Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи мактаби нав дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

10.07.2010 15:00, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Омўзгорон ва падару модарони мўҳтарам!
Хонандагони азиз!

Имрўз мову шумо боз ба муносибати як рўйдоди хотирмон, яъне мавриди истифода қарор гирифтани бинои мактаби нав дар ҳудуди ҷамоати деҳоти бостонии Хистеварз ҷамъ омадаем, ки бо ташаббуси марди саховатпешаи ҳамин диёр сохта шудааст.

Ба ин муносибат ҳамаи шумо-ҳозирини гиромиро самимона табрик гуфта, бароятон саломативу саодатмандӣ ва комёбиву муваффақиятҳо орзумандам.

Чунонки шумо огоҳ ҳастед, дирўз ба муносибати сохта ба истифода додани мактаби нав дар шаҳри Истаравшан вобаста ба соҳаи маориф андешаҳои худро иброз карда будам.

Ҳоло низ мехоҳам бори дигар таъкид созам, ки соҳаи маориф нисбат ба дигар соҳаҳои иҷтимоӣ барои ба вуҷуд овардани ҷомеаи пешрафта ва соҳибмаърифат нақши ҳалкунанда дорад ва ҳеҷ як давлат ва ҷомеа наметавонад бе рушди соҳаи маориф ба пешрафту тараққиёти соҳаҳои дигари иҷтисодиву иҷтимоӣ ноил гардад.

Бо дарназардошти муҳимияти масъала давлату ҳукумати мамлакат ислоҳоти соҳаи маорифро пайгирона татбиқ карда истодааст.

Бо ин мақсад фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил ва таъмини муассисаҳои таълимӣ, пеш аз ҳама, бо китобҳои дарсӣ, лавозимоти хониш ва техникаву технологияи компютерӣ солҳои охир дар тамоми қаламрави кишвар, аз ҷумла дар вилояти Суғд як силсила корҳои назаррас ба анҷом расиданд.

Имрўз мо дилпурона гуфта метавонем, ки соҳаи маорифи кишвар нисбат ба панҷ соли пеш, аллакай ба дастовардҳои хеле назаррас соҳиб гардида, зина ба зина мушкилоту норасоиҳои мавҷудаи он бартараф шуда истодаанд. Барои мисол, панҷ сол пеш дар соҳаи маориф се масъалаи асосӣ, яъне норасоии ҷои нишаст, таъмиру таҷдиди мактабҳо, камбуди китобҳои дарсӣ ва лавозимоти мактабӣ вуҷуд дошт. Мо барои ҳалли онҳо аз тамоми захираву имониятҳо истифода бурда, масъалаҳои асосии соҳаро дар доираи нақшаву чорабиниҳои ҳукуматӣ то андозае ҳал кардем.

Ҳоло низ дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар масъалаи таъминоти мактабҳо мушкилоти муайян вуҷуд доранд, мо аз онҳо огоҳ ҳастем ва ба масъулони соҳа супориш додем, ки дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф ҳамаи норасоиҳои мавҷударо бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ҳаллу фасл намоянд.

Яке аз роҳҳои бартараф намудани проблемаҳои соҳаи маориф дар баробари давлату ҳукумат истифода аз нерўи падару модарон ва соҳибкорону шахсони ҳимматбаланду саховатманди Ватанамон мебошад.

Таърихи халқи тоҷик гувоҳ аст, ки аз қадимулайём дар шаҳрҳои бостонии Мовароуннаҳр шахсони сарватманду саховатпеша мадрасаҳо, пулу корез ва работу корвонсаройҳо бунёд мекарданд, ба заминҳои ташналаб об мебароварданд ва дили ятимону маъюбонро бо сахову эҳсони худ ба даст меоварданд, ки аз корҳои хайри инсоният ба ҳисоб рафта, онро дар дини мубини ислом садақот ва савоби ҷория мегўянд. Ва ҳар касе, ки ин гуна амалҳои хайру савобро анҷом диҳад, Худои таоло ўро соҳиби иззату икром мегардонад.

