Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи як хобгоҳи донишҷўён, бинои нави телевизион ва чанд иншооти дигар дар шаҳри Хорўғ

26.06.2010 18:30, шаҳри Хоруғ

Нимаи дуюми рўз дар шаҳри Хорўғ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як хобгоҳи чорошёна барои донишҷўёни Донишгоҳи Давлатии Хорўғ, бинои нави телевизиони вилоятӣ, қасри ҷавонон ва театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаров баъд аз таҷдид мавриди истифода қарор гирифтанд.

Зимни ифтитоҳ ва боздид аз хобгоҳи донишҷўён, аз ҷумла зикр гардид, ки ин бинои 4 – ошёна барои 480 нафар дар зарфи 2 соли охир бо харҷи 7,4 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ сохта, ба истифода омода карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдор дастур дод, ки баҳри боз ҳам беҳтар намудани шароити зист, дарсомўзӣ ва истироҳати донишҷўён, хусусан духтарон тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Сипас бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои нави телевизиони вилоят ифтитоҳ ёфт. Лентаи рамзӣ аз ҷониби Сарвари давлат ва куҳансолтарин собиқадору ҷавонтарин корманди телевизион бурида шуд.

Дар рафти шиносоӣ бо шароити корӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ин бинои нав бо маблағгузории ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон сохта, бо таҷҳизоти техникии муосири телевизионӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.

Тамоми таҷҳизоти техникӣ, аз ҷумла камераҳои наворбардорӣ, дастгоҳҳои танзим ва пахши барномаҳо, студияҳои сабти намоишҳо аз технологияҳои муосири рақамӣ буда, ба осонсозии кори кормандон ва баланд бардоштани сифати техникӣ нигаронда шудаанд.

ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар ин бино 15 ҷойи иловагии корӣ муҳайё мегардад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радио супориш дод, ки ба телевизиони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон барои беҳ намудани фарогирии ҳамаи гўшаҳои ин минтақаи фарохи баландкўҳ илова ба нақлиёти мавҷудааш боз 2 мошини дигар ҷудо намоянд. ҳамчунин дастур дода шуд, ки барои дар сатҳи баланди касбӣ наворгирӣ кардани манзараҳои нотакрори кўҳистони Бадахшон ва пешниҳод ба тамошобинон тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Биноҳои нави телевизон, қасри ҷавонон ва даҳҳо иншооти дигар, ки дар шаҳри Хорўғ ба истиқболи ҷашни Ваҳдати миллӣ бунёд ёфтаанд, ба кўчаҳои ин шаҳри баландкўҳ ҳусну тароват ва шукўҳу шаҳомати хоса зам намудаанд.

Ифтитоҳи бинои 3 – ошёнаи қасри ҷавонон, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, ба як тантанаи дилнишини фарҳангӣ табдил ёфт. Дар даромадгоҳ ва толорҳои қаср шумораи зиёди ҷавонону наврасон бо ҳунарҳои волои навозандагӣ ва рақсу сурудхонӣ як фазои форами идонаро фароҳам оварданд. Аз ҳама ҷолиб дафзанӣ ё худ доиразании духтарчаҳои хурдсол буд, ки бо риоя ва пайравӣ аз оини бостонии ниёгони ориёии мо иҷро мекарданд.

Дар толори калони қасри ҷавонон дар ҳузури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маросими ақди никоҳи шаҳрвандии 8 ҷуфти ҷавонон, ки як ҷуфтӣ аз шаҳри Хоруғ ва ҳар як ноҳияи Вилояти Мухтори Кўхҳистони Бадахшон буданд, баргузор шуд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як ҷуфти оилавӣ тўҳфаҳои моддию хотиравӣ тақдим намуда, барояшон бахту саодат ва рўзгори пурфараҳ таманно кард.

Сипас бо иштироки Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои театри вилоятии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаров баъд аз таҷдиду тармими асосӣ дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин бинои солҳои сиюми асри гузашта бунёдёфта, бо харҷи 4,5 миллион сомонӣ дар зарфи камтар аз ду соли охир аз нав ободу зебо карда шуд.

Зимни сўҳбат бо ҳунармандони театр ва аҳли фарҳанги вилоят Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо мужда расонд, ки ба иловаи ин бино дар шаҳри Хорўғ дар зарфи 3,5 соли оянда як театри наву замонавӣ сохта, ба онҳо эҳдо карда мешавад, то ки ҳунармандони хушзавқу салиқаи ин минтақаи кўҳистони тоҷик дар эҷоди асарҳои ҷолибу диданӣ аз пештара бештар дилгарм бошанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520