Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди шабакаи таъминоти аҳолии шаҳри Конибодом бо оби босифати нӯшокӣ

27.06.2018 11:01, шаҳри Конибодом

27 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба шаҳри Конибодом ташриф оварда, дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди Шабакаи таъминоти аҳолии шаҳри Конибодом бо оби босифати ошомиданӣ иштирок намуданд.

Барқарорсозии иншооти мазкур дар асоси созишномаи Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои “Шимоли Тоҷикистон” бо сарфи беш аз 40 миллион сомонӣ маблағҳои қарзию грантӣ анҷом дода шуда, 25 ҳазор нафар аҳолии шаҳр бо оби босифати ошомиданӣ таъмин гардиданд.

Лоиҳаи системаи обтаъминкунии шаҳрҳои “Шимоли Тоҷикистон” аз моҳи марти соли 2014 оғоз шуда, 6 шаҳру ноҳияи вилояти Суғдро дар бар мегирад. То ба имрӯз дар асоси ин лоиҳа дар шаҳрҳои Бӯстону Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо харҷи беш аз 80 миллион сомонӣ корҳо анҷом пазируфта, сокинон бо оби босифати ошомиданӣ таъмин гардидаанд.

Корҳои барқарорсозӣ дар доираи ин лоиҳа дар шабакаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои Истиқлол, Конибодом ва Исфара гузаронида шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта дар шабакаҳои обтаъминкунии шаҳри Конибодом баҳои баланд дода, ба масъулин барои истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогардида ва анҷоми босифати дигар корҳо дастуру ҳидоятҳо доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи Шабакаи обёрӣ ва таъмини аҳолии шаҳри Конибодомро бо оби босифати ошомиданӣ туҳфаи арзандаи давлату Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои таҷлили 21-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520