Чунонки дирўз мо шоҳид будем, як мактаби наву замонавӣ аз ҷониби роҳбарони хоҷагии деҳқонии «Бобо Аюбҷон» ва сокинони деҳаи Наймани шаҳри бостонии Истаравшан ифтитоҳ гардид ва ҳоло мо боз дар ҷамоати овозадори қистакўз ё Хистеварзи таърихӣ қарор дорем, ки ин даргоҳи илму хирад ва маъбади донишу маърифат бо ташаббуси фарзанди ҳамин диёр соҳибкор Таваккал Воситов қомат рост кардааст.

Бинобар ин, барои анҷоми ин кори хайру савоб, ки аз ҷониби ин марди саховатпешаву адабпарвар сурат гирифтааст, миннатдории худро иброз менамоям.

Хотирнишон месозам, ки мо ҳамеша ташаббусу имдоди башардўстонаи ташкилоту корхонаҳо, соҳибкорону тоҷирон, ашхоси инфиродиву дигар вазорату идораҳои соҳавии мададрасонро дар бобати мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта, ба истифода додану бо таҷҳизоти техникӣ, китобҳои дарсӣ ва айёниятҳои зарурӣ таъмин намудани мактабҳои таҳсилоти минтақаҳои сераҳолии кишвар, ки аз нарасидани ҷойи нишасти хонандагон танқисӣ мекашанд, дастгирӣ мекунем.

Мо бояд барои наврасону ҷавонон тамоми шароити таҳсилро муҳайё созем, зеро онҳо пешбарандаву давомдиҳандаи кору фаъолияти мо мебошанд ва ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву сиёсии минбаъда ба дасти онҳо мегузарад. Бинобар ин, онҳо бояд ҳамчун шахсиятҳои соҳибмаърифату донишомўхта ва кадрҳои лаёқатманд ба камол расанд.

Мактаби мазкур аз ду ошёна иборат буда, барои таҳсили 340 хонанда пешбинӣ шудааст. Он аз 14 синфхона ва синфҳои фаннӣ, лабораторияи муҷаҳҳаз бо воситаҳои таълимӣ, китобхона, утоқҳои маъмурӣ, ошхона ва майдончаи варзишӣ иборат мебошад.

Дар баробари ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба маблағи 120 ҳазор сомонӣ васоили хониш, аз қабили мизу курсӣ, китобҳои дарсӣ, тачҳизоти лабораторӣ ва компютерӣ ҷудо кардааст.

Ман мебинам, ки имрўз хурсандии падару модарон ва хусусан хонандагони азизи ин мактаб ҳадду канор надорад. Зеро солҳои пеш хонандагони ин деҳа ба мактабҳои деҳоти ҳамсоя рафта, таҳсил мекарданд, вале аз оғози соли хониши нави 2010 -2011-ум 320 нафар хонандагони ин деҳа дар ду баст таҳсилро дар мактаби деҳаи худ идома медиҳанд. Ва 20 нафар муаллимони ҳамин деҳа ба таълиму тарбияи онҳо шурўъ менамоянд.

Мо аз ифтитоҳи ин мактаб хеле қаноатмандем, зеро ин ноҳия номи яке аз фарзандони фарзонаву ҷонфидои Тоҷикистон, яъне Бобоҷон Ғафуров, соҳиби китоби мўътабар ва шаҳодатномаи миллат - «Тоҷикон»-ро дорад. Мо бо ифтитоҳи ин даргоҳи илму маърифат итминон дорем, ки шумо-хонандагони азиз бо дониши хубу аъло, рафтори намунавӣ, ахлоқи накўву шоиста ворису номбардори қаҳрамони Тоҷикистон - Бобоҷон Ғафуров мегардед. Шумо ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки бо хониши аъло ва сифатҳои ҳамидаи худ рўҳи бузургвори ин фарзонаро шод мегардонед.

Ҳар кадоматон бояд Ватани азизу маҳбуби худро мисли Бобоҷон ғафуров азизу муқаддас донед ва кўшиш кунед, ки дар оянда барои ободониву пешрафти он саҳми арзанда гузошта тавонед.

Бо ҳамин умедҳои нек бори дигар шуморо ба муносибати ифтитоҳи мактаби нав самимона табрик гуфта, бароятон хонишу хубу аъло ва саломативу хушбахтиҳо орзу менамоям.

Ҳамеша сарбаланду обод бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520