Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Хоруғ

27.06.2010 14:30, шаҳри Хоруғ

Субҳи имрўз дар шаҳри Хорўғ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон биноҳои нави прокуратура ва раёсати корҳои дохилии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон мавриди истифода қарор гирифтанд.

Зимни боздид, аз бинои нави 3 ошёнаи прокуратураи вилоят зикр гардид, ки ин бино дар доираи омодагӣ ба ҷашни Ваҳдати миллӣ бо харҷи 2,1 миллион сомонӣ дар муддати кўтоҳ бо сифати баланд бунёд ёфтааст. Дар он тамоми шароити зарурӣ барои кори кормандони прокуратура муҳайё гаштааст.

Бинои нави раёсати корҳои дохилӣ низ аз 3 ошёна иборат буда, барои сохтмон ва ҷиҳозонидани он 5,2 миллион сомонӣ ҷудо гаштааст. Айни ҳол аз ин маблағ 2,8 миллионаш аз худ карда шудааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки бо истифода аз маблағҳои боқимонда тамоми шароити зарурии кори кормандони милиса дар ин минтақаи фароху дурдасти кўҳистон муҳайё карда шавад. Иттилоъ дода шуд, ки бинои пешинаи раёсати корҳои дохилӣ ба шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хорўғ дода шудааст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Вазорати корҳои дохилиро вазифадор намуд, ки баҳри сохтмони биноҳои нави замонавӣ барои шуъбаҳои корҳои дохилӣ дар ҳамаи ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон чораҳо андешанд.

Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар толори театри мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хорўғ бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон машварати корӣ доир намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди онҳо оид ба тадбирҳои сершумор ва судбахши ҳукумати мамалакат баҳри рушду нумўи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон суханронӣ намуда, зимнан изҳор дошт, ки дар зарфи 3 сол аз ҳамаи сарчашмаҳои ҷумҳуриявии маблағгузорӣ ба ин вилоят 870 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ ҷудо шудааст. Тибқи иттилои Сарвари давлат, дар ҳудуди вилоят дар зарфи 3 соли оянда ҳамчунин бо маблағи умумии 1,5 миллиард сомонӣ аз сармоягузории муштараки хориҷӣ ва ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои зиёди дигар татбиқ мегарданд.

Зикр гардид, ки тибқи нақшаҳои мавҷуда, аз ҷумла бо сохта, ба истифода додани нерўгоҳҳои хурд дар ноҳияҳои Дарвозу Мурғоб то 20 – солагии истиқлоли давлати Тоҷикистон камбуди норасоии нерўи барқ дар вилоят пурра бартараф хоҳад шуд.

ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар доираи корҳои созандагию бунёдкорӣ тайи 3 соли охир дар вилоят сохтмон ё таҷдид ва тар.мими асосии 240 иншооти хурду бузург оғоз ёфт, ки беш аз 100 адади он дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ мавриди истифода қарор гирифт, аз ҷумла 60 муассисаи таълимии соҳаи маориф ва 36 муассисаи тандурустӣ.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ва ҳисоботи Раиси вилоят ба масъулини сатҳи ҷумҳуриявию маҳаллӣ баҳри аз худ намудани заминҳои нави корам, бунёди корхонаҳои хурди саноатӣ оид ба коркарди сангҳои қиматбаҳою ороишӣ, металҳои гаронбаҳо, пашму пўст, мева, ташкили сехҳои дўзандагию бофандагӣ супоришҳои мушаххас дода, таъкид дошт, ки ин корҳо ба муҳайё гаштани ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ боис мегарданд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки танҳо дар зарфи 5 моҳи соли равон дар вилоят 8 ҳазор ҷойи нави корӣ омода гаштааст. Таъкид карда шуд, ки бо зиёд намудани қарзҳои хурди бонкӣ ва грантҳои президентӣ ба соҳибкорони хурду миёна бояд занону духтарон низ бештар ба кор ҷалб карда шаванд. Ба сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявию маҳаллӣ баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, хусусан дар ноҳияи дурдасту баландкўҳи Мурғоб, аз ҷумла оид ба захираи озуқаворӣ ва ангишту дигар маводи сўхт супоришҳои мушаххас дода шуд.

