Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.06.2010 15:00, шаҳри Душанбе

Cубҳи имрўз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар он беш аз 30 масъала баррасӣ шуд.

Дар маҷлиси навбатии ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст ҳисоботи Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи мамлакат оид ба рафти иҷрои Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди ҷумҳурии Тоҷикистон» ва беҳтар намудани фаъолияти вазорат дар ин самт шунида шуд.

Чунонки зикр гардид, ҳадафи асосӣ аз татбиқи ин стратегия ҷорӣ намудани идораи давлатӣ тавассути воситаҳои муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, аз ҷумла таъсиси ҳукумати электронӣ мебошад. Дар доираи татбиқи стратегияи мазкур дар Тоҷикистон 95% стансияҳои автоматии алоқаи телефонӣ ба технологияҳои рақамӣ гузаронда шуда, дастрасии васеъ ба интернет, намудҳои гуногуни алоқаи мобилӣ ва таълими фосилавӣ дар муассисаҳои таълимӣ таъмин гаштааст. Айни ҳол шумораи истифодабарандагони интернет ба зиёда аз 1,5 миллион нафар расидааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои иҷрои пурра ва саривақтии стратегия, аз ҷумла бо воситаҳои электронии фосилавӣ ба роҳ мондани кори шабакаҳои гардиш ва назорати пулу мол миёни сохторҳои бонкӣ, молия, андоз, гумрук ва ғайра тадбирҳо андешида шаванд, то ки шаффофияти кори онҳо таъмин гардад.

Сипас ҳисоботи раиси ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон оид ба рафти иҷрои Барномаи маҷмўии рушди ноҳияи Балҷувон чун минтақаи туризми байналмилалӣ дар давраи солҳои 2002-2012 шунида шуд.

Ба иттилои раис, дар ноҳияи Балҷувон дар доираи татбиқи ин барнома корҳои зиёд, аз ҷумла дар самти сохтмони муассисаҳои маорифу тандурустӣ, биноҳои мақомоти маҳаллии идораи давлатӣ ва иншооти дигари давлатию ҷамъиятӣ анҷом ёфтаанд, вале иҷрои на ҳама нишондодҳои он сари вақт ва бо сифати дилхоҳ таъмин мегардад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба раиси ноҳия ва роҳбарони сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ барои иҷрои пурра, босифат ва саривақтии Барномаи маҷмўии рушди ноҳияи Балҷувон чун минтақаи туризми байналмилалӣ дар давраи солҳои 2002-2012, аз ҷумла оид ба сохтмони меҳмонхонаҳои хурди ҳозиразамон, осоишгоҳҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, нерўгоҳҳои хурди обӣ, бунёди инфрасохтори дигари сайёҳӣ, сохта ба кор даровардани сехи истеҳсоли равғани ангат (облепиха), сехҳои коркарди мева, навсозии роҳҳо, мустаҳкам кардани соҳили рўдҳо ва ҳамчунин доир ба ҳифзи табиати биҳиштосои ин минтақа супоришҳои мушаххас дод.

Як қатор барномаю санадҳои нави дигар тасдиқ карда шуданд, аз ҷумла Барномаи миёнамўҳлати хароҷоти давлатӣ барои солҳои 2011-2013, Дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013, Консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию комуналлӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2025, Барномаи давлатии рушди мусиқии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 ва Тартиби пешбурди феҳристи давлатии роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни баррасии Барномаи миёнамўҳлати хароҷоти давлатӣ барои солҳои 2011-2013 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки афзоиши ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ барои соли 2011 нисбат ба соли равон бояд на камтар аз 1,5 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шавад. Мутобиқи санадҳои молиявию макроиқтисодии қабулшуда, рушди воқеии иқтисодӣ дар солҳои 2011-2013 бояд на камтар аз 7% ва таваррум аз 6,5 то 9% - ро ташкил диҳад.

Лоиҳаи ду қонуни нав - «Дар бораи оби нўшокӣ ва таъмини он» ва «Дар бораи стандартонӣ» ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Лоиҳаи як қатор қонунҳо ҳамчунин оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд», «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи кооперативҳои истеҳсолӣ», «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Палатаи савдо ва саноатии ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» ва «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Евразия дар соҳаи маориф, Созишнома дар бораи рушди мувофиқашудаи коридорҳои байналмилалии нақлиётӣ, ки қаламрави давлатҳои аъзои Иттиҳодҳои Давлатҳои Мустақилро убур мекунанд, Созишнома байни ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашадор, модаҳои психотропӣ ва сўиистеъмол аз онҳо тасдиқ карда шуданд.

Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» қабул карда шуд.

Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдор оид ба навсозии роҳҳои мошингарди Душанбе - Турсунзода, қурғонтеппа - Дўстӣ, ташкили кори бемонеа ва доимии корхонаҳои атласбофӣ ва ҳамаи дигар корхонаҳои саноатӣ, таъмини онҳо бо нерўи барқ дар ҳамаи фаслҳои сол, вусъат додани кишти такрорӣ, таъмини кори мунтазами пойгоҳҳои барқии обкашӣ, таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии истеҳсоли ватанӣ ва хариди ғалладона аз аҳолӣ барои корхонаҳои ордбарорӣ супоришҳои мушаххас дод. Бо назардошти идома ёфтани таъсири бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ таъкид гардид, ки ҳар як хонавода бояд захираи дусолаи озуқаворӣ дошта бошад.

Супоришҳои мушаххас ҳамчунин оид ба таҳия ва пешниҳоди нақшаи чорабиниҳо барои иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳангоми сафари шашрўза ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дода буд ва омўзишу иҷрои арзу шикоят ва дархостҳои мардуми шаҳру ноҳияҳои он дода шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520