Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими ифтитоҳи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов дар шаҳри Душанбе

01.07.2010 13:00, шаҳри Душанбе

Cубҳи имрўз бо иштироки Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ ёфт.

Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов дар шаҳри Душанбе дар бинои собиқ Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон, ки бо харҷи 9 миллион сомонӣ навсозӣ ва ҷиҳозонида шудааст, ҷой дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи расмии филиали ин боргоҳи ҷаҳонии илму маърифат дар шаҳри Душанбе ҳамчунин Ректори Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Михаил Ломоносов Виктор Садовничий ва бисёр шахсиятҳои намоёни дигар аз Федератсия Русия ва Тоҷикистон иштирок намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, Ректори Донишгоҳи давлатии Маскав Виктор Садовничий ва ҳайати ҳамроҳи онҳо аз синфхонаю озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла синфхонаҳои компютерии бо шабакаи интернет пайвастшуда, китобхонаи дорои хазинаи калони китобҳои илмию таълимӣ ва дастрасӣ ба интернет дидан карда, бо нахустин донишҷўёни ин филиал, ки соли гузашта барои таҳсил қабул шуда буданд, аз наздик сўҳбат намуданд.

Чунонки маълум шуд, ҳамаи онҳо савияи баланди донишу илмомўзӣ доранд, забонӣ давлатӣ ва забонҳои русию англисиро хуб медонанд. Барои дохил шудан ба ин мактаби олӣ ба як ҷой 4,5 нафар ҳуҷҷат супорида будаанд. Айни ҳол аз рўйи 2 ихтисос донишҷўён таҳсил мекунанд. Аз соли нави хониш дар ин муассисаи таълимӣ ба 3 факулта - риёзиёт, геология ва факултаи муносибатҳои байналмилалӣ 75 донишҷў қабул хоҳанд шуд.

Зимни сўҳбат бо роҳбарияти донишгоҳ ва филиали душанбегии он Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки «ба ин мактаби олӣ бояд беҳтарин довталабон тариқи озмуни шадид қабул шаванд ва сатҳи таълиму тарбияи донишҷўён ба сатҳи худи Донишгоҳи давлатии Маскав баробар бошад».

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки барои таъмини сатҳи баланди илмомўзӣ 70% омўзгорони филиал аз шаҳри Маскав ва 30% - и он аз беҳтарин омўзгорони Тоҷикистон интихоб карда мешаванд.

Тибқи иттилои расида, ҳамаи омўзгорони аз Маскав оянда бо шароити зарурии кору зиндагӣ таъмин карда мешаванд. Барои қисмате аз онҳо дар ошёнаи 9 – уми ҳамин бино иқоматгоҳ бо шароити монанд ба меҳмонхонаи муосир омода гаштааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор дошт, ки «мо метавонем ин муассисаи таълимиро ба филиали минтақавии Донишгоҳи давлатии Маскав табдил диҳем, то ки дар он натанҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, балки аз дигар кишварҳои минтақа низ таҳсили илм карда тавонанд».

Ректори Донишгоҳи давлатии Маскав Виктор Садовничий дар навбати худ иқдоми Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи ифтитоҳи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар шаҳри Душанбе «қарори пурҳикмат ва аз ҷиҳати стратегӣ санҷидаю баркашида» маънидод кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдори ҷониби Тоҷикистон дастур дод, ки то оғози соли нави хониш барои донишҷўёни ин муассисаи олии таълимӣ хобгоҳи хуб интихоб намоянд ва таъкид намуд, ки барои оянда лоиҳаи бинои наву замонавии хобгоҳ бо тамоми шароити зарурии муосир омода карда шавад.

Зимни суханронии худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ ёфтани филиали Донишгоҳи давлатии Маскавро, ки бо дастгирӣ ва ҷонибдории роҳбарияти сиёсии Тоҷикистону Русия сурат гирифтааст, «нишонаи ҳавасмандии ду кишвар ба нигоҳдории фазои ягонаи маорифӣ ва фарҳангию гуманитарӣ дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» маънидод кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520