ҳамчунин супориш дода шуд, ки баҳри вусъати минбаъдаи корҳои созандагию бунёдкорӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон оид ба таъминоти шаҳри Хорўғ бо оби нўшокӣ, бунёди биноҳои нави бисёрошёна, шабакаи шаҳрии обпарто, мустаҳкам намудани соҳили рўду каналҳо, аз мавзеъҳои зичии аҳолиашон зиёд ва маҳалҳои барои зист хатарнок ба мавзеъҳои васею бехавф кўчондани мардум тадбирҳои судбахш андешида шаванд. Дастур дода шуд, ки баҳри иҷрои супоришҳои Сарвари давлат ва омўхтани дархостҳо ва арзу шикояти мардум нақшаи чорабиниҳои мушаххасу судбахш таҳия ва пешниҳод карда шавад. Ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ҳамчунин супориш дода шуд, ки барои қабули шаҳрвандон вақти муайян ҷудо намоянд ва баҳри сари вақт баровардани ҳоҷоти онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Худи ҳамин рўз дар боғи марказии фарҳангию фароғатии шаҳри Хорўғ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони сершумор аз тамоми минтақаҳои вилоят ва кишвари азизамон намоиши бошукўҳи Сайри Бадахшон баргузор гашт, ки дар таҳия ва пешкаши он масъулон ва ҳунармандон аз шаҳри Хорўғ ва ҳамаи ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон иштирок намуданд.

Дар боғи марказии фарҳангию фароғатии шаҳри Хорўғ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар назди пояи пайкараи қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемур, ки дар бунёдгузории давлатдории навини тоҷикон дар солҳои вазнину ҳассоси 20-ум ва 30 – юми асри гузашта саҳми намоён гузошта, дар роҳи таҳкими пояҳои давлатдорӣ ҷони худро қурбон кардааст, гулчанбар гузошт.

Дар намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ аҳли ҳунару фарҳанги шаҳру навоҳии вилоят бо завқу салиқаи хосса, меҳру муҳаббат ва самимияти беандоза рақсу сурудҳои дилкашу форам ва маҳсули ҳунарҳои мардуми Бадахшонзаминро пешкаши меҳмонон карданд. Аз ҳама ҷолиб дафзанону чархзанон рақсидану бозидани ҳунармандони хурду калон ва намунаҳо аз ҳунари гулдўзӣ, ҷўроббофӣ, гилембофӣ, чўбтарошӣ, асбобҳои мусиқӣ, зарфҳои чўбину сафолӣ, олоти гуногуни кишоварзӣ ва ғайра буд, ки онҳоро метавон осори арзишманди фарҳангӣ номид.

Дар сўҳбат бо устои асбобҳои мусиқӣ аз деҳаи Андароби ноҳияи Ишкошим Масайн Масайнов маълум шуд, ки ин марди ҳунарманд 50 намуд созҳои аҷибу хушсадои миллиро аз чўб месозад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба усто пешниҳод намуд, ки аз ҳамаи 50 намуд як тогӣ сози мусиқиро ба Осорхонаи миллии кишваршиносии мамлакат бифурўшад ва ба Вазири фарҳанги кишвар дастур дода шуд, ки ин созҳо дар як гўшаи алоҳидаи осорхонаи мазкур бо ному насаб ва акси Устомасайн гузошта шаванд.

Дар намоишгоҳи ноҳияи Рушон Сарвари давлат ба маҳсули кори корхонаи басту банди меваи хушк таваҷҷўҳи хос зоҳир намуда, ба масъулин дастуру маслиҳат дод, ки ин кор дар ҳамаи минтақаҳои истеҳсолкунандаи меваи хушк ба роҳ монда шавад, то ки мардум аз заҳмати худ фоидаи бештар бигиранд.

Аз ҷониби аҳли ҳунару фарҳанг ва соҳибкорони хурди деҳот бо қаноатмандию сипосгузорӣ зикр мегардид, ки дар зарфи чанд соли охир дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон даҳҳо сеху корхонаҳои хурди ҳунармандӣ, аз ҷумла сехҳои хонагӣ бо грантҳои ҷудонамудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфта, боиси бо кори фоидаовар таъмин шудани садҳо нафар занону духтарони хонашин, аз ҷумла занону духтарони маъюб боис гаштаанд.

Кўҳнавардони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки як қуллаи 3523 метраи дар наздикии шаҳри Хорўг дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ фатҳнамудаи онҳо қуллаи Ваҳдат номгузорӣ шавад. Пешниҳод бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти афзоиши шумораи сайёҳони хориҷӣ, талабот ба тўҳфаҳои хотиравӣ аз маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла ҷўробҳо, сўзанӣ ва мўҳраю ороишоти машҳури бадахшӣ ва ҳамчунин болоравии арзиши онҳо ба масъулини дахлдор дастур дод, ки дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат мағозаҳои фурўши чунин молҳои ҷолибу диданӣ кушода шаванд. Таъкид гардид, ки ин кор ҳам боиси ба даст овардани фоидаи калони моддӣ ва ҳам муаррифии бештару хубтари фарҳанги бостонии миллати тоҷик мегардад.

Ин ҳама дилхушӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, ки дар ин намоишгоҳ пешкаш карда шуд ва он самимияту муҳаббате, ки аз ҷониби мардуми сипосгузори Бадахшон ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зоҳир гардид, бо сухан тасвир карданаш аз имкон берун аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520