Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ҳангоми зиёрати марқади Шамси Табрезӣ

08.07.2010 16:00, ноҳияи Айнӣ

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Деҳаи зебою хушманзаре, ки имрўз мову шумо дар он қарор дорем, мисли аксари шаҳру деҳоти Тоҷикистони маҳбуби мо таърихи қадими беш аз ҳазорсола дорад. Номи ин деҳа дар катибаҳои маъруфи суғдӣ, ки солҳои сиюми асри гузашта ҳангоми ковишҳои бостоншиносӣ аз қалъаи Муғ ба даст омадаанд, дар ду шакл - Вешаб ва Вешак ба мушоҳида расида, ба фаровонии обу гиёҳ дар ин мавзеи файзбори кўҳистон далолат мекунад.

Вале ба андешаи ман, чизе, ки тўли садсолаҳо ба ин деҳаи дурдасти кўҳистон шўҳрату эътибор бахшидааст, қадамгоҳи бузургон ва азизу авлиё будани он аст. Мардуми деҳоти водии Зарафшон мазори бузургвори ин деҳаро ба номи Шамси Табрезӣ нисбат медиҳанд ва асрҳост, ки дармондагону ниёзмандон ин остони муқаддасро кўи арзи ниёз ва макони ибодату зиёрат қарор додаанд.

Дарвоқеъ, шинохти аҳволу осори фарзандони фарзонаи сарзамини фарҳангхезамон моро водор месозад, ки собиқаи таърихии худро хубтару беҳтар омўзем ва ба кору пайкори абармардони илму адаб, таъриху фарҳанги оламшумули гузаштаи худ арҷ гузорем.

Бо ин мақсад солҳои охир дар доираи татбиқи сиёсати фарҳангии давлат дар кишварамон ҷашнҳои бузургдошти ҳазораи “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ, 680 – солагии Мир Саид Алии ҳамадонӣ, 675-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ, 1100-солагии таъсиси давлати Сомониён, 960-солагии Умари Хайём, 2700-солагии Авесто, 1025 - солагии Абўалӣ ибни Сино, 2500 –солагии шаҳри бостонии Истаравшан, 2700-солагии шаҳри қадимаи Кўлоб, 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, 1150-солагии Одамушшуаро Рўдакӣ, 1310-солагии Имоми Аъзам, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ ва забони тоҷикӣ баргузор шуданд, ки бешубҳа ғояи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандўстиву ватанпарастии давлати навини Тоҷикистонро дар қалби пиру ҷавони мамлакат боз ҳам мустаҳкаму решадор месозанд.

Ин амр гувоҳ аст, ки давлати ҷавони мо ба арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳамеша арҷ мегузорад ва ин равандро дар давлатсозиву давлатдории худ ҳамчун зербинои суннатҳои волои фарҳангсолорӣ истифода мебарад.

Яке аз он шахсиятҳои бузургу камназири олами ирфон - Мавлоно Шамсиддин Муҳаммад ибни Алӣ ибни Маликдоди Табрезӣ мебошад, ки ҳанўз шахсияташ ба таври комил шинохта нашудааст ва оқибати кору фарҷоми тақдири асрорангезаш ҳам чандон равшан нест.

Вале мусаллам аст, ки маҳз нафаси гарм ва сухани нарми ў Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро аз тангнои хонақоҳу мадраса ба паҳнои шеъру адаби ҷаҳонгири тоҷикии форсӣ кашида, дар арсаи ҳунари шеъру шоирӣ машҳури оламиён ва маҳбуби ҳамаи давру замонҳо кард. Ин ҳақиқат ба қалами худи Мавлоно чунин тасвир ёфтааст:

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеҷ Мавлоно нашуд Мавлои Рум,
То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.

Ин орифи фарзона дар олами ирфону адаб бо номҳои Шамсиддин, Шамсулҳақ, Шамси Табрезӣ, Шамси Паранда ва Шамси Сабзпўш машҳур мебошад.
Баъзе таърихнигорону тазкиранависон, аз ҷумла Давлатшоҳи Самарқандӣ гузаштагони ўро аз Хуросон донистаанд, ки бо мақсади тиҷорат ба Табрез омада, дар ин ҷо ба таври доимӣ сукунат ихтиёр кардаанд. Шамси Табрезӣ баъд аз сайру саёҳати зиёд дар яке аз рўзҳои соли 1244 дар шаҳри қуния бо ҷалолуддин мулоқот кард ва ҳамин мулоқот дар вуҷуди Мавлоно Ҷалолуддин инқилоби рўҳоние падид овард, ки баъзе муҳаққиқон онро таваллуди дигари Ҷалолуддини Балхӣ маънидод кардаанд.

Мулоқот бо ин инсони покравишу покманиш ва орифи бузург Мавлоноро чунон шефтаву шайдои худ кард, ки ў худро аз хешону наздикон ва иродатмандон тамоман канор гирифта, курсии таълим ва маснади фатворо ба рақсу самоъ табдил дод.

