Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов

18.08.2018 09:28, Узбекистон

18 август дар шаҳри Тошкент дар доираи сафари давлатӣ ҳамчунин мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов баргузор шуд.

Дар ҷарёани мулоқот масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи феълии робитаҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, ба Абдулло Орипов - ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба рушд ва таҳкими робитаҳои миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон барои саҳми муносиб дар густариши муносибатҳои ҳамкорӣ баҳои арзанда доданд.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки дар ҷараёни мулоқоти сатҳи олӣ байни ду кишвар мушкилоти мавҷудаи масъалаҳои ҳамкорӣ ҳалли худро пайдо кард ва мо ният дорем барномаҳои минбаъдаи ҳамкориро бо наздиктарин ҳамсояамон дар шакли шарикии стратегӣ таҳия намоем.

Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди истеҳсоли саноатӣ, таҳкиими робитаҳои бахши кишоварзӣ, тухмипарварӣ, чорводорӣ, паррандапарварӣ, истифодаи нуриҳои минералӣ дар бахши кишоварзӣ, ҳамкорӣ дар бахши туризм, дар соҳаи илму маориф, ҷудо кардани квотаҳо барои донишҷӯёни ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мабрами мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520