Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Октай Асадов

10.08.2018 15:57, Озарбойҷон

10 августи соли 2018 дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Октай Асадов мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушди робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Озарбойҷон дар доираи фаъолияти Гуруҳи дӯстии байнипарлумонӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Таъкид гардид, ки айни ҳол парлумонҳои ҳар ду кишвар дар арсаҳои гуногуни байналхалқӣ, мавқеъи худро ҳамоҳанг сохта, оид ба ҳалли масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи хеш табодули иттилоъ менамоянд.

Истифодаи таҷрибаи бойи парламентаризми Озарбойҷон барои таҳкими ҳамкорӣ ва табодули кор зарур шумурда шуд. Изҳори итминон карда шуд, ки алоқаи минбаъдаи байнипарлумонӣ метавонад ҳамчун омили муҳими таҳкимбахши муносибатҳои ду кишвар гардад.

Ҷонибҳо ҳамчунин истифодаи заминаи меъёрию ҳуқуқии равобити дуҷонибаро, ки аз санадҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байнисоҳавии сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ иборат аст, барои таъмиқи ҳамкорӣ зарур шумурданд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Октай Асадов даъват ба амал оварданд, ки дар вақти муносиб ба Тоҷикистон ташриф оранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520