Пайдо шудану ворид гаштани Шамс ба зиндагии Мавлоно Ҷалолуддини соҳибшўҳрату воломартаба таҳаввулоти амиқеро дар афкору андешаи ў падид оварда, ўро аз дарсгўиву ваъзхонӣ канор бурд ва дари дунёи шеъру тарона ва рақсу самоъро ба рўяш кушод.

Мавлоно аз ин пас ба сурудани шеър шурўъ кард ва ашъори ў тобеи табъи латифи Шамси Табрезӣ ва ҳамнавои қалби ошиқони ишқи абадият гардид.

Бори дуввум Мавлоно бо Шамси Табрезӣ муддати шаш моҳ дар ҳуҷраи мадрасае, ки дар он ҷо пеш аз мулоқот бо ин орифи комил мударрисӣ мекард, бо ҳам сўҳбат доштанд.

Аҳли қуния аз чунин сурат гирифтани ҳодиса ба шўр омаданд ва дар ҳаққи Шамси Табрезӣ бадгўиҳо карда, ўро соҳиру афсунгар эълон намуданд, ки Мавлоноро сеҳру ҷоду кардааст.

Мегўянд, ки Шамси Табрезӣ баъд аз ин моҷаро ба Султон Валад –фарзанди калони Мавлоно изҳор намуд, ки чунон ғайб хоҳад зад, то ҳеҷ кас асари ўро наёбад ва ногаҳон ғайб зад.

Мавлоно баъд аз ин воқеа бо маслиҳати дўстон ба суроғи Шамси Табрезӣ ба Димишқ рафт, вале асаре аз ў пайдо накарда, ба қуния баргашт.

Мавлоно ду сол Шамси Табрезиро ҷустуҷў кард. Вале ҳар куҷо суроғи ўро гирифт, нишоне ва асаре пайдо накард. Вале бояд гуфт, ки то ба имрўз оромгоҳи Шамси Табрезӣ, ки мегўянд ногаҳон аз қуния ғайб зад, дақиқан муайян нашудааст.

Дар кишварҳои Туркияву Эрон барои ин орифи бузург гўрхона таъин кардаанд, ки мардум барои зиёрат ба ин шаҳрҳо мераванд. Мардуми ин водии кўҳистони Тоҷикистон бошанд, гўрхонаи Шамси Табрезиро ба ҳамин деҳаи Вешаб эҳтимол медиҳанд.

Шоистаи зикр аст, ки шахсиятҳои зиёди таърихӣ, аз ҷумла бунёдгузори давлати Темуриёни ҳинд - Мирзо Бобур, шоҳи Афғонистон - Абдурраҳмонхон ва дигар шахсиятҳои маъруф дар давраҳои мухталиф мазори ба истилоҳ Шамси Табрезии ин деҳаро зиёрат кардаанд ва аз файзи раҳмати ин остони муқаддас баҳраманд шудаанд.

Амирони Бухоро низ ба ин мазор таваҷҷўҳ доштаанд, аз ҷумла бо фармони амир Насруллоҳ дар болои гўрхонаи ин бузургвор хонақоҳ сохтаанд, ки Абдурраҳмони Мустаҷир бунёди онро дар соли 1842 эҳтимол додааст.

Бисёр рамзист, ки мувофиқи нақлу ривоятҳои мардумӣ дар ҳамин хонақоҳ то айёми Инқилоби Октябр «Куллиёти Шамси Табрезӣ» - маъруф ба «Девони Кабир»-и Мавлоно ҷалолуддини Балхӣ нигаҳдорӣ мешуд, ки бар асари китобсўзиҳои даврони инқилоб эҳтимол аз байн рафтааст.
Дўстони азиз!

Миллатҳои соҳибтамаддуни бостоние, ки дар тўли садсолаҳо ранҷи истибдоди бегонагонро таҳаммул кардаанд, чун ба истиқлол мерасанд, пеш аз ҳама бо шўру шавқ саҳифаҳои дурахшони таъриху фарҳанги худро варақгардон намуда, кўшиш мекунанд, ки суннату анъанаҳои миллии худро дубора зинда созанд ва саҳми гузоштаи худро дар пешрафти тамаддуни башарӣ ба ҷаҳониён нишон диҳанд.

Миллати тамаддунофару шарафманди мо низ дар пешрафти тамаддуни башарӣ, бахусус тамаддуни исломӣ саҳми сазовору ҷовидона дорад, ки дар ин амри хайр бешубҳа бузургону донишмандони миллат нақши меҳварӣ доранд.

Аз ин рў, мо аз оғози даврони истиқлолият, бахусус пас аз анҷоми ҷанги таҳмилии дохилӣ ва имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ, ки чанд рўз пештар сездаҳумин солгарди онро ҳамчун ҷашни умумимиллӣ ботантана таҷлил намудем, арҷ гузоштан ба гузаштаи пурифтихор, гиромӣ доштани таъриху фарҳанги ғании аҷдодӣ, таҷлили солгарду зодрўзи шахсиятҳои таърихию бузургони илму ирфону адаб ва дар ҳамин замина бедор намудани рўҳи худшиносию худогоҳӣ ва эҳсоси баланди шаҳрвандии сокинони кишварро ҷузъи муҳими барномаи сиёсати фарҳангии давлату ҳукумати кишвар қарор додем.

