Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Самарқанд

18.08.2018 17:24, Ӯзбекистон

Дар шаҳри бостонии Самарқанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти  Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиеёв ҳамчунин аз расадхонаи ба номи Мирзо Улуғбек, Осорхонаи “Афросиёб”, Оромгоҳи Амир Темур ва майдони “Регистон” боздид ба амал оварда, бо таърихи бою рангини ин марказҳои қадима шиносоӣ пайдо карданд.

Тавре маълум гардид, Расадхонаи ба номи Мирзо Улуғбек соли 1428 сохта шуда, қисми асосии он аз девор бо ҳудуди 40 метр ва бо қисми кории аз 20 то 80 дараҷа иборат буд.

Дар расадхонаи Улуғбек соли 1437 Қӯрғон - номгуи осмони ситоразор тартиб дода шуда, дар он 1018 ситора дарҷ гардидааст. Дар ҳамин ҷо дарозии соли ситоравӣ 365 рӯзу 6 соату 10 дақиқа бо хатоии 58 сония муайян карда шудааст.

Дар планетария дар тахтаи махсус номи Мирзо Улуғбек дарҷ гардидааст ва ӯ дар ҷаҳон ҳамчун донишманди илми астрономӣ маълум аст.

Расадхонаи ба номи Мирзо Улуғбек аз иншоотҳои муҳимтарини асрҳои миёна мебошад, ки дар теппаи Куҳаки атрофи Самарқанд сохта шудааст.

Дар Осорхонаи “Афросиёб” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нигораҳои қадимаву нодири ин иншоот шинос шуданд.

Манзилгоҳи - Осорхонаи “Афросиёб” аз руи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ дар баробари Мароқанд пойтахти Суғдиён қадимтарин ба шумор меравад. Афросиёб тибқи Шоҳномаи Фирдавсӣ шоҳи Турон буд.

Дар шаҳри Самарқанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба таърихи қадимаи ин шаҳри бостонӣ майдон ва ансамбли ёдгории “Регистон”-ро тамошо карданд.

Ин ёдгори аз мадрасаҳои “Улуғбек”, “Тиллокорӣ” ва мадрасаи “Шердор” иборат мебошад ва он имрӯзҳо ба макони сайру саёҳати сокинон ва сайёҳон мубаддал гардидааст. Майдони “Регистон” ба асрҳои XV-XVI тааллуқ дорад.

Макони дигари таърихие, ки дар доираи сафари давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он боздид ба амал оварданд, оромгоҳи Амир Темур мебошад.

Ёдгорӣ соли 1404 аз ҷониби Амир Темур барои набераи дӯстдоштааш Муҳаммад Султон сохта шудааст. Сохтмони Мақбара, баъди марги нобаҳангоми Султон Муҳаммад, меросхӯри Амир Темур ва набераи дӯстдоштаи ӯ, соли 1403 оғоз гардида буд.

Бунёди мақбараро набераи дигари Амир Темур, Улуғбек ба охир расонид. Дар вақти ҳукмронии Темур, мақбара ба оромгоҳи сулолаи Темуриён табдил ёфт.

Дар ин ҷо оромгоҳи Амир Темур, Мирзо Улуғбек, Муҳаммад Султон, Саид Умар, Шоҳрух Мирзо, Мироншоҳ, Абдулло Мирзо, Абдураҳмон Мирзо ва устоди Темур Мир Саид Барака мавҷуд аст. Дар атрофи он хонаву ҳавлиҳои зиёде сохта шуда буд.

Девори он бо сангҳои майда-майдаи сафеду кабуди баланд оро дода шудааст, ки аз нурҳои офтоб ҷило медиҳад.

Дар даруни мақбара санги сари қабрии Амир Темур воқеъ аст ва худи оромгоҳ аз санги мармару оникс ва қисми болоии он аз санги яклухти нефрит бунёд шудааст.

Қабри асосӣ бошад, дар қисми поёнии мақбара ҷойгир шудааст.

Дар даромадгоҳи оромгоҳ навиштаҷоти “Мақбараи Амир Темур. Асрҳои XIV-XV” хаккокӣ шудааст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520