Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Роҳбари ширкати “Салини Импреҷило” (Salini Impregilo) Пиетро Салини

30.07.2018 11:43

Имрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ширкати “Салини Импреҷило” (Salini Impregilo) Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ширкати итолиёвии “Салини Импреҷило” оид ба иҷрои уҳдадориҳои дуҷониба дар сохтмон ва барқарорсозии иншооти гидроэнергетикии Неругоҳи барқи обии “Роғун” муҳокима гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рафти корҳои сохтмонӣ дар сарбанди неругоҳ, ки зимни як сафари корӣ мушоҳида карданд, андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки барои дар фасли тирамоҳ ба истифода додани навбати аввали агрегати неругоҳ бояд тамоми корҳо саривақт ва босифат иҷро гарданд.

Дар ҷараёни мулоқот роҳбарияти ширкати “Салини Импреҷило” ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи иҷрои уҳдадориҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ маълумот доданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки пудратчии сохтмони сарбанди Неругоҳи барқи обии “Роғун” Ширкати “Салини Импреҷило” барои татбиқи нақшаи лоиҳавии бунёди иншоот тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520