Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш

18.08.2018 22:49, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари фавти собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан боиси андӯҳи бепоёни мо гардид.  

Тайи давраи фаъолияти худ   дар ин маснади олӣ ҷаноби Кофи Аннан бо талошҳои пайвастааш дар ҷодаи ҳифзи сулҳу субот ва таъмини амният, инчунин татбиқи пайгиронаи ҳадафҳои рушди умум ҳамчун сиёсатмадори барҷастаи замони муосир дар арсаи байналмилалӣ маъруфият пайдо намуда, мақому манзалати хосаро соҳиб гардид.

Зимнан, мехостам саъйю кушишҳои доимии ин марди боризро ҷиҳати пешбурди ҳамкорҳои созандаи Созмони Милали Муттаҳид бо Ҷумҳурии Тоҷикистон  махсус таъкид намоям.

Бо изҳори  хотироти нек ва эҳтироми бузург нисбати шахсияти марҳум аз Шумо, Ҷаноби Олӣ, ибрози таъзияву тасаллияти амиқи ин ҷонибро ба наздикону пайвандони ӯ хоҳишмандам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520