Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Айнӣ

08.07.2010 18:00, ноҳияи Айнӣ

Аз ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Айнии вилояти Суғд ташриф оварда, нахуст ба зиёрати оромгоҳи Шамси Табрезӣ, ки тибқи маълумоти зиёди таърихию фарҳангӣ ва ривоятҳои мардумӣ маҳз дар деҳаи Вешаби ноҳияи мазкур солҳои охири ҳаёти худро сипарӣ намуда, дар ҳамин ҷо ҷисмаш ба хок супорида шудааст, раҳсипор шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ў дар назди оромгоҳи Шамси Табрезӣ бо қироати оятҳо аз қуръони Маҷид ба рўҳи поки ин орифи маъруфу машҳури олам ва ҳам барои ободиву шукуфоии Тоҷикистони азиз дуои накў карданд.

Дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохтмони хатти 220 киловолтаи интиқоли нерўи барқи Суғд-Айнӣ дар фазои тантанавӣ оғоз ёфт.

Пояи нахустини ин хатти барқӣ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд. Президенти мамлакат ба мардуми ҷамъомада мужда расонд, ки ин хат дар арафаи ҷашни 20 солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон, яъне баъд аз як сол бояд мавриди истифода карор гирифта, дар роҳи таъмини истиқлоли энергетикии кишвар қадами устувор гардад.

ҳамчунин зикр гардид, ки ин хат ба 118 км тўл кашида, имкон медиҳад, ки водии Зарафшон низ тавассути хатти 500 киловолтаи ҷануб – Шимол ба шабакаи ягонаи энергетикии кишвар пайваст шуда, аз мушкилоти норасоии нерўи барқ раҳо ёбад.

Ин лоиҳаи инвеститсионӣ бо харҷи 130 миллион сомонӣ аз ҷониби ширкати ТВЕА – ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ мегардад.

Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ ва маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ дидан кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520