Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

04.08.2018 10:30

Имрӯз аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд қонун, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ», “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ,  гумрук, андоз, мурофиаи иқтисодӣ, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”, “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ» асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолиятро вобаста ба ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва ҳифзи маълумоти шахсӣ муайян менамояд.

Дар қонуни номбурда мафҳуми маълумоти шахсӣ,  маълумоти шахсии биометрӣ ва дигар мафҳумҳо дода шуда,  кафолати ҳифзи маълумоти шахсӣ, тартиби ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ, маҳдудиятҳои истифодаи маълумоти шахсӣ, ҳуқуқу ӯҳдадории доранда, оператор ва шахсони сеюм, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур ба танзим дароварда шудаанд.

Бо мақсади тақвияти мубориза ба муқобили коррупсия ва ба санадҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани қонунгузории ҷумҳурӣ ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, ки мутобиқи онҳо барои содир намудани ҷиноятҳои гирифтани пора ва додани пора дар ҳолатҳои вазнинкунанда татбиқи ҷазои  ҷарима манъ карда шуда, барои содир намудани  ин кирдорҳо минбаъд танҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда мешавад.

Инчунин бо ин тағйирот ба Кодекси ҷиноятӣ барои бо истифода аз интернет ба амал овардани даъвати оммавӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ва (ё) сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст.

Тағйиру иловаҳои ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон” воридгардида, тартиби пешниҳоди мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ, тартиби пур кардани бюллетени раъйпурсӣ ва эълони натиҷаи раъйпурсиро муайян менамояд. 

Тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”, “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” ва “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ”  бо мақсади такмили низоми бонкии мамлакат, таҳкими назорати низоми пардохтӣ, таҳия ва татбиқӣ чораҳои фаврии ислоҳиву таъсиррасонӣ ва батанзимдарорӣ, таъсиси маъмурияти муваққатӣ ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои он, тартиби тақсими дороиҳои ташкилотҳои қарзӣ, ки мавриди барҳамдиҳӣ қарор доранд  ва ғайраҳо ҷиҳати беҳтар намудани  вазъи ташкилотҳои қарзӣ ва ғайриқарзии молиявӣ дар шароити бӯҳрони молиявӣ, иҷрои барномаҳои давлатӣ дар самти сиёсати пуливу қарзӣ равона гардидаанд.

Қонунҳои ба имзорасида ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, такмили идоракунии давлатӣ, рушди низоми бонкии кишвар, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, пешрафту инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва беҳдошти зиндагии мардум нигаронида шудаанд.

Матни пурраи қонунҳои қабулгардида рӯзҳои наздик дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520