Дар шароити таҳдиди ошкорои бўҳрони маънавӣ ва афзоиши фишори фарҳангӣ мо беш аз пеш ба панду насиҳати бузургони адаби худ ниёз дорем. Бештари андешаҳои пурҳикмати Шамси Табрезӣ низ дар рўзгори мо қобили омўзишу пайравӣ мебошанд.

Шамси Табрезӣ инсониятро тоҷи офариниш шинохта, бузургдошти ўро таъкид менамояд, ки ин ҳақиқат аз суханони зерини ў бараъло ба мушоҳида мерасад: «Каъба дар миёни олам аст... аҳли олам ҷумла рў ба ў кунанд, чу ин Каъбаро бардорӣ, саҷдаи эшон ба сўи ҳамдигар бошад».

Имрўз афроди тундраве ҳастанд, ки огоҳона ё бар асари дуруст нашинохтани асолати миллӣ ва динии мо мехоҳанд мардуми мусулмонро дар хоби ғафлат ва таҳти таъсири афкори хурофотӣ нигоҳ дошта, бо сўиистифода аз сатҳи начандон баланди маърифати диниву маънавии як қисми мусулмонон майдони фаъолияти худро густариш диҳанд ва дар зери ниқоби дин ғаразҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои нопоки худро амалӣ намоянд. Агар равшантар ифода намоем, ин нерўҳо мехоҳанд, ки динро чун саҳнаи бозиҳои сиёсӣ истифода намуда, пойдории сулҳу субот, бақои ваҳдати миллӣ, ҳаёти осоиштаи мардум, амнияти ҷомеа ва ҳифзи тартиботро халалдор созанд.

Аз ин лиҳоз, олимон ва мусулмонони кишварро зарур аст, ки неъмати бебаҳои истиқлолиятро беш аз ҳарвақта ҳифзу пуштибонӣ намуда, бо кору пайкори созандагӣ, рисолати неки ояндасозӣ, аъмоли солеҳу ахлоқи ҳамида ҳақро аз ботил шиносанд, ситезаҷўиву тундгароиро маҳкум намоянд, зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии маънавиро ҳеҷ гоҳ аз даст надиҳанд ва ватандўстиву ватанпарастиро воҷиботи имониву қарзи инсонии худ қарор диҳанд.

Гузашта аз ин, олимони моро зарур аст, ки дар муаррифӣ ва нашри осори гаронқадри ин бузургони миллат камари ҳиммат баста, осори пандомўзу ибратбахши онҳоро дастраси мардум намоянд.

Албатта, бе таҳқиқи ҷиддии илмӣ дар бораи зодгоҳу оромгоҳи бузургону орифони пешин ҳукми қотеъона баровардан душвор аст, вале эътиқоду иродат ва муҳаббату самимияти мардум бегумон бодбони киштии умеду ормонҳост, ки дар баҳри тўфонхези рўзгор онро ба соҳили мурод ва дарки ҳақиқат мерасонад.

Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам як масъалаи муҳимро, ки борҳо таъкид карда будам, хотиррасон намоям. Мо пайравони яке аз мазҳабҳои бонуфузтарини дини ислом - ҳанафия ҳастем, ки бунёдгузори он фарзанди бузурги миллати тоҷик – Абўҳанифа Нўъмон ибни Собит мебошад.

Шумо хуб медонед, ки мазҳаби мо бо фарҳанги муросову мадоро ва таҳаммулгароии худ маъруф аст. Яъне мо дар ин масъала ду ифтихор дорем: якум, ин ки асосгузори мазҳабамон парвардаи миллати худамон аст ва дуюм, ин ки ин фалсафа ва ҷаҳонбинии сулҳу таҳаммул қобили қабули тамоми инсонияти солимфикру хайрхоҳ мебошад.

Аз ин лиҳоз, ба мо ҳам қарзу ҳам фарз аст, ки аз таълимоти ҷовидонаи бузургони гузаштаамон, аз ҷумла Имоми Аъзам барои таҳкими сулҳу суботи кишварамон, муҳаббату ҳамдигарфаҳмии мардуми шарифамон ва тинҷиву ободии Ватани азизамон ба ҳадди аъзам истифода намоем.

Дар охир ба расми маъруфи ин мардум ба ризоияти Худои мутаол, ба рўҳи поки Муҳаммади Мустафо, ҷамеи анбиёву авлиё, ба рўҳи пурфутўҳи Имоми Аъзам, хусусан ба рўҳонияти ҳамин зоти поки бобаракот - Мавлоно Шамси Сабзпўши Табрезии ҳоҷатбарор ва шогирди эшон Мавлоно ҷалолуддини Балхӣ, ба рўҳонияти ҳамаи гузаштагони ҳамин манзилу макон дасти дуо бардошта, аз даргоҳи Худои меҳрубон аз дилу ҷон ободиву шукуфоии ҳарчи бештари Тоҷикистони азизамонро талаб дорем.

Тандурусту хонаободу сарбаланд бошед

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520