Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ

08.07.2010 14:00, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии вилояти Суғд ва сўҳбатҳои наздик бо мардум ба шаҳру ноҳияҳои ин вилоят сафар намуд.

Зимни сафар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагиҳои деҳқонӣ, корхонаҳои саноатӣ, ширкатҳои соҳибкорӣ ва муассисаҳои иҷтимоии як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дидан карда, дар охир бо роҳбарият ва фаъолони вилоят оид ба натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқи он дар нимсолаи якуми соли равон ва нақшаҳои минбаъда машварати корӣ доир мекунад.

Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ оғоз ёфт. Мардуми шукргузор аз сиёсати ваҳдатоварӣ ва созандагию бунёдкорӣ ўро бо самимияту муҳаббати зиёд истиқбол гирифтанд.

Дар ин ноҳия Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз заминҳои корам ва боғҳои хоҷагии деҳқонии ба номи Холмаҳмад Шоев ва Шариф Ҳасанов дидан карда, бо деҳқонону боғдорон аз наздик сўҳбат намуд. Тавре ки маълум шуд, деҳқонони ин хоҷагиҳо асосан бо картошкапарварӣ машғул буда, бо истифода аз тухмиҳои хушсифат аз ҳар гектар то 450 сентнерӣ ҳосил мерўёнанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз фарҳанги баланди истифодабарии заминҳои корам дар ин ноҳия изҳори қаноатмандӣ намуд, зеро ки деҳқонон аз ҳар ваҷаби он пурсамар истифода мебаранд. Зимни сўҳбат ҳамчунин зикр гардид, ки имсол деҳқонони ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ дар майдони 1700 гектар замин картошка кишт намуданд ва аз он 60 ҳазор тонна ҳосил рўёнданианд.

Дар деҳаи Лангари ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як нерўгоҳи хурди обӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки иқтидори лоиҳавиаш 70 кВт/соат аст. Иттилоъ дода шуд, ки бе насби агрегати иловагӣ имкони то 130 кВт/соат зиёд намудани иқтидори ин нерўгоҳ мавҷуд аст. Роҳбари ширкати «Диамант ва К» Абдулвоҳид Ғаниев, ки ин нерўгоҳро бунёд намудааст дар сўҳбат бо Сарвари давлат ва мардуми ноҳия қавл дод, ки аз ҳисоби даромадҳои ширкаташ боз як нерўгоҳи хурди обӣ бунёд карда, деҳаҳои ғукат ва Даштаки ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳро пурра бо нерўи барқ таъмин менамояд.

Зимни боздид, аз ҷумла зикр гардид, ки ин нерўгоҳ бо васлу насби 2 трансформатор ва хатҳои барқӣ дар зарфи ду соли охир бо харҷи қариб 800 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст ва он метавонад 57 хоҷагии ин деҳаро бо нерўи барқ таъмин намояд.

Таъкид гардид, ки ин иншоот аз ҷумлаи 53 нерўгоҳи хурди обӣ аст, ки дар доираи барномаи бунёди нерўгоҳҳои хурд дар солҳои охир дар ҳудуди ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ бунёд ёфтаанд.

Дар ҳамин деҳа бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин як бунгоҳи тиббӣ ба истифода супурда шуд, ки дорои шароити муосир барои хизматрасонии аввалияи муоина ва муолиҷа мебошад. Зимни сўҳбат бо кормандони соҳаи тандурустӣ маълум шуд, ки аз ин ноҳия бо квотаи президентӣ 12 нафар ҷавонон ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.И.Сино қабул шудаанд, 3 нафари онҳо аллакай ин муассисаи олиро хатм намуда, имрўз ба мардуми диёри худ хизмат мерасонанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи кишоварзии ноҳия дидан кард. Чунонки аз сўҳбат бо деҳқонону боғдорон маълум шуд, парвариши картошка, занбўри асал, ғаллакорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ ва ҷамъоварию истифодаи гиёҳҳои шифобахши кўҳӣ дар ноҳия хуб ба роҳ монда шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои парвариши гусфанди навъи ҳисорӣ дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ ва умуман вилояти Суғд изҳори қаноатмандӣ намуд, зеро дар муддати кўтоҳ саршумори ин навъи гусфанди хушзот дар ноҳия ба 5 ҳазор ва дар вилояти ба 40 ҳазор сар расонида шудааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар боғи хоҷагии деҳқонии Шариф ҳасанов суханронӣ намуда, бо роҳбарият ва фаъолони ноҳия мулоқоти ошкору самимӣ анҷом дод.

Дар суханронӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки дар доираи татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ, соли 2001 барои давраи то соли 2015 қабул шуда буд, то имрўз 45 миллион сомонӣ маблағҳо равона карда шудаанд. Аз ин ҳисоб дар ноҳия зиёда аз 130 иншооти нави иҷтимоӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ бунёд ёфтаанд. Тибқи барномаи мазкур бунёди 131 иншооти дигар дар нақшаи солҳои наздик аст.

Тибқи маълумоти Сарвари давлат, имсол ба ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои қарздиҳанда қариб 8 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

ҳоло дар ноҳия ҳашт лоиҳаи инвеститсионӣ, татбиқ мешаванд, ки маблағи умумии онҳо 15,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар доираи ин лоиҳаҳо 8 иншооти соҳаи тандурустӣ ва 12 мактаб таҷдиду тармим гардида, барои муассисаҳои таълимии ноҳия қариб 40 ҳазор нусха китобҳои дарсӣ харида шудаанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мужда расонд, ки тамоми мактабҳои ноҳия аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Тоҷикистон бо мизу курсӣ ва дигар ашёи зарурӣ то моҳи сентябри соли равон пурра таъмин карда мешаванд. Ба масъулини дахлдор дастур дода шуд, ки то ҷашни 20 солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон яъне сентябри соли 2011 тамоми мактабҳои таъмирталаби ноҳия пурра навсозӣ карда шаванд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба суолу дархостҳои мардуми ноҳия посух гуфт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520