Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

10.07.2010 16:00, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Субҳи имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Истаравшан ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ташриф оварда, як қатор иншооти навбунёдро мавриди истифода қарор дод ва бо табақаҳои гуногуни аҳолӣ мулоқоту сўҳбатҳо намуд.

Бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин ноҳия нахуст корхонаи муштараки истеҳсолии Тоҷикистону Юнон Олимпия ба кор дароварда шуд, ки бо харҷи беш аз 1,5 миллион евро барои тозакунӣ, яккачинӣ ва заҳролудсозии тухмии зироатҳои гуногун бунёд ёфтааст. Таъсисдиҳандаи ин корхона аз ҷониби Тоҷикистон ширкат Хуҷанд инвесткоотон мебошад, ки фаъолияти гуногунсамти тиҷоратию саноатӣ дорад. Корхона бо харҷи 2 миллиону 130 ҳазор евро бунёд ёфта, дар он 50 нафар соҳиби кори хуб гаштаанд.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ин корхона қодир аст дар як соат 4 тонна чигити тухмӣ ва ё 10 тонна тухмии ғаладонагӣ ва дигар зироатҳоро коркард намуда, барои кишт пешниҳод намояд.

Чунонки маълум шуд, иқтидори корхона барои таъмини тамоми хоҷагиҳои кишоварзии мамлакат бо тухмии хушсифат басандагӣ мекунад. Бо вўҷуди ин, бо назардоштии дурии масофаи миёни минтақаҳои кишвар Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки яктогӣ чунин корхонаҳо дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ низ бунёд карда шаванд.

Ба гуфти мутахассисон, кишти тухмиҳои покшуда ва хушсифати ин корхона имкон медиҳад, ки хароҷоти киштукор ва нигоҳубини пахта ва дигар зироатҳо 4 баробар кам шавад. Аз чигити тухмии дар ин ҷо коркардшуда дар як гектар коридани 25 кг басанда будааст, ҳол он ки аз тухмиҳои муқаррарии пахтаи то ин вақт киштшаванда дар як гектар аз 80 то 150 кг сарф мешавад. Дар сурати кишти тухмии покшуда зарурати ягона кардани ниҳолҳои пахта низ аз байн меравад.

Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқонии Халилмахсум ташриф оварда, нашъунамои ниҳолҳои пахтаро аз наздик мушоҳида намуд ва бо деҳқонон сўҳбатҳо анҷом дод.

Чунонки иттилоъ дода шуд, хоҷагӣ дорои 81 гектар замин ва 80 аъзо мебошад. Дар 40 гектари он тухмии хушсифати пахтаи навъи Хуҷанд - 67 кишт намудаанд. Соли гузашта онҳо аз ҳар гектар замин 35 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ намудаанд, имсол бошад ин нишондиҳандаро ба 40 сентнерӣ расонданианд.

Аҳли хоҷагӣ ҳамчунин бо боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва ғаллакорӣ машғул буда, ризқу рўзии худ ва хонаводаашонро аз замин ба даст меоранд.

Дар деҳаи қистакузи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як мактаби навбунёд барои 280 хонанда дар як баст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Таваккал Воситов бо харҷи қариб 800 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст.

Чунонки маълум шуд, то ин вақт наздики 300 нафар хонандагони синфҳои болоии ин деҳа ба мактабҳои деҳоти дигар мерафтаанд, ки дар масофаи хелу дур қарор доранд. Аз ин хотир шодию нишоти мактаббачагони деҳаро аз ин икдоми наку ва саховатмандона ҳадду канор нест.

Бинои мактаб аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дорои 13 синфхона, аз ҷумла утоқҳои технологияи иттилоотӣ, физика, химия-биология, озмоишгоҳи химия, технология, рўзгордорӣ ва ҳамчунин китобхона, утоқҳои маъмурӣ ва ошхона мебошад.

Бо хушнудӣ мужда расонда шуд, ки аз оғози соли нави хониш 320 нафар хонандагони синфҳои 1-11 дар ду баст дар ин мактаб таҳсилро оғоз менамоянд. Ба хонандагон 19 нафар омўзгорони соҳибихтисос, ки бештари онҳо истиқоматкунандагони ҳамин деҳа мебошанд, таълиму тарбия медиҳанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия дастур дод, ки дар назди мактаб як толори калони варзишӣ низ бунёд карда шавад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба мактаби навбунёд 10 адад компютер ва дигар таҷҳизоти техникии таълим тўҳфа намуд.

Дар сўҳбат бо аҳли мактаб ва деҳа, ки ба муносибати ин рўйдоди фараҳбахш ба ин ҷо ҷамъ омада буданд, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки ба ҷамоати деҳоти қистакуз номи аслӣ ва бостонии он Хистеварз баргардонда шавад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Зимни боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз зардолубоғи хоҷагии деҳқонии Воҳидсаркор, аз ҷумла зикр гардид, ки имсол ҳосили зардолу хеле фаровон аст ва боғдорон умед доранд, ки аз ҳар гектари он то 50 сентнерӣ мева ҷамъоварӣ намоянд. Дар воқеъ ҳосили зардолу дар боғоти ин хоҷагӣ ба ҳадде зиёд аст, ки шоху навдавҳои дарахтон сар ба замин фурўд овардаанд.

Дар ҳамин ҷо ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар мавсими гузаштаи ниҳолшинонӣ дар майдони 5714 га заминҳои вилояти Суғд боғҳои нав бунёд ёфтаанд, ки наздики 4400 гектараш зардолубоғ мебошад. Умуман аз 48 ҳазор гектар боғоти вилояти Суғд 38 ҳазорашро боғҳои зардолу ташкил медиҳанд, ки аз он 23 ҳазор гектараш ҳосилдиҳанда мебошанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба боғдорон оид ба васеъ намудани боғҳои зардолу, хуб ба роҳ мондани басту банди мева бо шаклу намои муосири бозоргир ва ба яке аз нишонаҳои Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ табдил додани зардолуи хушк маслиҳатҳои муфид дод.

Дар хоҷагии деҳқонии Исҳоқбой Додобоеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бошад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон заминҳои кишти такрории сабзавоту лўбиёгиҳоро аз назар гузаронд.

Зимни сўҳбат зикр гардид, ки аҳли хоҷагӣ баъди ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалладона рўзи 26 июн дар майдони 4,5 гектар лўбиё кишт намудаанд, ки дар муддати кўтоҳ аллакай нашъунамои хуби он ба назар мерасад. Умуман хоҷагӣ 80 гектар замин дар ихтиёр доштааст, ки наздики 50 гектари онро зардолубоғ ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҷо ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки мутобиқи нақша бояд дар майдони 51 ҳазор гектар заминҳои вилояти Суғд кишти такрорӣ ба роҳ монда шавад. Айни ҳол дар 10 ҳазор гектар аллакай сабзавоту полезӣ, лубиёгиҳо ва зироатҳои хўроки чорво баъди ҷамъоварии ғалладона кишт карда шудааст.

Дар боғи хоҷагии деҳқонии Турсунов Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо собиқадорони сершумори ҷангу меҳнат мулоқот намуда, бо онҳо оид ба мавзўъҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла таълиму тарбияи насли наврас, танзими расму оини мардумӣ ва тарғиби фарҳанги волои истифодабарӣ аз заминҳои ҳосилхез, обу ҳаво ва табиати биҳиштосои Тоҷикистон сўҳбатҳои дилнишин анҷом дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520