Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои маъмурии шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ

11.09.2018 10:08, ноҳияи Ванҷ

Дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Ванҷ бинои маъмурии шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо тарҳи хоса бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Дар ин ҷо ба Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи сентябри соли 2015 оғоз гардида буд ва дар давоми се сол иншооти мазкур бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ бо сифати баланд сохта, ба истифода дода шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои навро дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони соҳа табрик намуданд.

 Дар ошёнаи якуми бино ҳафт утоқи корӣ барои кормандон ва дар қабатҳои болоӣ шароити истиқомат барои кормандони ин мақомот фароҳам оварда шудааст.

Дар бинои нав ҳамчунин ба хотири таъмини шароити хуби зисти кормандон бо оилаҳои худ, манзилҳои онро бо ашёи зарурии рӯзгор таъмин ва бо шабакаи гармидиҳӣ пайваст намудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаминҷо калиди хонаҳои истиқоматии ду ва сеҳуҷрагиро ба кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Ванҷ супориданд ва бо шароити муҳайёгардида дар онҳо шинос шуданд.

Президенти мамлакат кормандони соҳаро ба хизмати софдилонаву содиқона ба нафъи халқу Ватан ва саҳмгузории бештар дар таъмини сулҳу суботи ҷомеа даъват намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520