисоби маблағи буҷет харидоришуда, майдони кишти картошка ва ҳолати сабзиши онро пурра омўхта, ба ҳукумати кишвар то 10-уми августи соли ҷорӣ маълумоти муфассал пешниҳод кунад.

4. Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои водии Рашт доир ба рушди соҳаи боғдорӣ тадбирҳои судманд андешанд ва аз натиҷаи татбиқи онҳо ба ҳукумати мамлакат мунтазам маълумот пешниҳод созанд.

5. Вазорати кишоварзӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҷиҳати беҳтар намудани зоти чорво, рушди соҳаҳои боғдорӣ, занбўри асалпарварӣ, паррандапарварӣ ва моҳипарварӣ дар асоси барномаҳои давлатии соҳавӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия карда, иҷрои онро таъмин намоянд.

6. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Рудакӣ, Ваҳдат ва Файзобод якҷо бо Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади таъминоти беҳтари бозорҳои пойтахт бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ дар бораи ташкил намудани ярмаркаҳои фурўши онҳо тадбирҳои фаврӣ андешанд.

7. Бо дарназардошти фаъолияти сусти корхонаҳои пахтатозакунӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳои пахтакор ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ зарур аст, ки дар ин самт чораҳои қатъӣ ва бетаъхир андешанд ва дар назар дошта бошанд, ки ба роҳ мондани фаъолияти дурусти корхонаҳои мазкур боиси бо ҷои корӣ таъмин шудани садҳо нафар одамон мегардад.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар баробари рушди соҳаи кишоварзӣ истеҳсолоти саноатӣ низ дар ҳифзи амнияти озуқаворӣ, инчунин дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат аҳамияти муҳим дорад.

Зеро дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ имкониятҳои ташкили корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ зиёданд. Дар ин замина танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби соҳибкорон дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ваҳдат, Рўдакӣ, Ҳисор чор корхона ва ду сехи коркарди маҳсулот сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки дар онҳо дар маҷмўъ зиёда аз 200 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд. Имрўзҳо сохтмони якчанд сеху корхонаҳои нави дигар идома дорад.

Боиси қаноатмандист, ки як қатор корхонаҳои соҳаи хўроквории ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли маводи ғизоиро зиёд намудаанд. Вале таъкид месозам, ки ин ҳанўз нисбат ба имкониятҳои мавҷуда хеле кам аст ва талаботи бозори истеъмолии кишварамонро қонеъ гардонида наметавонад.

Аз ин рў, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зарур аст, ки ташкили корхонаҳои истеҳсоливу коркарди ашёи хоми ватаниро вусъат дода, бо ин роҳ барои ҳарчи камтар кардани сатҳи вобастагии кишвар аз маҳсулоти воридотӣ, бахусус маводи ғизоӣ кўшиш намоянд.

Бо қувваи барқ ва гази табиӣ таъмин намудани соҳаҳои иқтисодии мамлакат ва аҳолӣ, инчунин ҷамъоварии маблағи барқу гази истифодашуда масъалаҳое мебошанд, ки ҳамеша таҳти таваҷҷўҳи ҳукумат ва сохтору мақомоти он қарор доранд.

Бо мақсади беҳбуди вазъи таъминот бо барқ то ба имрўз дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар маҷмўъ 88 нерўгоҳи хурд бунёд ва ба истифода дода шуда, сохтмони 8 нерўгоҳи хурди дигар идома дорад. Дар ояндаи наздик сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани 81 нерўгоҳи хурд ба нақша гирифта шудааст.

Аз ин лиҳоз, Вазорати энергетика ва саноат, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазифадоранд, ки сохтмони иншооти хурди энергетикии ба нақша гирифташударо дар мўҳлатҳои пешбинишуда таъмин намоянд.

ҳамчунин ба Вазорати энергетика ва саноат, Ширкати "Барқи Тоҷик" ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зарур аст, ки ҷамъоварии маблағи барқу гази истифодашуда, омодагии ҳаматарафа ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2010-2011, ташкили нуқтаҳои фурўши ангишт ва гази моеъро дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо таъмин созанд.

Дар раванди иҷрои вазифаҳои гузошташуда, аз ҷумла дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳалли мушкилоту проблемаҳои мавҷуда доимо як нуктаро дар хотир бояд дошт, ки вазъи мусоиди обу ҳаво ҳамеша муяссар намегардад, яъне чунонки кишоварзони ботаҷриба медонанд, баракати деҳқонӣ ҳар сол як хел намешавад.

Бинобар ин, ҳамаи мутахассисону масъулон, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҳар касе, ки як порча замини кишт дар ихтиёр дорад, ҳар рўзи мусоидро ғанимат дониста, барои зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намоянд.

Шумо бояд шукрона кунед, ки дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, махсусан водии ҳисор барои рушди деҳқонӣ Худованд ҳамаи имкониятҳоро ато кардааст. Фаромўш набояд кард, ки водии ҳисорро беҳуда мулки зарнисор нагуфтаанд.

Дигар ин, ки мардуми Тоҷикистон ҳоло дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – бистсолагии истиқлолияти давлатӣ қарор доранд ва аз ҳар кадоми шумо – роҳбарону масъулони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки дар ин ҷо ҳузур доред, чӣ гуна ва бо чӣ дастовардҳо истиқбол гирифтани ин санаи таърихиву тақдирсози халқамон вобаста мебошад.

Вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ дар арафаи ин ҷашн бояд шиори доимӣ ва ҳаррўзаи ҳар як фарди бонангу номус ва ватандўсту ватанпарвар бошад.

Ман ба ғайрату ҳиммат ва таҷрибаи кишоварзони ин минтақаи кишварамон итминони комил дорам ва бовар дорам, ки онҳо норасоиву мушкилоти имрўзаро дар мўҳлатҳои кўтоҳтарин бартараф намуда, мисли ҳарвақта дар фаровонии дастурхони мардумамон, ободиву сарсабзии ватанамон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон саҳми арзандаву сазовори худро мегузоранд.

Дар ин роҳи хайр ба ҳамаи шумо барори кор мехоҳам.

Саломат бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520